logo

иқтисод

CASA – 1000. ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ БУЗУРГИ СОДИРОТ ВА РУШД

Ба озмуни «Ҷумҳурият»

Дар Покистон, хусусан мавсими гармо, қатъи неруи барқ ба истеҳсолоти саноатии кишвар зиёни калони иқтисодӣ расонда, аксаран сабаби басташавии корхонаҳо ва бекории шаҳрвандон мегардад. Вазъи Афғонистон аз ин беҳтар нест. Дар ин мамлакат низ масъалаи таъминот бо неруи барқ баъди қатъи ҷангу барқарории оштии миллӣ проблемаи муҳимтарини иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳоле ки беш аз 400 миллион нафар аҳолии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ аз неруи барқи доимӣ маҳруманд ва ҳамин омил садди азиме дар роҳи амалисозии ҳадафи муҳимтарини Созмони Милали Муттаҳид – коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисоди «сабз» гардидааст, дар фаслҳои гарм миллиардҳо киловатт – соат неруи барқи зиёдатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки дорои захираҳои бузургтарини гидроэнергетикии ҷаҳонанд, бебозгашт нобуд мешавад. Тобистон аз ҳаҷми бузурги обе, ки аз обанборҳои мавҷудаи Тоҷикистон  бе гузаштан аз агрегатҳо ва ҳосил кардани неруи барқ, яъне беҳосилу  беҳуда сар дода мешавад, мувофиқи ҳисоби коршиносон, бе харҷи иловагӣ то 4 миллиард кВт – соат неруи барқ истеҳсол кардан имконпазир аст ва мо метавонем дар фаслҳои гарм то 7 миллиард кВт – соат неруи барқ фурӯшем. Маҳз истифодаи оқилонаи имконоти азим – захираҳои энергетикаи обии Осиёи Марказӣ мақсади асосии барномаи минтақавии CASA – 1000 (интиқоли неруи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ, яъне аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон) аст. Мақсади барнома ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид комилан мувофиқат мекунад. Барнома таҳаввулоти бузург дар таърихи  ҳамкориҳои байни ин чор давлат, ҳамчунин қисмати муҳимтарини пойгоҳию ташаккул барои амалисозии барномаи ояндаи CASAREM (Бозори минтақавии неруи барқ барои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) маҳсуб меёбад. Ҳадафи CASAREM такомули шабаки интиқоли неруи барқ ва роҳандозии ҳамкориҳои гуногунсоҳаи  кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мамолики дигари Осиёи Ҷанубист.
CASA – 1000  барномаи фарох, мушкилэҷод, аммо татбиқпазир аст. Ба дигаргуниҳои куллӣ дар рушди иқтисоди кишварҳои минтақа, бо ҷойи кор таъмин  намудани аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, тақвияти амният, вусъат гирифтани раванди оштию оромӣ мусоидат мекунад ва ба густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии кишварҳои минтақа такон мебахшад. CASA – 1000 ҳамчунин, таъмини як қатор масоили иқтисодию иҷтимоӣ ва экологии минтақа, назири таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва кам кардани партоби газҳои заҳрогин ба атмосфераи сайёраро бо роҳи истеҳсолу интиқоли неруи барқи арзон ва тозаи экологӣ фаро мегирад. Ба инфрасохтори асосии барнома барои истеҳсоли неруи барқ  «Норак», «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», «Бойғозӣ», «Сарбанд», «Токтогул» ва неругоҳҳои дигари барқи обии Тоҷикистону Қирғизистон дохил мешаванд, яъне ин қисмати барнома пешакӣ ҳаллу фасл шудааст. Ҳатто бе бунёд намудани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ барои интиқоли неруи барқ захираҳо кифояанд. Бо анҷом ёфтани барнома неруи барқи изофӣ тавассути хати баландшиддати 500 кВ аз «Датка»-и Қирғизистон ба зеристгоҳҳои «Хуҷанд» - у «Сангтӯда» - и Тоҷикистон (477 км)  ва минбаъд  бо хати боз ҳам баландшиддаттар ба Афғонистону Покистон (боз 750 км) интиқол меёбад. Бунёди хати интиқоли баландшиддат аз зеристгоҳи «Датка» то шаҳри Хуҷанд, зеристгоҳи захиравию интиқолии иқтидораш 1300 мВт дар Сангтӯда, кашидани хати баландшиддати  барқ аз Сангтӯда то Кобул ва Пешавар, зеристгоҳҳои  пуриқтидори таъминкунандаи воридоту содироти неруи барқ дар шаҳрҳои Кобули Афғонистон (300 мВт) ва Пешавари Покистон (1300 мВт) қисматҳои асосии барномаи CASA – 1000 мебошанд. Барнома бо назардошти фоида аз содирот ва коҳиш додани  норасоии неруи барқ барои ҳамаи  ҷонибҳои дар он ширкаткунанда манфиатовар аст.
Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон тавонистанд то расидан ба марҳилаи амалисозӣ роҳи мушкили гуфтугузорҳои бисёрҷониба, дарёфти шарикони маблағгузор ва ҷузъиёту тафсилоти бешумори  барномаро  ҳал намоянд. Таъсиси Шӯрои  байниҳукуматии Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон, ки сохтори асосии назоратии  CASA – 1000 аст, ҳамчунин,  қадами қатъие буд  дар роҳи бартарафсозии мушкилоти марҳилаи коркард ва ба тасвиб расондани барнома. Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон 19 феврали соли 2014 барои татбиқи барнома Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расонданд. То ба марҳилаи асосӣ расидан аъзои Комиссияи байниҳукуматӣ борҳо дар Душанбе, Бишкек, Исломобод, Алмаато, Вашингтон, Истанбул ва шаҳрҳои дигар гирд омада, оид ба ҳар ҷузъи барнома баъди баррасӣ қарорҳои муҳим қабул намуданд. Котиботи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойгир аст. Ҷойи таъкид аст, ки бе пойгоҳи мустаҳками ҳуқуқии байналмилалӣ амалисозии барнома номумкин буд. Ёдрас месозем, ҳар 4 давлат аъзои Шартномаи Хартияи энергетикианд, ки тақвияти пойгоҳи ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои энергетикаро барои кишварҳои  содиркунанда, воридкунанда ва транзитӣ ҳадаф қарор додааст.
Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд,  Агентии ҳамкориҳои байналмилалии ИМА (ЮСАИД), Департаменти давлатии ИМА, Вазорати ҳамкориҳои байналмилалии Британияи Кабир (DFID), Агентии байналмилалии рушди Австралия (AusAID), Хазинаи рушди Кувайт  сарпарастони асосии молиявию машваратии барнома ба шумор мераванд.  Ҳамзамон, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ҳю Стенли Филпотт изҳор намудааст, ки Ҳукумати Британияи Кабир омода аст барои татбиқи барномаи минтақавии CASA – 1000 Тоҷикистонро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намояд. Ҳукумати Россия низ бо шартҳои муайян ба ҷониби Қирғизистон сармояи  калон ваъда додааст.
Лоиҳаи нави  Асоси  техникию иқтисодии CASA – 1000 (АТИ), ки омилҳои муҳими татбиқи барномаи боз ҳам фарохдомани CASAREM – ро низ дурнигарона дар бар мегирифт, моҳи феврали соли 2011 аз ҷониби ширкати lavalin – и Канада омода гардид. Тамоми тафсилоти тадқиқот ва АТИ – и барномаи  CASA – 1000 дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ ҷой дода  шудаанд ва барои ҳамагон дастрасанд. Маблағи барномаи дорои аҳамияти байнидавлатии CASA – 1000 беш аз 1 миллиарду 170 миллион долларро ташкил медиҳад. Тоҷикистон содиқ ба сиёсати озмудаи худ - «дарҳои кушода»  омода аст дар амалисозии барнома бо ҳамаи давлатҳо ва ширкатҳои ҳавасманд ҳамкорӣ намояд.
27 марти соли 2014 Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ дар бораи маблағгузории барномаи CASA – 1000 дар ҳаҷми 526,5 миллион доллар қарор ба тасвиб расонд. Тибқи ин қарор барои Афғонистон 316,5 миллион, Тоҷикистон 45 миллион (дар шакли грант), Қирғизистон 45 миллион (дар шакли гранту қарз) ва Покистон 120 миллион (дар шакли қарз) доллар ҷудо гардид. Ҳамзамон зикр шуд, ки  ин ҳадди охири ёрӣ нест. Ҳукумати Тоҷикистон барои татбиқи барнома аз буҷети давлатӣ - 15 миллион доллар равона намуд. Барои татбиқи қисмати тоҷикистонии барнома мувофиқи АТИ ва ҳисобҳои молиявии Бонки ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ 314 миллион доллар зарур аст. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, ин қисмат  аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва сармоягузорони дигар сохта мешавад. Ҳоло паймонкорони асосӣ ба воситаи озмун (тендер) муайян гардида, дар муҳлатҳои наздиктарин марҳилаи  амалисозӣ оғоз меёбад. Тоҷикистон барои татбиқи барнома ба ғайр аз маблағи ҷудонамудаи Бонки ҷаҳонӣ, ҳамчунин бо Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба маблағи 110 миллион доллар ва Бонки инвеститсионии Аврупо ба маблағи 70 миллион евро  созишномаҳои қарзӣ ба имзо  расондааст.  Тибқи созишномаи байниҳукуматии 4 давлат Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дар мавсими гармӣ наздики 1300 мВт неруи барқ мефурӯшанд.  70 дарсади ҳаҷми неруи барқи содиротиро Тоҷикистон ва 30 дарсади онро Қирғизистон таъмин менамоянд. Мувофиқи созишномаи баимзорасида нархи ҳар киловатт неруи барқ барои Покистон 9,35 сенти амрикоӣ, барои Афғонистон хеле арзонтар мебошад. Дар марҳилаи аввал иқтидори интиқолии CASA – 1000  1000 мВт – ро ташкил хоҳад дод. Афғонистон 300 ва Покистон 1000 мВт неруи барқ мегиранд.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат, Тоҷикистон соли гузашта ба Афғонистону Қирғизистон бо нархҳои хеле арзон беш аз 1 млрд. кВт – соат неруи барқ содирот намуд, ки ба 15 дарсади ҳаҷми умумии истеҳсол дар мамлакат баробар аст. Содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя 1 октябр бо сабаби камшавии ҳаҷми оби обанбори Норак қатъ гардид. «Норак» қисмати асосӣ, «Сангтӯда – 1» 12 дарсади  неруи барқи кишварро истеҳсол мекунанд. Пайвастшавии шабакаҳои барқии Тоҷикистон бо Афғонистону Эрон ва Туркманистон бо Афғонистон ҳалли мушкилоти норасоии неруи барқ дар минтақаҳои наздимарзии ин кишварҳоро низ осонтар мекунад ва барои табодули неруи барқ дар фаслҳои муайян шароит фароҳам меорад.
 Дар баробари ҷонибдорони зиёд  CASA – 1000 мухолифи ашаддию сарсахти  худро дорад – Ӯзбекистон. Тошканд мегӯяд, дар лоиҳаи барнома шароити истеҳсол ва интиқоли неруи барқ дарҷ наёфтааст. Ӯзбекистон ҷиҳати монеъ шудан ба татбиқи барнома дари тамоми  созмонҳои бонуфузи ҷаҳониро кӯфта, ҳангомаҳои  зиёди сохтаю бемаврид барпо намудааст. Ҳатто ба Покистон бар ивази даст кашидан аз ин тарҳ ваъдаҳои зиёд дод. Ба ғавғою нигарониҳои Тошканд вазирони корҳои хориҷию бахши энергетикаи Тоҷикистону Қирғизистон, Покистону Афғонистон ва роҳбарону коршиносони созмонҳои байналмилалӣ аз минбарҳои баланд, назири Маҷмаи кулли СММ, посухҳои қотеъона додаанд.
- Мақсади барнома бунёди шабакаи боэътимоду босамари таъминот  ва интиқоли неруи барқи зиёдатии кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, ба ҳадафҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба решакан кардани шаклҳои бадтарини камбизоатӣ ва беҳтар намудани шароити  зиндагии мардум мувофиқат мекунад, - изҳор  дошт Лора Так, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ доир ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дар посух ба ҳангомасозии Ӯзбекистон. Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаҳ, низ дар посухи худ таъкид намудааст, ки байни лоиҳаҳои CASA – 1000 ва Роғун ҳеҷ иртибот мавҷуд нест. Вале дар сурати бунёди Роғун ва бакарат зиёд шудани истеҳсоли неруи барқ низ касе ва давлате ҳуқуқи монеъ шудан ба содироти онро надорад, ин ҳаққи фақат Тоҷикистон аст. Дар ҳамин ҳол коршиносон бар онанд, ки мухолифати Ӯзбекистон сирф барои бозори тиҷоратӣ буда, ба он ҷомаи сиёсӣ пӯшонданӣ мешаванд. Афғонистону Покистон, ҳамчунин кишварҳои дигари Осиёи Ҷанубӣ (аз ҷумла Ҳиндустон) бозори тиҷоратие маҳсуб меёбанд, ки ба неруи барқ талаботи калон доранд, Ӯзбекистону Туркманистон низ кайҳо  тарҳи бунёди иқтидорҳои бузурги  истеҳсоли неруи барқро кашидаанд. Аммо Тоҷикистон барои истеҳсоли неруи барқи арзон аз манбаъҳои табиӣ, барқароршаванда ва аз нигоҳи экологӣ тоза захираю имкониятҳои хеле бузургтар дорад. Ба андешаи муовини директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Аброр Мирсаидов, Покистону Афғонистон ба амалисозии ҳарчи зудтари  барнома беш аз Тоҷикистону Қирғизистон ҳавасманданд.
- Ӯзбекистон газу нафт дорад, аммо дар ҳама ҳол, имконоташ дар ин бахш ба Тоҷикистон баробар нест, зеро; 1) захираҳои газу нафт хоҳу нохоҳ тамомшавандаанд; 2) аз нигоҳи экологӣ барқи гармӣ мисли барқи обӣ тоза нест; 3) арзиши аслии барқи обӣ паст, ба фоидаи ҳам фурӯшанда, ҳам харидор аст, - мегӯяд ин олим.
Тоҷикистон дар оянда ба маркази минтақавии тиҷорати неруи барқи арзону тоза мубаддал шуда, дар ин бозор нақши калидӣ бозида метавонад. Талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода, робитаҳои дӯстонаи Сарвари давлат бо сарони давлатҳои ҷаҳон, пуштибонии СММ, Бонки ҷаҳонӣ, ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар давлату созмонҳои баландэътибор моро ба татбиқи муваффақонаи CASA – 1000 эътимоди комил мебахшанд. Тоҷикистон ба шоҳроҳи бузурги содиротӣ қадами нави устувор хоҳад гузошт. Ҳақ комилан ба ҷониби Сарвари мост, ки дар Паёми имсола таъкид намуданд: «Сохтмону таҷдиди иншооти энергетикии ба нақша гирифташуда дар ояндаи наздик имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон пурра бо барқ таъмин гардида, барои содироти неруи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда шавад... Сохтмони хати минтақавии интиқоли барқи CASA - 1000 (252 километр) ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ оғоз мегардад, ки он шабакаҳои барқии моро бо дигар кишварҳои минтақа пайваст намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя мусоидат мекунад».
Сайвалӣ АЗИЗ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14-15.04.2016    №: 72,73    Мутолиа карданд: 706

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед