logo

иҷтимоиёт

БЕПАРВОӢ МОРО БА КУҶО МЕБАРАД?

Сарфи назар аз ба табъ расидани матлабҳои зиёди танқидӣ дар нашрияи расмии кишвар - «Ҷумҳурият»,  хизматрасонии нақлиётӣ ба мусофирони пойтахт нигаронкунанда аст. Яъне,  мутасаддиёни соҳа ё вазъро нодида мегиранд ё дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ камтар масъулият ҳис мекунанд. Мо  то ислоҳ шудани вазъ пайгирӣ намудани қазияро рисолати журналистӣ мешуморем.

Бо тақозои зиндагӣ ҳар субҳ аз хурд то калон барои дар вақту соати зарурӣ ба макон расидан, албатта, аз хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш истифода мебарем. Имрӯзҳо дар хатсайрҳои пойтахт мардум аз камчинӣ ё набудани нақлиёт шиква надоранд, зеро дар ҳар як хатсайр навъҳои  нақлиёти гуногун дар хизмати аҳолианд. Вале, ҳоло низ аз тарафи ронандагон ва пулчинҳои бархе аз нақлиёти мусофиркаш ҳолатҳои зиёди қоидавайронкунӣ ва риоя нагардидани тартибу интизом дида мешавад. Бештари онҳо, аз ҷумла микроавтобусҳои хатсайрҳои № 33, 2, 54, 52, вақти ҳаракат дар ҷойҳои серодам - назди бозорҳои «Корвон», «Саховат», «Султони Кабир», истгоҳи назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон  зиёд  таваққуф мекунанд. Пулчин аз нақлиёт фаромада, бо овози баланд нафарони роҳгузарро барои нишастан ба нақлиёт даъват мекунад. Рӯи мусофири канори роҳ ҷониби дигар бошад, пулчин даҳ маротиба – то безор шудани роҳгузар мепурсад: «мерӣ, мерӣ, мерӣ, эй ака, эй ака, эй ака, эй хола…».  То «не, намеравам» нагӯяд, илоҷ надорад. Магар ин намуди «хизматрасонии нодир» ба фарҳанги шаҳрнишинӣ, хоса барои пойтахти мардуми тамаддунофари тоҷик мувофиқ аст?  Охир, шахси корафтода  мехоҳад тезтар ба макон расад, бинобар ин бе даъват низ нақлиёти даркориашро меёбад. Дар назди истгоҳи «Садбарг» зане аз нақлиёти мусофиркаши сайрхати № 33 ғур – ғуркунон чунин мегуфт:
- Як сомонии фоидаи худатро фикр мекунию аз кор дермонии моро не? Ҳазор сомонӣ як айби дермонию гапшунавии маро ҷуброн намекунад...
Дар мошинҳои бепулчин ронанда фаромада  мусофиронро даъват намекунад. Яъне, бе ҷоғзанӣ ҳам мешудааст – ку?  Ҳоҷат ба гӯшхарошона даъват кардани мусофирон ҳам нест.
Рафтори бархе аз пулчинон  ҳатто ваҳмангез аст. Зеро дар вақти  ҳаракат кардани нақлиёт ҳам дари онро кушода, бо овози баланд шахсони дар канори роҳ истодаро даъват мекунанд.
Омили дигаре, ки бештар мавзӯи баҳси ронандаву мусофир мегардад, ин пардохти нархи роҳкиро мебошад. Мусофирон  роҳкироро аксаран сари вақт мепардозанд. Ин як одати маъмулӣ шудааст. Мувофиқи тартиби муқарраргардида нархи роҳкиро вобаста ба масофаи хатсайр, бо назардошти дифференсиатсияи (тафриқабандии) нархҳо, инчунин истифодаи навъи сӯзишворӣ муайян карда шудааст. Яъне, барои масофаи то 9 км  80 дирам, барои масофаи то 18 км  1 сомонию 60 дирам. Лекин қариб дар ягон хатсайр бақияи маблағи роҳкироро гардонда намедиҳанд. Аксари мусофирон низ ҳаққи худ - бақияро талаб намекунанд.
Боз як ҳолати нигаронкунанда, ки зиёд ба мушоҳида мерасад,  «пойга» - и ронандаҳо бо якдигар мебошад. Барои он ки аз ронандагони дигар пештар гузашта, мусофиронро зудтар гиранд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, ҳаёти мусофирони дохили нақлиётро зери хатар меандозанд. Ҳамчунин, аз сайрхатҳои муқаррарӣ баромада, бо мақсади миёнабур кардани роҳ ва наистодан дар чароғакҳо бо кӯчаю паскӯчаҳои дохили маҳаллаҳо рондани мошин (хусусан дар хатсайрҳои №2, 19, 46) одати муқаррарӣ шудааст. Сокинони маҳаллаи 1 – уми Совет аз ин худсарии ронандагон ва бепарвоии масъулон ҳанӯз ҳам нигаронанд.
Ин тарзи хизматгузорӣ ба ҷуз он ки ба торҳои асаби мусофирон нохун зада, онҳоро озурдахотиру мушавваш мекунад, ҳамчунин, обрӯи байналмилалии пойтахти азизи моро мекоҳонад. Набояд ба ин роҳ диҳем!
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2016    №: 72    Мутолиа карданд: 386

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед