logo

сиёсат

БОЗИҲОИ ПАСИПАРДАГӢ БОИСИ ПАҲН ГАШТАНИ АҚИДАҲОИ БЕГОНА ВА НООРОМИИ АВЗОИ ҶОМЕА МЕГАРДАНД

Шоҳиди он ҳастем, ки ҳар рӯз расонаҳои хабарии кишварҳои ҷаҳон перомуни ҳаводиси куштор, ғорат ва инфиҷори мардуми бегуноҳи давлатҳои мусулмоннишини Шарқи Наздик, бахусус Ироқ ва Сурия матолиби зиёде омода ва нашр менамоянд. Шумораи онҳое, ки дар натиҷаи ин моҷароҳо аз манзилу макони худ маҳрум шуда, ба ёриҳои башардӯстона ниёз доранд, беш аз 10 миллион нафар гуфта мешавад.

Ин даҳшату ваҳшоният, куштори оммавии сокинони бегуноҳ асосан дар заминаи кашмакашҳои сиёсӣ, ихтилофҳои динию мазҳабӣ ва иттилоотӣ ба амал меоянд. Ҷангу ҷидол дар Сурия ва дигар кишварҳои мусулмоннишин низ дар пояи мазҳабӣ сар мезананд. Дар ин замина, соли 2006 созмон ёфтани ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» мушкилоти сангинеро барои ҷомеаи башарӣ эҷод намуд. Дар натиҷаи якҷо шудани ёздаҳ ташкилоти ифротгаро, ки мақсади асосиашон ба даст овардани ҳокимият бо роҳи хунрезиву террор буд, вазъи Ховари Миёнаро муташанниҷ кард.
Мусаллам аст, ки яке аз зуҳуроти нигаронкунанда, аз ҷумла барои кишвари мо низ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад, ки мутаассифона дар ҳоли рушд аст. Бинобар ин, саволе ба миён меояд, ки дар чунин шароит, ҷиҳати пешгирии пайвастани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ чӣ чора бояд андешид? Кадом омилҳо сабаби реша давондани ҷараён ва мазҳабҳои бегона дар ҷомеа гаштаанд? Фикр мекунем, давлатҳои абарқудрат ва қувваҳои берунӣ бо мақсади баланд бардоштани нуфузи геополитикии худ дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ метавонанд дасиса эҷод намоянд. Онҳо ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротгароро дастгирӣ ва аз сарчашмаҳои ба истилоҳ «ёрии башардӯстона» маблағгузорӣ намуда, робитаҳоро ҷиҳати амалӣ сохтани ниятҳои ғаразнокашон тавсеа дода истодаанд. Ду даҳсола пеш ба сари миллат фурӯ овардани бадбахтӣ, яъне рехтани хуни ноҳақ низ маҳз натиҷаи дахолати онҳо буд. Ин омил метавонад ба раванди афзоиши таъсири ақидаҳои бегона ва ифротгароӣ мусоидат кунад.
Ҳаводиси хунини Ховари Миёна, бавижа нооримиҳо дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҷомеаи моро бетараф гузошта наметавонад. Зеро як гурӯҳ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар даргириҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурия ва Ироқ иштирок доранд. Аксари онҳо гумроҳшудаю фиребхӯрдаи хоҷагони хориҷӣ ва таблиғгарони онҳо мебошанд, ки бо роҳу усулҳои гуногун ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд. Барои ба Ватан баргардондани онҳо тавассути созмонҳои дахлдори байналмилалӣ ва имкониятҳои мавҷуда чораҷӯӣ бояд намуд.
Созмонҳои динии экстремистӣ ва террористии «Салафия», «Ҳизб - ут - таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Ихвон-ул-муслимин», «Ал-Қоида», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», ки дар заминаи ақидаҳои ифротгароӣ ташкил ёфтаанд ва нияти ғаразнокашон «барпо намудани ҷамъияти ягонаи исломӣ дар шакли хилофат мебошад», метавонанд ба авзои сиёсии минтақа таъсири манфӣ расонанд. Омилҳои зиёди дигаре низ ҳастанд, ки ба раванди ташаккули ақидаҳои зиёновару ифротгароӣ мусоидат карда метавонанд. Аз нигоҳи таҳлилӣ, нуктаҳои зайл метавонанд барои пешгирии оқибатҳои номатлуб самаранок бошанд:
- андешидани чораҳои самарабахш ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ, ташаккулу вусъат ёфтани ғояҳои бегонаю ифротгароӣ, ки бо ҳар роҳ кӯшиш менамоянд ҷавононро гумроҳ созанд;
- ниҳодҳои давлатиро зарур аст, ки бо истифода аз воситаю методҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нисбат ба ҳаракат ва аҳзобу ҷараёнҳои ифротгароӣ, омилҳои пайдоиши онҳо дар ҷомеа ва роҳҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлубро дар шароити муосир таҷдиди назар намоянд;
- пешгирии роҳу усулҳои интиқоли маблағҳо тавассути низомҳои бонкӣ, воридшавии адабиёти хурофотию ифротгароӣ дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ;
- пешгирии таҳсили ғайрирасмии наврасону ҷавонон дар муассисаҳои таълимии динии давлатҳои хориҷӣ;
- пешгирӣ намудани робитаҳои хусусияти экстремистидоштаи шаҳрвандон дар сомонаҳои интернетӣ;
- роҳандозии дурусти корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар муассисаҳои таълимию илмӣ.

Мирзо АБДУЛЛОЕВ,
муовини сардори Донишкадаи такмили
ихтисоси Хадамоти гумрук,
номзади илмҳои фалсафа,
Қудратулло МИРАКОВ,
мудири кафедраи фаъолияти гумрукии
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2016    №: 72    Мутолиа карданд: 453

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед