logo

сиёсат

СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН - СИЁСАТИ «ДАРҲОИ КУШОДА»

Ба озмуни "Ҷумҳурият"

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаю баргашта сиёсати сулҳҷӯёна ва озоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид менамоянд. Аз ҷумла дар Паёми имсолаи хеш Роҳбари давлат иброз доштанд: «Мо имрӯз бори дигар эълон медорем, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад.  Дар ин росто, мо тавсеаи муносибатҳои созанда ва гуногунҷанбаи худро бо шарикони анъанавиамон, аз ҷумла Федератсияи Русия, идома дода, дар раванди мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳамкориҳои муассири ду кишварро тақвият ва таҳким хоҳем бахшид».
Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии мусолиматомези худ ҷонибдори он аст, ки низоми кунунии ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ, таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ комилан озод бошад ва бар пояи шарикиву ҳамкории баробару судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад. Ҳамаи хатарҳо ба сулҳу субот ва амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бояд бо роҳи созишу муколамаи созанда ва бар асоси муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид - созмони глобалии танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ бартараф карда шаванд. Таъкид месозем,  ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи 150 давлати дунё шинохта шуда, узви даҳҳо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ мебошад.
Дар ҳақиқат, имрӯз дар дунё давлате  нест, ки талаботи худро ба таври мутлақ аз ҳисоби захираҳои дохилӣ, бидуни робита ва истифодаи захираҳои иқтисодии умумибашарӣ қонеъ гардонда тавонад. Дар алоҳидагӣ бе истифодаи самараноки иқтидори истеҳсолӣ, техникию технологӣ, иттилоотӣ, ақлонӣ ва захираҳои иқтисодӣ ҳалли амалии масъалаҳои умдаи рӯз, яъне муосиргардонии (модернизатсияи) саноат, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таварруму бекорӣ ғайриимкон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ дар тақсимоти баӣналмилалии меҳнат ва раванди ҳамгироӣ ширкати  фаъолона дорад.
Инкишофи имрӯзаи иқтисодиёти миллии моро дар манзари  таҳлили се ҳадафи асосии стратегии давлат маънидод кардан мумкин аст: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ. Бо мақсади рушди соҳаи энергетика таҷдиду бунёди неругоҳҳои барқи обии Норак, Роғун, «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», Қайроққум, Сарбанд, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, хати интиқоли барқи «CASA - 1000» имкон фароҳам меоваранд, ки ба истиқлолияти комили энергетикӣ хеле наздик шавем. Бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, алҳол дар саросари кишвар 2000  км роҳи мошингард, 14 км нақб, 140 пул бунёд ва  барқарор  шудаанд. Роҳҳои Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ  - Кулма - Қароқурум, Душанбе - Нуробод - Ҷиргатол - Саритош, Душанбе-Бӯстон-Чанақ, бунёди роҳи оҳани нави Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон робитаҳои гуногунҷанба, қабл аз ҳама иқтисодии  моро бо давлатҳои ҳамсоя қавӣ мегардонанд.
Дар ин замина ҷиҳати афзун намудани гардиши савдои хориҷии кишвар 4 нуқтаи савдои наздисарҳадӣ, аз ҷумла дар ВМКБ бозори наздисарҳадии «Тем»-и шаҳри Хоруғ, «Ишкошим» - и ноҳияи Ишкошим ва «Рӯзвай» - и ноҳияи Дарвоз, дар вилояти Суғд бозори наздисарҳадии «Дӯстӣ»-и шаҳри Исфара фаъолият доранд.  Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Данғара, Панҷ, Хуҷанд ва Ишкошим мувофиқи матлаб буда, дар онҳо рушди соҳаҳои саноат, коркарди маҳсулоти нассоҷӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маводи рӯзгор, техника, қисмҳои эҳтиётӣ ва густариши фаъолияти тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст.
Хусусияти асосии ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз он иборат аст, ки имтиёзҳои тиҷорати хориҷӣ, яъне низоми махсуси тарифӣ ва боҷи гумрукӣ дар амалиёти тиҷоратӣ озодиҳои иқтисодии бештарро соҳиб мегарданд. Андозҳои имтиёзнок шаклҳои гуногуни соҳибкориро ба вуҷуд оварда, боиси зиёд гаштани ҳавасмандии сармоягузорони ватанию хориҷӣ мешаванд. Инчунин, дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ инфрасохтори мукаммали муосир ба вуҷуд меояд, ки арзиши истеҳсол ва боркашониҳоро паст карда, барои содироти маҳсулоти  ватанӣ шароити мусоид ба вуҷуд меорад.

Асомиддин АЗИЗОВ,
Наҷибулло МАҲМУДОВ,
устодони Донишгоҳи давлатии Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2016    №: 70    Мутолиа карданд: 506

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед