logo

маориф

МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБИИ ХУСУСӢ. ЧАРО МИҚДОРИ ОНҲО КАМ АСТ?

Тибқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 - 2020» мебоист то соли ҷорӣ дар кишвар ҳудуди 100 муассисаи томактабии хусусӣ ба фаъолият оғоз мекард.

Аммо, бо гузашти ду сол камтар аз 30 муассиса сохта шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҷомеа ба ин бахш ниёзи бештар дорад ва фаъолияти чунин муассисаҳо дар тарбияи кӯдакон нақши муассир мегузорад. Пас, чаро иҷрои ин барнома бо таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст?
Абдуҷаббор Алиев, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёна ва томактабии  Вазорати маориф ва илм, мегӯяд, ки «то замони Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар муассисаҳои томактабии хусусӣ  умуман фаъолият намекарданд. Дар замони мо дар кишварамон 27 муассисаи томактабии хусусӣ таъсис ёфтааст. Ҳарчанд ин теъдод  нисбат ба талабот кам ҳам бошад, вале пешравӣ низ аст».
Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ Вазорати маориф ва илми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор кардааст, ки барои соҳибкорони эҳсонкор  ҷиҳати сохтани муассисаҳои томактабии хусусӣ шароит фароҳам оранд.
Баъди ҳаводиси солҳои навадум биноҳои муассисаҳои томактабиро дар  шаҳру навоҳии кишвар бархе аз вазорату идораҳо ба тавозуни худ ворид карданд. Абдуҷаббор  Алиев, мегӯяд, ки дар вилояти  Суғд - 74, Хатлон -  33 ва  навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 24 муассисаи томактабӣ ғайри мақсад истифода бурда мешаванд. Дар аксари биноҳои муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру навоҳии кишвар суд, прокуратура ва шуъбаҳои корҳои дохилӣ  фаъолият доранд. Дар шаҳри Душанбе дар собиқ бинои муассисаи томактабӣ суд ва шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино ҷойгир шудаанд. Ҳамидулло Фақиров, сардори  Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, зимни суҳбат иброз дошт, ки дар пойтахт айни ҳол ҳудуди 4 ҳазор кӯдак дар навбати  муассисаҳои томактабӣ истодаанд.
«Ҳукумати шаҳри Душанбе бо дарки ин вазъият нақшаи генералии шаҳрро таҳия карда истодааст, ки дар он сохтмони  муассисаҳои томактабӣ  низ ворид шудааст. Дар муассисаҳои томактабӣ аз меъёри муқарраршуда зиёд кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст. Сол то сол талаботи аҳолӣ  ба муассисаҳои томактабӣ зиёд мешавад. Ҳатто модароне, ки хонашин ҳастанд, даъво доранд, ки кӯдаконашонро ба муассисаҳои томактабӣ қабул кунанд. Мо бошем, дар навбати аввал кӯдаконеро қабул мекунем, ки волидайнашон кор мекунанд», - гуфт  Ҳамидулло Фақиров.
Фарзонаи Файзалӣ, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки як сол аст интизори навбати қабул кардани кӯдаконаш ба муассисаҳои томактабии ноҳияи Фирдавсӣ мебошад. «Ман бояд ба кор бароям. Муҳлати рухсатии меҳнатиам ба охир расид. Дар ноҳия муассисаи томактабии хусусӣ ҳаст, аммо дар як моҳ то 800 сомонӣ бояд пардохт намоӣ. Айни ҳол имкони пардохти ин маблағро надорем. Бигузор муассисаҳои томактабии хусусӣ фаъолият намоянд, аммо нархашон нисбат ба муассисаҳои томактабии давлатӣ зиёд набошад», - гуфт ҳамсуҳбатамон.
 Раҳмоналӣ Табаров, сардори шуъбаи  маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, дар суҳбат ба мо тасдиқ кард, ки воқеан теъдоди нафарони дарнавбатистода кам нест. «Дар ноҳия 23 муассисаи  томактабии давлатӣ ва 1 хусусӣ  фаъолият доранд. Дар ҳар муассисаи томактабӣ то 70 нафар дар навбат меистад. То солҳои 2013 - 2014  мо кӯдак меҷустем, ҳоло баръакс кӯдакон пушти дари муассисаҳо интизоранд. Ин як раванди табиӣ аст. Ният дорем ду бинои собиқ муассисаҳои томактабиро баргардонда гирем ва талаботи аҳолӣ қонеъ гардад», - гуфт ӯ. Дар муассисаҳои томактабии ноҳия ҳаққи   моҳонаи хизматрасонӣ барои як кӯдак 40 сомонӣ ва дар муассисаи томактабии хусусӣ 800 сомониро ташкил медиҳад. Аммо ҳаққи пардохти моҳона дар ноҳияҳои дигари шаҳри Душанбе фарқ дорад. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳаққи моҳонаи муассисаҳои томактабӣ аз 80 то 200 сомонӣ мебошад. 
Парвина Раҳматуллоева, собиқ мудири муассисаи томактабӣ, мегӯяд, ки  ин бахш ба дастгирии давлатӣ ниёз дорад. «Муассисаҳои томактабии хусусӣ ташкилоти тиҷоратӣ ба ҳисоб мераванд ва барои онҳо нархи хизматрасониҳои коммуналӣ нисбат ба муассисаҳои томактабии давлатӣ қиматтар аст. Дар ҳоле ки агар боз биноро иҷора гирифта бошед, хароҷот дучанд мегардад. Ҳар сол тафтиш сурат мегирад, ҳамаи сохторҳо барои тафтиш меоянд. Дар ҳоле ки мо худ барномаҳои таълимиро вобаста ба завқу шавқи кӯдакон таҳия мекардем.
Бояд ба ин бахш сабукӣ дода шавад. Вақте нархи хизматрасониҳои коммуналӣ барои муассисаҳои томактабии хусусӣ гарон аст, пас бояд ҳаққи пардохти нигоҳубини кӯдак ҳам тағйир ёбад. Чунин тарзи муносибати ҳуқуқӣ  рақобат байни муассисаҳои томактабии хусусӣ ва давлатиро аз байн мебарад ва на танҳо кӯдакон дар кӯча намемонанд, балки ҷойҳои иловагии корӣ ҳам фароҳам меоянд. Агар хоҳем ин бахш рушд кунад, бояд ки ба муассисаҳои томактабии хусусӣ мақоми тиҷоратӣ дода нашавад ва қарзҳои дарозмуҳлат пешниҳод гардад», - гуфт ҳамсуҳбати мо.
То ба имрӯз дар ҷумҳурӣ 88 ҳазор кӯдак ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки 12,6 дарсади кӯдакони кишварро ташкил медиҳанд. Чуноне ки аз суҳбати мусоҳибони мо бармеояд, яке аз роҳҳои рушди муассисаҳои томактабии хусусӣ  додани имтиёз ба онҳо мебошад. Бояд масъулони соҳа дар бораи паҳлуҳои дигари масъала  низ  тадбирҳо андешанд.

Ҳарамгул САНГОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2016    №: 72    Мутолиа карданд: 828

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед