logo

ҳуқуқ

САВГАНД ВА ЭЪТИМОДИ БОТИНИИ СУДЯҲО

Инкишоф ва тағйир ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷомеа дар раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро ба вуҷуд меоранд. Дар ин росто 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардида, пешрафти минбаъдаи ҷомеаро таъмин намуданд.

Пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар матбуот нашр шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт, бешак, ба марҳалаи навбатии рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Тағйиру иловаҳои ба ҳокимияти судӣ дахлдошта саривақтӣ ва хеле муҳим буда, шарҳу тавзеҳи онҳо дар байни мардум дорои аҳамияти вижа аст.
Моддаи 85, ки ба ҳокимияти судӣ дахл дорад, дар таҳрири зерин омадааст: ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судяҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъйин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кори судягӣ дошта бошад. Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъйин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд. Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъйин мешавад, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад. Савганд ёд кардани судяҳоро ба мақсад мувофиқ медонем. Зеро, дар татбиқи адолати судӣ эътимоди ботинии судя нақши муҳим бозида, меъёрҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ахлоқӣ, ба он таъсир мерасонанд ва дар ниҳоят барои самаранокии фаъолияти судя мусоидат мекунанд.
Дар мавриди интихоби номзад ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ чанд талаботи муҳим пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, ба ин вазифа танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд интихоб шаванд. Шахси пешниҳодшуда бояд дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва ҳадди ақал ҳафт сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Ҳамчунин, ба моддаи 89 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова шудааст: «Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад». Тибқи талаботи банди 36 қисми сеюми моддаи ҳаштоду нуҳ қисми чорум ҳисобида шуда, ба банди якуми он баъд аз калимаи «санадҳои» калимаи «меъёрии» илова ва калимаи «қарордодҳои» ба вожаи «шартномаҳои» иваз карда мешаванд. Тағйироти охир бо мақсади ба ҳам мутобиқ гардондани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ворид мешавад.
 Ҳамин тавр, тағйиру иловаҳои ба Конститутсия пешниҳодшуда дар самти баамалбарории адолати судӣ, баланд бардоштани масъулияти судяҳо, таҳкими ҳокимияти судӣ, иштироки фаъоли ҷавонон дар татбиқи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина гузошта, баҳри танҳо ба қонун итоат кардани судяҳо шароити боз ҳам хубтар фароҳам меоранд.

Ҳилол БАҲРИДДИНЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе,
Дилноза БАҲРИДДИНОВА,
корманди Суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2016    №: 70    Мутолиа карданд: 573

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед