logo

иқтисод

БОХТАР: БА ПАХТАКОРӢ АВЛАВИЯТ ДОДА МЕШАВАД

Кишоварзӣ аз соҳаҳои муҳим ва манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқа ва ашёи хоми саноатӣ ба шумор рафта, барои пешрафти иқтисодиёти кишвар, густариши бозори рақобатпазир  ва ба хориҷи мамлакат интиқол додани маҳсулоти хушсифат замина мегузорад. Таъмини истиқлолияти озуқавории кишвар ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардуми мамлакат аз рушди мунтазами соҳаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад.

Масъулони  соҳаи кишоварзии ноҳияи Бохтар низ баҳри расидан ба истиқлолияти пурраи озуқаворӣ, афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дар самти хоҷагидорӣ саҳми назаррас доранд.
Ба иттилои Исмон Валиев, сардори Раёсати кишоварзӣ, то аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар 6921 гектар кишти баҳорӣ гузаронда шудааст, ки аз он ғалладона 1779,  картошка 213, пиёз 204,  сабзавот  802 гектарро ташкил медиҳад.
Деҳқонони ноҳия соли гузашта танҳо аз ҳисоби гармхонаҳо дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 48,3 тонна бодиринг ва 29,2 тонна помидор истеҳсол карда, дар таъмини бозори мамлакат бо сабзавоти хушсифат саҳми арзанда гузоштанд.
Боғдорон барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010 - 2014  - ро пурра иҷро карда, ба ҷойи 167 дар 1033 гектар боғ бунёд карданд. Истеҳсоли мева дар соли сипаришуда 1764 тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли 2014  88  тонна зиёд аст. 
Пахтакорӣ дар ноҳияи Бохтар ҳамчун соҳаи асосии хоҷагидорӣ ва манбаи даромади заҳматкашон шинохта шудааст ва масъулон баҳри сол то сол беҳтару бештар гардондани сифати нах ва майдони кишт тадбирҳои назаррас меандешанд. Бино ба маълумоти Раёсати кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ноҳияи Бохтар то 8 –уми апрел дар 6067 гектар кишти пахта гузаронда шудааст, ки 50,1 дарсади нақшаи пешбинишударо фаро мегирад. Бояд гуфт, ки дурнамои кишти пахта барои имсол 12100 гектарро ташкил медиҳад.
Чанд сол аст, ки малах ба соҳаи кишоварзии мамлакат хисороти зиёд меорад. Камбориш ва нисбатан гарм омадани зимистону аввали баҳори имсола ба тухмгузории ин ҳашароти зараррасон боис гардид. Аз рӯйи иттилои Исмон Валиев, имсол авҷгирии малах аз сарҳади шаҳри Сарбанду ноҳияи Вахш сар шуда, як қисми заминҳои чарогоҳи Ҷамоати Бӯстонқаълаи ноҳияи Бохтарро фаро гирифтааст. Барои мубориза бар зидди ҳашарот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон ситоди махсуси корӣ таъсис дода шудааст.
Ба қавли манбаъ то имрӯз ҳудуди  3 200 гектар замини чарогоҳи ноҳия аз ин ҳашарот безарар гардонда шуд.

Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2016    №: 71    Мутолиа карданд: 495

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед