logo

иҷтимоиёт

ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ КОРӢ

АГАР ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДАРО КОР ФАРМОЕМ...
 Ба хотири бо ҷойи кор таъмин намудани қишри бекори мардум ҳамасола аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017» имсол мебоист 148586 ҷойи корӣ таъсис меёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарону масъулонро барои таъсис додани 300 ҳазор ҷойи нави корӣ муваззаф сохт.
Бинобар гуфтаи Бобохон Баротзода, директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 55003 ҷойи кории нав таъсис дода шудааст. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби агентӣ дар ин давра 174 ярмаркаи ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуда, 1327 нафар корҷӯён соҳиби ҷойи кор гардиданд.
Инчунин, солҳои охир дар саросари кишвар корхонаҳои зиёди истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва коркарди маҳсулот мавриди истифода қарор гирифтанд, ки бевосита дар масъалаи ҷойҳои иловагии корӣ саҳм доранд.
Иқтисоддон Рустам Назаров зикр намуд:
- Агар ба корхонаҳое, ки метавонанд қишри бекори оммаро бо кор таъмин намоянд, як қатор имтиёзҳо диҳем, метавонем боз ҳам бештар комёб бошем. Тоҷикистон давлати аграрист. Имрӯз агар заминҳои бекорхобидаро кор фармоем, дар кишвар на 300 ҳазор, балки шояд наздики як миллион ҷойи нави корӣ муҳайё гардад.
Аксари муҳоҷироне, ки аз қаламрави Русия ихроҷ шуда буданд, дар дохили кишвар аллакай ҷойи кор ёфтаанду сари вақт маоши худро аз корфармоён мегиранд ва назар ба ташвишу сарбориҳои зиёди муҳоҷирати меҳнатӣ кор дар дохили кишварро афзалтар медонанд.
Саттор Муродов, ки дар яке аз корхонаҳои истеҳсоли сементи шаҳри Ваҳдат кор мекунад, гуфт: «Ҳар моҳ 1700 сомонӣ маош мегирам ва муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар хонаи худ - назди пайвандонам ҳастам».
Оморҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки дар 3 моҳи аввали сол 37 дарсади нақшаи таъсисдиҳии ҷойҳои нави корӣ дар соли 2016 аллакай иҷро шудааст. То охири сол, сарфи назар аз буҳрони иқтисодие, ки дар ҷаҳон идома дорад, имкони аз нақша зиёдтар бо ҷойҳои корӣ таъмин кардани аҳолии бекор мавҷуд аст.
Ҳасан ШОКИРЗОДА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2016    №: 72    Мутолиа карданд: 463

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед