logo

иқтисод

САРЕЗ - «МАЛИКАИ ХУФТА»

Кӯли Сарез, ки онро баъзан аз рӯи зебоӣ «Маликаи хуфта» ҳам ном мебаранд, дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон дар баландии 3263 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дарозиаш 55,8 км, бараш 3,3 км, ҳаҷми обаш қариб 17000 километри мукааб, чуқурии миёна 185 м, чуқурии ниҳоӣ 505 метр. 5 (18) феврали соли 1911 дар натиҷаи заминларзаи шадид ва баста шудани пеши роҳи дарёи Мурғоб пайдо шудааст. Баъди камтар аз як сол оби ҷамъшуда деҳаи Сарезро пахш кард ва кӯл Сарез ном гирифт.
Аз соли 1946 вазъи кӯл муътадил аст. Эҳтимолияти хавфи рух додани заминларзаҳои шадид дар мавзеи ҷойгиршавии Сарез – тибқи ҳисоби олимон 1 маротиба дар 1000 сол, тибқи ҳисоби дигар 1 бор дар 250 сол аст. Аксари олимон бар онанд, ки сарбанди кӯл мустаҳкам аст ва дар ҳоли мавҷуд набудани омилҳои берунӣ чанд ҳазорсола устувор меистад. Бо вуҷуди ин кам нестанд гурӯҳҳо ва афроде, ки оид ба хавфи кӯли Сарез ҳангома бардошта, барои безобита кардани мардум манфиатдоранд. Баъди заминларзаи соли гузашта дар Бадахшон рухдода оташи ҳангоматалабон боло гирифт. Ҳарчанд тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ин заминларза барои мардуми Бадахшон хисороти зиёд оварда бошад ҳам, ба вазъи кӯл таъсире нарасондааст.
Матолиби дар ин маврид нашрнамудаи баъзе хабаргузориҳо ба истиснои ба таҳлука андохтани мардум ҳадафи дигар надоранд. Барои иттилои саривақтӣ аз вазъи кӯл соли 1991 раёсати истифодабарии системаи «Усой» ташкил гардид. Тибқи гузоришоти системаи хабардиҳии мазкур ҳолати обанбори табиӣ муътадил буда, боиси ташвиш нест. Тамоми ҳудуди кӯл зери назорату санҷиши ҳамешагӣ қарор дорад. Бо хоҳиши «Ҷумҳурият» Саодатқадам Маскаев, сардори раёсати истифодабарии системаи «Усой» ва масъалаҳои кӯли Сарези Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дар бораи вазъи кунунӣ ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирии хавфи рахнашавии сарбанди кӯл шарҳи муфассал дод:
- Муддати 25 сол аст, ки раёсати мазкур ҳамчун сохтори алоҳидаи кумита ҷиҳати таъҷилан хабардор намудани мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ва давлатҳои минтақа фаъолият менамояд. Системаи огоҳонидани аҳолии дар зери хавфи эҳтимолӣ қарордошта дар мавзеи Усой бо таҷҳизоти хабардоркунанда муҷаҳҳаз гардонда шуда буд. Як қисми таҷҳизоти дар соҳили дарёи Бартанг ҷойгирбуда баландшавии оби дарёро назорат мекард. Барои дар ҳолати хавф расондани хабар ба масъулон асбобҳо насб гардида буданд. Бонги хатар ба тариқи кабелҳо ба таҷҳизоти қабул ва таҳлилкунии майдончаи «Усой» интиқол меёфт. Тавассути дастоҳҳои дигар ба таври автоматӣ ба кумита иттилоъ дода мешуд. Аммо ин система ҷиҳати сари вақт огоҳонидани мардуми маҳаллаҳои дар пешорӯи хатар қарордошта ба талабот пурра ҷавобгӯ набуд.
Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бартараф сохтани хавфи рахнашавии оби кӯли Сарез бисёри давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалиро ҷалб намуд ва дар натиҷа, низоми хабардиҳӣ аз ҳолати кӯли Сарез ва назорати он ниҳоят мукаммал карда шуд. 16 июни соли 2000 - ум Бонки ҷаҳонӣ «Барномаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез» - ро дастгирӣ намуд. Соли 2004 дар чорчӯбаи ин барнома аз тарафи ширкати «Фела» - и Швейтсария дар кӯли Сарез ва тамоми қаламрави ноҳияи Рӯшон, шаҳрҳои Хоруғу Душанбе системаи нави хабардоркунӣ ва мониторингии «Усой» бо таҷҳизоти нав насб карда шуд. Барои пешгӯии хатар дар минтақаи хатар ва назорати тағйирёбии об, дараҷаи обу ҳаво, ихроҷи оби дарёи Мурғоб айни замон системаи хабаррасонии мазкур ба таври муназзам шабонарӯзӣ фаъолият дорад. Низоми санҷиш ва огоҳкунӣ аз пойгоҳҳои санҷиши боду ҳаво (МU - 6), оби кӯл (МU - 4), таҷҳизоти зилзиласанҷӣ (МU-8), дастгоҳи чен кардани сатҳи оби дарёи Мурғоб (МU-9) иборат мебошад. Инчунин, таҷҳизоти мушоҳидакунанда ва ҷамъоварии маълумот дар кӯли Сарез (Скада Сарез) ва шаҳри Душанбе (Скада Душанбе) ва бахшҳои мухобиротии «Кодан», УКВ (кӯтоҳмавӣ), Сирена – нозирон дар деҳоти водии Бартанг, ситодҳои ҳолатҳои фавқулодаи навоҳии вилоят кор мекунанд. Тамоми маълумоти низоми огоҳнамоӣ ва санҷиш ба воситаи системаи моҳворавии Инмарсат Мини - С дастрас мешавад ва барои огоҳонии саривақтӣ ниҳоят судманд мебошад. Бо мақсади таҷдид ва такмили системаи огоҳкунӣ ва санҷиши ҳолати кӯл Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва созмонҳои башардӯстона соли гузашта дар 12 нуқтаи аҳолинишини водии Бартанг таҷҳизоти радиоии ҳозиразамонро насб намуд.
Тавре аз маълумоти системаи «Усой» бармеояд, айни замон, вазъи кӯли Сарез муътадил буда, ягон ҳолати ғайримуқаррарӣ ба назар нарасидааст. Заминҷунбии шиддатноки моҳи декабри соли гузашта низ ба ҳолати кӯл ягон таъсири ҷиддӣ нарасонд. Аз рӯйи нишондоди таҷҳизоти мавҷуда болоравии сатҳи оби кӯл ҳам мушоҳида нагардидааст. Мувофиқи маълумоти системаи мониторинг ва хабардоркунии қаблӣ, айни ҳол дар минтақаи кӯли Сарез эҳтимоли рӯй додани ягон хатари ҷиддӣ ба назар намерасад. Аммо дар сомонаҳои интернетӣ ва хабаргузориҳо, хусусан Fergana.ru маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд, ки гӯё сатҳи оби кӯли Сарез мунтазам баланд ва сарбанди он ноустувор гардида истодааст. Чунин таблиғот танҳо ба манфиати баъзе кишварҳо ва гурӯҳҳое мебошад, ки бо роҳи ваҳмангезӣ ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ карданӣ мешаванд. Мо дар якҷоягӣ, бояд воқеъбин бошем ва ба воҳимаи бардурӯғ дода нашавем.

Шуъбаи иқтисоди
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (1)    Санаи нашр: 14.04.2016    №: 72    Мутолиа карданд: 605

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед