logo

иҷтимоиёт

ТАШХИС. ОН БОЯД ДАР МИНТАҚАҲОИ ДУРДАСТ НИЗ ДАСТРАС БОШАД

Бо мақсади рушди фаъолияти минбаъдаи Маркази миллии ташхис ва таъмин намудан  бо кормандони баландихтисоси ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 3 ноябри соли 2015 он ба Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ» табдил дода шуд. Баъд аз тағйири ном дар сохтори марказ  шуъбаҳои клиникӣ – маслиҳатӣ ва  функсионалӣ ( тадқиқи дастгоҳӣ ва озмоишӣ)  таъсис  ёфтанд.   Акнун кормандону мутахассисони он ба ғайр аз  гузарондани ташхиси  ҳамаи намудҳои беморӣ, ниёзмандонро ба муолиҷа низ фаро мегиранд. 
Имсол дар марказ шуъбаи нави ташхису табобати бемориҳои бодигармӣ (аллергология) бо хизматрасониҳои дармонгоҳӣ ва бистаринамоии шабонарӯзӣ ва озмоишгоҳи бактериологӣ ташкил шуд, ки он ташхисҳои саривақтӣ ва дақиқи ҳама гуна бемориҳоро таъмин менамояд.
Қисми хизматрасониҳои машваратӣ аз шуъбаҳои клиникӣ - маслиҳатии калонсолон ва атфол иборат аст, ки дар онҳо мутахассисони  соҳаи бемориҳои дарунӣ, занонаю  мардона ва  атфол  фаъолият мебаранд. Шумораи муроҷиаткунандагони марказ дар як рӯз зиёда аз  250  нафарро ташкил медиҳад.
«Мо, масъулони  марказ,    дар доираи  амалигардонии барномаҳои тиббии ҳифзи солимии аҳолӣ  арзиши хизматрасониҳои ташхисиро  бобати  пешгирии бемориҳои саратонӣ, диабети қанд ва бемориҳои дил ва рагҳои хунгард  барои камбизоатон    пасттар намудаем», -  мегӯяд Хушвахт Шарифов,  сардухтури Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ.
Дар  даврони мо  ташхиси  босифату дақиқи   бемориҳо,  махсусан, бемориҳои саратонӣ, дилу рагҳои хунгард ва дигар бемориҳои мураккабу душворташхисшаванда, ки ба маъюбию кӯтоҳумрӣ оварда мерасонанд, хеле муҳим аст.  Барои дар марҳилаи аввал ва сари вақт муайян намудани  ин гуна  бемориҳо  дар марказ ҳама шароит мавҷуд мебошад.
- Таҷрибаи чандинсолаи корбарӣ дар соҳаи тандурустӣ нишон дод, ки гузарондани муоинаи беморон дар минтақаҳои дурдаст барои сари вақт муайян намудани бемориҳо, ташхиси бемориҳои мураккаб, пешгирии оризаҳо ва табобати саривақтии онҳо мусоидат менамояд. Аз ин рӯ,  мо роҳбарияти  марказ   мақсад  гузоштааем, ки   дар солҳои оянда  барои  расондани хизматрасониҳои ташхисӣ - машваратӣ ба мардуми минтақаҳои дурдаст   дастаҳои   сайёри марказро ташкил   диҳем»,  -  мегӯяд  Х. Шарифов. 
Иронбӣ  МӮСОЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2016    №: 72    Мутолиа карданд: 407

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед