logo

иқтисод

«ГУЛДАСТ» ЭҲЁ МЕШАВАД?

Корхонаи «Гулдаст» чанд даҳсола пеш бо маҳсулоти серхаридораш дар шаҳри Душанбе ангуштнамо буд. Дар ин макони ҳунарҳои халқӣ 1500 нафар дар ду баст фаъолият дошт. Корхона 137 намуд маҳсулоти хушсифат истеҳсол мекард. Дар қатори 30 намуд маҳсулоти озодаи чакан сехи зардӯзиаш ифтихори корхона унвон мешуд. Се бахши корхона дар ноҳияҳои Ҳисору Файзобод ҳам маҳсулоти серхаридор тавлид менамуд. Моҳҳое иттифоқ меафтод, ки коргарон бо дилгармӣ даъвати роҳбарони корхонаро пазируфта, дар басти сеюм кор мекарданд, зеро меҳнати онҳо қадр мешуд. Автобусҳо чеваронро аз хона ба корхонаву аз коргоҳ ба манзилашон мерасонданд.
- Имрӯз кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулдаст» ба чӣ кор машғуланд? – пурсидем аз Нигина Шарифова, сарвари корхона.
- Ҳоло дар корхона 15 нафар чевар кор мекунад, - гуфт ӯ. – Онҳо куртаҳои чакан, кӯрпаю болишт, ҷиҳози бистарӣ ва чойникпӯшак медӯзанд. Ҳозир сехи зардӯзиамон фаъолият надорад. Чеварҳои мо ҳақиқатан гулдастанд. Корхона асосан аз рӯи фармоиши мизоҷон кор мекунад. Ҳафтаи гузашта дар озмуни Агентии таъминоти  амволи махсуси назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ғолиб омадем.  Бо онҳо ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ шартнома баста, 5 ҳазор ҷиҳози бистарӣ ва 300 болишт медӯзем.  Ашёи хом – сони сафедро аз Иттиҳодияи нассоҷии пойтахт ва матоъ барои болиштҳоро аз бозор мехарем. Ин фармоишро дар муҳлати 2 – 3 моҳ иҷро карданием.
Бо Агентии таъминоти  амволи махсуси назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша ҳамкорӣ дорем. Соли 2015  бо фармоиши онҳо ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ кӯрпаю болишт ва матрас дӯхтем. Ба маблағи 20 ҳазор сомонии дигар  барои сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияҳои  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фармоиши  чанд идораю ташкилотро иҷро кардем.
Мақсад дорем, ки баъд аз анҷом додани таъмир  дастгоҳҳои замонавӣ харем. Нақшаҳоямон зиёданд, мехоҳем маҳсулоти худро  ба бозори ҷаҳонӣ барорем. Мақсад дорем, ки  дар оянда фаъолияти сехи зардӯзиро  боз аз нав ба роҳ монем. Чанд сол муқаддам коргарон дар чор сех ва ду баст фаъолият мекарданд, ҳоло дар як сех фаъ-олият доранд. Сехҳои дӯзандагӣ ва зардӯзию попурро  ҷудо карданӣ ҳастем.
Имрӯз корхона мушкилоти зиёд дорад. Суоли матраҳ ин аст, ки оё роҳбарият онҳоро бартараф карда метавонанд ва «Гулдаст» - и номдор эҳё мешавад?
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2016    №: 70    Мутолиа карданд: 524

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед