logo

иқтисод

ПИСТА АКНУН ДАР 8 СОЛ ҲОСИЛ МЕДИҲАД

Писта маҳсулоти ниҳоят нодиру серхаридор  буда, ҳар сол ба хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ даромади чашмрас меорад. Нархи фурӯши он дар бозорҳои истеъмолии кишвар хеле гарон мебошад. Дар баробари серғизо будан, хусусиятҳои зиёди шифобахшӣ ҳам дорад. Писта аз дона месабзад. Ба монанди дигар дарахтони сояафкану мевадиҳанда онро аз қаламча намесабзонанд. Ниҳоли аз донаи писта сабзида баъди 10 – 15 сол ба ҳосил даромада мева медиҳад.
Олимони соҳа  барои тезтар ба ҳосил даромадани он гузаронидани найчапайвандро тавсия намудаанд. Ҳоло ниҳоли аз дона сабзидаи писта баъди 3 - 4 - солагӣ пайванд карда мешавад. Дарахти пайвандии писта баъди 6 ё 8 сол ба ҳосил медарояд, яъне муҳлати ба ҳосил даромадани дарахти  писта аз 15 ба 8 сол кӯтоҳ мешавад. Директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара Абдусалом Абдулҳақов иттилоъ дод, ки таллу теппа ва доманакӯҳҳои ноҳияи Данғара барои парвариши писта хеле мутобиқанд. Меваи писта ду навъ мешавад: пистаи хандон, яъне кушода ва нокушода. Пистаи тухмиро як моҳ қабл аз шинондан ба қуми намнок омехта карда, дар муҳити хона (ҳарорати гармиаш 20 – 25 дараҷа) нигоҳ медоранд. Намнокии қум бояд мунтазам нигоҳ дошта шавад. Дар ин муддат  аллакай тухмӣ неш мезанад. Баъди майдончаи тухмиро тайёр намудан ва пистаро моҳҳои марту апрел дар фосилаи 8 ба 8 ё 10 ба 10 метр шинондан лозим аст. Пас аз шинонидан нигоҳубини хубро талаб мекунад. Дар байни қаторҳои он нахӯд, лӯбиё, лаблабу, пиёз, сабзӣ ва харбузаву картошка кишт кардан имкон дорад. Равғаннокии мағзи писта ба 60 – 65 фоиз мерасад. Ҳоло майдони пистазори хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара 13 ҳазору 600 гектарро ташкил  медиҳад, ки аз ин ҳисоб 6 ҳазору 140 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад. Нишондиҳандаҳои соли сипаришудаи муассиса қаноатбахш арзёбӣ мешаванд. Дар 65 гектар замину талу теппаҳо ниҳолҳои нав, аз ҷумла дар 55 гектар ниҳоли писта ва 10 гектар бодоми талх, ҷамъ 19 ҳазору 50 бех ниҳоли нав шинонида шудааст. Имсол аҳли  кормандони хоҷагии ҷангали ноҳия мақсад доранд, ки дар минтақаҳои Қарасангов, Исмоили Сомонӣ, Навобод ва Себистон дар майдони 60 гектар зиёда аз 20 ҳазор ниҳоли писта шинонанд. Алҳол шинондани ниҳолҳо идома дорад. Соли гузашта дар натиҷаи самаранок истифода бурдани захираҳои дохилӣ ин муассисаи давлатӣ дурнамои ҷамъоварии меваи пистаро барзиёд иҷро кард. Аз майдони 6 ҳазору 140 гектар ба ҷои 7 тоннаву 300 кило, 8 тоннаву 600 кило пистаи хушсифат ҷамъоварӣ шуд. Ҳоло шаҳрвандоне, ки майдони пистазори хоҷагиро мувофиқи имконияташон дар асоси шартнома ба иҷора мегиранд, уҳдадоранд, ки бар иловаи нигоҳубину парвариши замини пистазор  50 фоизи маҳсулотро ба хоҷагӣ супоранд. Ин иқдом самараи хуб медиҳад.
Холназар КАССИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2016    №: 71    Мутолиа карданд: 509

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед