logo

сиёсат

ШУУРИ ҶАМЪИЯТӢ ВА ИНКИШОФИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Шуури муқаррарӣ)», ки 15 декабри соли 2015 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шуда буд, мавриди омӯзиш, таҳлил ва баррасии аҳли ҷомеа қарор гирифтааст. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки муаллиф ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир кардааст, барпо намудани давлати навини Тоҷикистон мебошад. Дар бунёди чунин давлат нақш ва мавқеи ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ ниҳоят калон аст. Ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ яке аз қисмҳои таркибии ҳаёти маънавӣ буда, дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши калидӣ мебозанд.

Мазмуни асосӣ, мақсад ва вазифаҳои муҳиме, ки дар мақола пешниҳод шудаанд, аз се қисми таркибӣ - ҷамъият, ҷаҳонбинӣ ва амният иборат буда, ба якдигар зич алоқаманданд. Дар мақолаи С. Ятимов ҳар кадоми он, ки яке боиси инкишофи дигаре мегардад, ҳамаҷониба таҳлил шудааст. Аҳамияти таърихию методологӣ, илмию диалектикии мақола имрӯз барои пешрафти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ба мо дӯст мавқеи вижа дорад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки оид ба ҷаҳонбинӣ, алоқаи он ба шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ андешаҳои худро баён намоем.
Ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии ҳар як давраи муайяни таърихӣ дар таълимоти сиёсӣ, назарияҳои илмӣ, меъёрҳои ахлоқ, аҳкому аркони дин, асарҳои санъат ва ғайра ифода меёбад. Ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ муносибати одамонро ба муҳите, ки онҳоро иҳота кардааст, муайян менамоянд. Бесабаб нест, ки ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ дар таҳкими амнияти ҷамъиятӣ нақши ҳалкунанда мебозанд. 
Дар мақолаи С. Ятимов омадааст, ки муборизаи тезутунди идеологии замони ҳозира зарурияти боз ҳам баланд бардоштани ҳушёрии ҷамъият ва маърифати дурусти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро нисбат ба каҷфаҳмӣ, пастзании комёбиҳои халқи тоҷик, идеологияи ба мо бегона, зуҳуроти миллатгароӣ, шовинистӣ ва маҳалгароӣ оштинопазир буданро талаб  менамояд. Душманони истиқлолияти миллии тоҷикон кӯшиш менамоянд, ки ба шаҳрвандони мамлакат, алалхусус, ба шуури ҷавонон бештар таъсир расонанд, боварии онҳоро ба сохтори ҷомеаи демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ суст карда, дар ниҳодашон рӯҳияи худкомагӣ, хислатҳои манфии ҷоҳу молпарастиро ба вуҷуд оранд ва пешрафти ҷомеаро ба сӯи фардои дурахшон боздоранд. Ба андешаи мо, агар ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аслҳои (принсипҳои) ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятиро азхуд намояд, нисбат ба нақш ва мавқеи ҳокимияти сиёсӣ, давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ, вазъи сиёсии ҷумҳурӣ тасаввуроти дуруст пайдо мекунад. Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки ҳанӯз ҳам маданияти сиёсӣ, ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии як қисми сокинони кишвар дар сатҳи  паст қарор дорад. Мусаллам аст, ки ин гурӯҳ ба муҳиту вазъи сиёсии мамлакат баҳои воқеӣ дода наметавонад, хулосаҳои муҳими сиёсӣ намебарорад, ҷаҳонбинӣ, шуурнокӣ ва маданиятнокиаш ба талаботи  рӯз ҷавобгӯ нест.
Хотирнишон месозем, ки ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии шаҳрвандон дар рафти муборизаи оштинопазир ба муқобили ҷараёнҳои идеологии ба мо бегона ва фош намудани моҳияти иртиҷоии мафкураи зараровар васеъ мегардад. Бо назардошти муҳимияти масъала, Ҳукумати мамлакат зарурияти пурзӯр намудани муборизаро ба муқобили ҳар гуна ақидаҳои кӯҳнашуда ва даъвоҳои беасоси душманони миллат ба миён гузошта, созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, неруҳои таъсирбахши идеологиро муваззаф намуд, ки шаҳрвандонро аз назари маърифати  сиёсӣ обутоб дода, онҳоро дар рӯҳияи эътиқоду эътимод ба халқу миллати тоҷик, Ватани азизамон тарбия намоянд.
Имрӯз яке аз равияҳои идеологияи сиёсии давлати Тоҷикистон ваҳдати миллӣ мебошад. Мазмуну мақсади идеологӣ, ҷаҳонбинӣ, шуури ҷамъиятӣ аз мустаҳкам намудани ваҳдати миллии халқи тоҷик ва ягонагии мамлакат иборат аст. Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ танҳо дар асоси қонун пеш бурда мешавад. Давлати дунявӣ бо унсурҳои зиддиҷамъиятӣ, ҷинояткорӣ, қонуншиканӣ, маҳалгароӣ, гурӯҳбозӣ, манфиатпарастии шахсӣ ва монанди инҳо муросо карда наметавонад. Дар ин самт волоияти қонун шарти муҳими пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, нақш ва мавқеи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура, суд, корҳои дохилӣ, амният, мудофиа ниҳоят калон аст. Пойдории истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва худшиносӣ танҳо дар сурате имконпазир аст, ки одамон дараҷаи баланди ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ дошта бошанд.
Дар марҳалаи ҳозираи сохтори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон мардумро ба баҳсу мунозираҳои таҳмилӣ накашида, баръакс шуури ҷамъиятии оммаро бояд ба худшиносии миллӣ равона созем. Шуури ҷамъиятӣ қодир аст, ки пеши роҳи ҳар гуна мафкураю ақидаҳои зарароварро гирад ва ҷомеаро ба сӯи худшиносии миллӣ ва амнияти ҷамъиятӣ ҳидоят намояд. Ҷаҳонбинӣ бузургтарин қувваи маънавии ҷамъият, аслиҳаи тавонои идеявии замони ҳозира, наҷибтарин, самараноктарин, фаъолтарин назарияи илмӣ буда, ба фикру зикр ва дили миллионҳо мардуми тоҷик роҳ ёфтааст. Кори мақсаднок ва системаноки ташаккули ҷаҳонбинии мардум шарти ҳатмии сохтори ҷомеаи демократӣ дар кишвар мебошад. Ҳукумати мамлакат ҳаминро ба асос мегирад, ки ҷаҳонбинӣ ифодакунандаи манфиатҳои халқ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҷамъият нақши муҳими дигаргунсозанда мебозад. Касе, ки ҷаҳонбинии васеъ дорад, ақидаҳояш пешқадам, маданияти сиёсиаш баланд ва фикру мулоҳизаҳояш дуруст мебошад.
Дар мақолаи С. Ятимов омадааст, сохтори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки тамоми ҳалқу миллатҳои муқими кишвар ба якдигар боз ҳам наздиктар шаванд, дӯстию рафоқати байни онҳо мустаҳкамтар гардад.
Бояд гуфт, ки бе ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии амиқ, бе дараҷаи баланди шуури ҷамъиятӣ, бе тағйироти психологӣ ва тафаккури ҳаматарафа хатоҳои содиршудаи солҳои гузаштаро ислоҳ карда наметавонем. Бинобар ин, дар замони муосир  ташаккул ёфтани ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ, паҳн намудан ва омӯхтани ақидаҳои демократӣ, аз таассубу ҷаҳолат раҳо сохтани шуури одамон яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар рафтори ҳар як инсон, фаъолияти ҳар як коллектив ва ташкилоту муассиса идеяҳои меҳнатдӯстӣ, инсонпарастӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ маданиятнокӣ, меҳру муҳаббати бепоён ба халқу миллат, худшиносӣ, ваҳдати миллӣ узван пайваст бошанд. Иҷрои ин вазифаҳои муҳим танҳо дар асоси ҷаҳонбинии амиқу устувор ва шуури баланди ҷамъиятии ҳар узви ҷамъият имконпазир мегардад.

Мусаммир ГУЛАҲМАДОВ,
доктори илмҳои фалсафа,
профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории
Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,

Саодат АХИЕВА,
номзади илмҳои сиёсӣ,
мудири кафедраи сиёсатшиносии ҳамин донишгоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2016    №: 72    Мутолиа карданд: 730

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед