logo

сафарҳо

Натиҷаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Екатеринбург

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди иштирок дар иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав барои ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бегоҳии 14 июн ба шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия омад.
15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии губернатори вилояти Свердловск Эдуард Россел дар маросими ифтитоҳи расмии Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург иштирок намуда, ба фаъолият шурӯъ кардани онро воситаи хуби густариши ҳамкорӣ бо ин минтақаи Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон маънидод карданд.
Губернатори вилояти Свердловск Эдуард Россел ба меҳнатдӯстӣ ва одобу ахлоқи тоҷикону тоҷикистониён баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки баҳри ба онҳо  муҳайё намудани шароити корӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки ба наздикӣ дар  шаҳри Екатеринбург як чойхонаи бузурги миллии тоҷикӣ бунёд хоҳад ёфт, то ба наздикшавии бештари халқҳои Тоҷикистону минтақаи Урал мусоидати фаъол намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри доир намудани вохӯрӣ бо намояндагони тоҷикону тоҷикистониёни муқими Русия ба  Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал ташриф овард.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷо бо эҳтирому самимияти зиёд ва омодагии устувор ба ташкили ҳамкории судманд дар самти омодасозии кадрҳои саноати кӯҳии кишвари мо истиқбол гирифтанд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Шӯрои илмии  Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал, ки яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимии Русия ба шумор меравад, бо унвони профессори фахрии ин донишгоҳ сарфароз гардонда шуд.
Дар толори маҷлисии ҳамин донишгоҳ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди намояндагони тоҷикону тоҷикистониёни муқими Русия, ки дар минтақаи Урал ва дигар минтақаҳои ин кишвари паҳновар кору зиндагӣ ва ё таҳсил мекунанд, мулоқот орост.
Хотиррасон бояд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои худ ба ҳар як кишвари хориҷӣ, ки дар ҳудуди он ҳамватанону ҳамзабонони мо кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, вохӯриҳо гузаронда, баҳри саҳл намудани мушкилоти онҳо чораҳои муассир меандешад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо тоҷикону тоҷикистониёни муқими Русия онҳоро ба саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи Тоҷикистон, ҳифзи асолату ҳувияти миллии худ дар дурӣ аз Ватан, ба дӯстию муттаҳидӣ миёни ҳамдигар ва, албатта, ба эҳтиром ва риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқии кишвари қабулкунанда ҳидоят намуд.
Баъди анҷоми суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо як маҳфили озоду ошкорои саволу ҷавоб орост, ки беш аз ду соат давом кард.
Ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ба кори худ субҳи 16 июн шурӯъ намуд.
Дар ҷаласа масоили таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҷаҳорчӯби ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла оид ба мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, як қатор қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Масоили рушди ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла робитаҳои байнибонкӣ ва илмию фарҳангӣ низ аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай буданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби  Созмони ҳамкории Шанхай 10 миллиард доллари амрикоӣ қарз ҷудо мекунад.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба Белорус ва Шри-Ланка додани мақоми нозир дар Созмони ҳамкории Шанхайро  нишонаи тавсеаи миқёси фаъолияти созмон ва болоравии  обрӯю нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ маънидод карда, масъалаи қабул кардани кишварҳои навро ба узвияти ин созмон мавриди пуштибонӣ қарор дод.
Дар охири ҷаласа Эъломияи Екатеринбургии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай,  Баёнияи муштарак аз натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ин созмон ва як зумра санадҳои дигар ба имзо расиданд.
Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчунин раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов бо раиси Шӯрои  директорони Бонки рушди Чин Чен Юан мулоқот намуда, оид ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва маблағгузории сохтмони  нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсули худ ба шаҳрҳои Маскав ва Екатеринбурги Федератсияи Русия бегоҳии 16 июн ба Ватан омад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 606

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед