logo

иқтисод

ДАР РАШТ 40 ГЕКТАР БОҒИ ИНТЕНСИВӢ БУНЁД МЕГАРДАД

Тибқи нақша Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар назар аст, ки давоми 2 сол дар ноҳияи Рашт 40 гектар боғи интенсивӣ бунёд шавад. Имсол он дар масоҳати 10 гектар  бунёд меёбад. То имрӯз дар  5 гектар заминҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх 9080 ниҳоли себу нок шинонда шудааст.
Бояд гуфт, ки Рашт минтақаи аграрӣ буда, боғдорӣ соҳаи асосии пешрафти он аст. Обу ҳавои он барои парвариши себу нок ва чормағз мусоид мебошад. Солҳои аввали истиқлолият шароити танги иқтисодии боғдорон ва нарасидани нуриҳои маъданию заҳрхимикатҳо ба парвариш ва густариши боғҳо имкон намедоданд. Бар замми ин, бештари аҳолии қобили меҳнат дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд. Тайи чанд соли охир бо беҳтар шудани вазъи иқтисодии ноҳия ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ меҳнаткашон ба соҳаи боғдорию картошкапарварӣ бештар рӯ оварда, соҳаи кишоварзиро батадриҷ рушд дода истодаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 2096 нафар бо кор таъмин гаштанд, ки нисбат ба соли гузашта 118 нафар зиёд мебошад.
Аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ то имрӯз 62 гектар боғи нав бунёд гардидааст. Дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ низ дарахтони себу нок зиёд шинонда шудаанд. Мутахассисони раёсати кишоварзӣ саргармии бештари сокинони ноҳияро ба соҳаи боғдорӣ фоли нек арзёбӣ намуда, бо итминони комил иброз медоранд, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар ояндаи наздик боғпарварони ноҳия шуҳрати қаблии худро боз ба даст хоҳанд овард.

Худодод ЗАЙНИДДИН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2016    №: 71    Мутолиа карданд: 602

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед