logo

иҷтимоиёт

ПОЙГОҲҲОИ ЗИЛЗИЛАСАНҶӢ ДАР МИНТАҚАИ РАШТ ЧӢ ҲОЛ ДОРАНД?

Аз даврони кӯдакиам ёд дорам, ки дар деҳаи мо ду пойгоҳи зилзиласанҷӣ фаъолият менамуд. Дар пойгоҳи зилзиласанҷии поёни деҳа як нафар русзабон бо ҳамроҳии аҳли оилааш кору фаъолият дошту дар пойгоҳи болои деҳа якчанд нафар русзабонон ба кор машғул буданд. Чор нафар ҳамдеҳагони мо ҳам бо онҳо кор мекарданд. Пойгоҳи поёни деҳа зиёда аз 0, 20 гектар замин дошту дорои хонаи истиқоматии сеҳуҷрагие низ буд. Пойгоҳи болои деҳа дорои 1 гектар замин буду дар он якчанд хона – вагон барои истиқомати кормандон гузошта буданд. Ҳар ду пойгоҳ шароити хуби корӣ доштанд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин пойгоҳҳо аз фаъолият бозмонданд. Аз хона - вагонҳои пойгоҳи болои деҳа на ном монду на нишон. Таҷҳизоту амволи дар ихтиёрашон дошта куҷо шуд, касе намедонад. Танҳо як замини холӣ монду халос. Ҳатто сеткаҳои гирду атрофашро ҳам нобуд карданд. Пойгоҳи поёни деҳа низ ба харобӣ рӯ оварда, як муддат ҷойи муваққатии зисти гурӯҳҳои мухолифин ҳам шуд. Солҳои баъдӣ як нафар ҳамчун мутахассис дар ин пойгоҳ ба қайд гирифта шуда, барои нигоҳубин намудани ин заминҳо вобаста гашт. Ӯ ҳоло ҳар ду пойгоҳро нигоҳубин мекунад.
Саъю талоши масъулини соҳа барои аз даст надодани заминҳои пойгоҳҳо ва ба ҳолати нестӣ нарасидани онҳо моро водор намуд, ки ин мавзӯъро пайгирӣ намоем. Тибқи иттилои масъулин дар минтақаи Рашт 19 пойгоҳи зилзиласанҷӣ мавҷуд мебошад, ки дар онҳо 16 нафар корманд ба қайд гирифта шудааст. Аз ин пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ ҳамагӣ ду пойгоҳ - пойгоҳи марказӣ дар кӯчаи ба номи Эмом Муҳиддини шаҳраки Ғарм ва пойгоҳи дараи Камароби Ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт фаъолият менамоянд. Пойгоҳи зилзиласанҷии марказии водӣ аз 1 бал ва пойгоҳи Камароб аз 0,6 бал боло ҷунбиши зилзиларо нишон медиҳанд. Дигар пойгоҳҳо таҷҳизоти зилзиласанҷӣ надошта, биноҳояшон дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Кормандон дар ин пойгоҳҳо ҳамчун посбон фаъолият менамоянд.
Раҳматшо Фозилов, сардори пойгоҳҳои зилзиласанҷии минтақаи Рашт, зимни суҳбат ба мо иттилоъ дод, ки бо саъю талоши кормандони пойгоҳҳо аз соли 2013 то имрӯз ҷиҳати барқарорсозӣ ва ба расмият даровардани қитъаҳои замини пойгоҳҳо муваффақ шудем, ки 2 пойгоҳро бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин намоем. Ҳамчунин, қарорҳои раисони ноҳияҳои минтақаро барои ба расмиятдарории заминҳои дигар пойгоҳҳо ба имзо расонидем.
Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор ва маҳкам намудани атрофи қитъаи замини пойгоҳи Ялдамич - 2 сетка ва симхор дастрас намуд. Биноҳои пойгоҳҳои Камаров, Ялдамич -1, Чусал ва пойгоҳи марказии кӯчаи Эмом Муҳиддин дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба таъмири пурра ниёз доранд.
Кормандони пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ дар минтақаи Рашт умед доранд, ки дар оянда барои барқарорсозӣ ва тариқи устувор роҳандозӣ намудани фаъолияти пойгоҳҳо роҳбарияти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сесмологияи Академияи илмҳо тадбирҳои амалӣ меандешад.

Худодод ЗАЙНИДДИН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2016    №: 70    Мутолиа карданд: 403

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед