logo

иқтисод

"ЗАҲМАТИ 40 – СОЛАРО БА БОД НАДИҲЕМ"

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигор Мирзои Фирӯз «Заҳмати 40 – соларо ба бод надиҳем» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 29.10.2015, № 216 (22 778) рӯйи чоп омадааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳаи зотпарварӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 792 «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» тасдиқ гардид ва татбиқи ин барнома ба рушди  соҳа такони ҷиддӣ бахшида метавонад.
Мувофиқи маълумоти фаврӣ, то 01. 01. 2016 дар хоҷагиҳое, ки ба шабакаи зотпарварии ҷумҳурӣ шомил мебошанд, 2441 сар модагови намуди тоҷикии говҳои зоти сиёҳало парвариш карда мешавад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Аз ин нишондод то санаи мазкур 9525 тонна шир истеҳсол шудааст, ки ба ҳар сар 3923 литр рост меояд.
Дар хоҷагиҳои ҷамъиятие, ки ба парвариши чорвои намуди тоҷикии говҳои зоти сиёҳало машғуланд, 60 нуқтаи бордоркунии сунъӣ фаъолият менамояд, ки тавассути онҳо соли гузашта 6278 сар модагов бордор карда, аз бордоркунии сунъӣ 4971 сар насл гирифта шудааст. Ҳамаи нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ бо азоти моеъ, нутфаҳои истеҳсоли хориҷию ватанӣ ва дафтарҳои махсуси бақайдгирӣ таъмин мебошанд.
Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ ва дар ин замина хушзоткунии чорво дар вилояти Суғд аз 18 то 20 августи соли 2015 дар мавзӯи «Техника ва технологияи бордоркунии сунъии чорво» семинари амалӣ баргузор гардид, ки дар он мутахассисони соҳаи бордоркунии сунъӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Инчунин, ба дастгирии Вазорати кишоварзӣ ва кумаки молиявии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» баҳри фаъолияти самаранок нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ бо таҷҳизоти истеҳсолкунандаи азоти моеъ, нақлиёти махсус  ва таҷҳизоти махсуси усули найчагӣ (соломинка)  таъмин гардиданд.
Чорводорони ҷумҳурӣ аз заҳматҳои бисёрсолаи олимону селексионерони ҷумҳурӣ мунтазам истифода бурда, таҷрибаҳои  онҳоро дар фаъолияти кори хеш пурсамар истифода мебаранд ва ин далели он шуда метавонад, ки заҳмати 40 – солаи онҳо ба бод нахоҳад рафт.
Бо ибрози қаноатмандӣ аз ҳамкории дуҷониба, Вазорати кишоварзӣ ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» изҳори миннатдорӣ намуда, умед бар он дорад, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мо дар сатҳи баланд қарор мегиранд.

Н. МӮСОЕВ, муовини вазири
кишоварзии ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2016    №: 70    Мутолиа карданд: 392

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед