logo

ҳуқуқ

Р. РАҲИМЗОДА: «ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛӢ ДАР МУБОРИЗА БО ГУРӮҲҲОИ ҶИНОЯТПЕША САҲМИ БОСАЗО ДОРАНД»

10 апрел дар қисми низомии 3502  ҷашни 23 - солагии  таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана таҷлил гардид. Дар ин чорабинии идона вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода, фармондеҳи Қӯшунҳои дохилӣ полковник Хисрав Бобозода, собиқадорони қӯшунҳои дохилӣ, ҳамчунин волидони сарбозон иштирок доштанд.

Қабл аз оғози чорабинӣ бо мақсади санҷиши сатҳи омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ дар шароити гуногуни маҳал ва обу ҳаво, такмили малакаи касбии сарбозону афсарон  машқҳои махсуси тактикӣ-ҷангӣ гузаронда шуд. Дар ин машқҳо хизматчиёни қисми низомии 3502 бо истифода аз қувва ва воситаҳои техникии махсус барои безарар гардондани гурӯҳи шартии террористӣ, ки аҳолиро гаравгон гирифтаву дар минтақаи душворгузари мавзеи баландкӯҳ паноҳ ёфта буданд, мубориза бурданд. Хизматчиёни ҳарбӣ тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ «гаравгонон»-ро озод ва ин гурӯҳи террористии шартиро несту нобуд созанд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода рафти баргузории машқҳоро назорат намуда, ба маҳорати касбӣ ва ҳушёриву чолокии сарбозону афсарон баҳои баланд дод. Аз ҷумла таъкид гашт, ки мунтазам гузарондани чунин машқҳои тактикӣ ва дигар тамринҳои омодагии ҷангӣ барои мустаҳкам намудани рӯҳияи сарбозон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва далерию ҷасурии  онҳо мусоидат хоҳад кард.
- Аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ дар иҷрои вазифаҳои бардӯшдоштаашон, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ муносибат намуда, барои пойдории сулҳу субот дар ҷумҳурӣ, мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша, барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳми босазо гузоштаанд. Нақши Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар саркӯб намудани гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дар минтақаи Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дараи Ромит бениҳоят калон аст. Ин воқеаҳо бори дигар обутоби ҳарбӣ ва тайёрии ҷангиву тактикии хизматчиёнро дар замони Истиқлолияти давлатӣ аз санҷиш гузаронда, барои оянда ҳамчун таҷрибаи хуби ҳарбӣ хидмат хоҳад кард, - иброз дошт Рамазон Раҳимзода.
Дар рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои дохилӣ барои хизмати софдилонаю содиқона ба Ватан, рафтору интизоми намунавӣ, нишон додани сифатҳои баланди касбӣ ва бо фармони вазири корҳои дохилии мамлакат як қатор сарбозону афсарон бо нишонҳои сарисинагӣ, медалҳои «Барои хизмати шоён», «Милитсияи Тоҷикистон», «Раҳматнома» - ву «Ифтихорнома»-ҳо ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардиданд. Инчунин, бо фармони вазири корҳои дохилӣ ба сад нафар сарбози Қӯшунҳои дохилӣ мукофоти пулӣ супурда шуд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2016    №: 70    Мутолиа карданд: 382

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед