logo

иқтисод

ЧӢ БОЯД КАРД, ТО САМТҲОИ СТРАТЕГИИ ИҚТИСОДӢ РУШД ЁБАНД?

Мақсади асосӣ дар соҳаи кишоварзӣ бештар истеҳсол ва таъмин намудани аҳолӣ бо маводи ғизоии ватанӣ ва кам кардани маҳсулоти озуқавории воридотӣ дар бозори миллӣ мебошад. Раванди хусусигардонӣ дар деҳот ва ислоҳот дар ин самт барои ташаккули муносибатҳои нави истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар мусоидат намуданд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ имрӯз ба субъекти асосии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ табдил ёфтаанд. Таҷрибаи байналмилалӣ ва кишвар  бартарияти хоҷагии деҳқониро ҳамчун шакли самараноки ташкили истеҳсолот дар сохтори  аграрӣ нишон дод.
Ҳалли муттасил ва оқилонаи масъалаҳои энергетикӣ, коммуникатсионӣ ва озуқаворӣ имкон медиҳад, ки соҳаҳои воқеии иқтисод, аз ҷумла саноати мамлакат сари вақт рушд намоянд, арзиши боркашониҳо поён равад ва бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ иншооти нави истеҳсолӣ бунёд гарданд.
Сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон бештар дар шакли мустақим бо роҳи таъсиси корхонаҳои муштарак сармоя мегузоранд. Саҳми корхонаҳои дорои сармояи мустақими хориҷӣ дар инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, алалхусус дар ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардондани буҷети давлат назаррас аст.
Содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият бештар ба давлатҳои аврупоӣ рост меомад. Аз соли 2007 самти содирот тағйир ёфта, имрӯз алюминий, меваҳои хушку тар ва пахта бештар ба Чин, Эрон ва Туркия содир мешаванд. Аз ин бармеояд, ки ҷуғрофияи содироти молии Тоҷикистон мунтазам тағйир ёфта, на танҳо ба давлатҳои Аврупо, балки ба мамлакатқои Осиё низ доман густурдааст. Ҳоло Швейтсария (26,8%), Туркия (25,8%), Қазоқистон (18,2%), Эрон (6,5%) ва Русия (5,6%) панҷгонаи аввали шарикони тиҷорати содиротии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Содироти мол ба Чин, Афғонистон, Покистон ва кишварҳои дигари Шарқ тадриҷан меафзояд.
Дар воридоти маҳсулот ҳиссаи Федератсияи Русия (27,6%), Ҷумҳурии Мардумии Чин (16,8%), Қазоқистон (15,7%) назаррас буда, солҳои охир ҳиссаи Эрон ва Покистон низ меафзояд.
Омодасозии мутахассисони баландихтисос ва таҳкими неруи илмӣ-техникии мамлакат барои амалигардонии мақсадҳо муҳим аст. Тоҷикистон дорои захираҳои азими меҳнатӣ мебошад, ки имконоти иқтисодии мамлакатро дар соҳаҳои гуногун фароҳам оварда, самтҳои стратегии инкишофро ташаккул дода метавонанд. Ҷаҳонишавии иқтисодиёт ҳамчун инъикоскунандаи ягонагии мустақилияти давлатӣ ва вобастагии иқтисодӣ аз дигар кишварҳо ба равандҳои ҳамгироӣ асос меёбад. Ҳамгироии иқтисоди кишварҳо ба хоҷагии ҷаҳонӣ ҳам монанд ба тақсимоти меҳнат табиист. Аммо гузариш ба иқтисоди глобалӣ, табдилёбии иқтисоди кишвар ба як қисми иқтисоди ягонаи ҷаҳонӣ ногузир бузургманишии давлатҳои ҷудогонаро тавлид менамояд, ки он ба манфиати геосиёсӣ ва иқтидори иқтисодии онҳо алоқаманд мебошад. Ҷаҳонишавӣ бо зарурати ҳамкории равандҳои истеҳсолӣ ва махсусгардонии истеҳсолии кишварҳо ба миён омадааст, ки ҳамгироии мукаммалро ба низоми ягонаи иқтисодӣ дар назар дорад. Ҳамгироӣ ва махсусгардонӣ бо кам кардани хароҷоти истеҳсолӣ ва қонеъ намудани талабот ба шароити маҳдуд будани захираҳои табиӣ низ алоқаманд мебошанд.
Раванди ҳамгироӣ ба низоми ягонаи иқтисодӣ ва ҷаҳонишавии робитаҳои хоҷагии ҷаҳонӣ дар худ хатари табдилёбии гурӯҳҳои муайяни кишварҳоро ба макони иловагии ашёи хом барои кишварҳои мутараққӣ эҷод мекунад. Бинобар ин, дар қатори дигар кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ дар марҳилаи гузариш қарордошта, амнияти иқтисодӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз масъалаҳои муҳиму воқеӣ қарор мегирад.
Ваҳдати эҷоднамудаи тоҷикон имрӯз барои мардумони кишварҳои ҷаҳон дастурамал, сармашқест, ки барои ҳалли низоъҳои дохилию берунӣ мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирифтааст. Идеяҳои эҷоднамудаи миллат бештар хусусиятҳои инсондӯстию байналмилалӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва арбобони сиёсию давлатиро водор месозанд, ки дар атрофи масъалаҳои бузурги глобалӣ таваққуф намоянд. Ҳамзамон, эҳёи саҳифаҳои аз ёд рафтаи таърихи тоҷикон, оштии миллӣ - сулҳофарӣ, бунёдкорӣ, роҳкушоӣ ва аз вартаи буҳрони иқтисодӣ баровардани Тоҷикистон аз зумраи масъалаҳое мебошанд, ки дар ба ҳам омадани миллат ва мардуми минтақаҳои Тоҷикистон нақши калидӣ доранд. Дар баробари ин, тоҷикон бояд дар бахши рушди иқтисод аз фарҳанги бузурги аҷдодии худ ва технологияҳои навтарини ҷаҳонӣ кор гиранд, ба ҷаҳониён собит созанд, ки миллати пешрафтаи ҷаҳонанд.
Мувофиқи нишондоди коршиносон, аксари хавфу хатар ва таҳдидҳои асри XXI ба мушкилоти об вобаста мебошанд. Дар баробари ин, масъалаи тағйирёбии иқлим, об шудани пиряхҳо ва дар ин радиф ҳимояи амнияти энергетикӣ ба миён  омадаанд,  ки метавонанд ба рушду нумуи Тоҷикистони азизи мо низ таъсири  гуногун дошта бошанд.
Барои татбиқи ғояҳои  миллию  умумибашарӣ ва пайдо кардани мавқеи устувор дар иқтисоди глобалӣ дар баробари дорои тафаккури созанда,  ифтихори миллӣ, соҳибдавлатӣ ва донишу технологияи мукаммали иқтисодӣ будан зарур аст, ки барои рушду пешравии иқтисодиёт ва ба кишвари мутараққии саноатӣ табдил додани Тоҷикистон пайваста талош варзем.

Асомуддин АЗИЗОВ,
Наҷибулло МАҲМУДОВ,
устодони Донишгоҳи давлатии Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2016    №: 71    Мутолиа карданд: 563

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед