logo

фарҳанг

ОЛАМИ РАНГИНИ МОӢ, КИТОБ!

Китоб беҳтарин тарбиятгари башар мебошад. Ҳамин аст, ки бо вуҷуди пешрафти илму техника то ҳанӯз ҷойгузини беҳтаре ба ҷои китоб пайдо нашудааст.

Чунки он инсонро ба олами зебои маънавиёт ва дунёи рангини сеҳрбори сухан мебарад. Хушо бар ҳоли он миллате, ки ин дунёи илму маърифатро аз кӯдакӣ дар ниҳоди насли наврас ҷой диҳад. Барои ояндаи дурахшони Ватан фарзандони бомаърифату фарзона ва бузургро тарбия кунад.
Боиси хушҳолист, ки ҳамасола 2-9-уми апрел дар  кишвар бо мақсади тарбияи насли наврас дар рӯҳияи китобдӯстӣ, меҳанпарастӣ ва арзишҳои баланди инсонӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мешавад.
Ба ин хотир, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 88 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҳфили адабӣ - бадеӣ зери шиори «Қаҳрамонони халқи тоҷик» ороста шуд. 
Дар маҳфил адибон Хосият Вализода, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Садриддин Ҳасанзода, Дили Тоҷик, Назокати Сафар, Маликаи Аваз иштирок карда, ба толибилмон омӯзиши бештари илму ҳунарро тарғиб намуданд.
Мудири шуъбаи бачагонаи № 3 - и китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Назокати Сафар, ки яке аз масъулини ин маҳфил буд, чунин ибрози назар кард:
- Бо ташаббус ва дастгирии вазоратҳои фарҳангу маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, дар кишварамон ҳамасола «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» гузаронда мешавад. Доир ба қадру манзалати китоб, арҷгузории ин дурри маънӣ беҳтарин маҳфилҳои адабӣ ташкил мешаванд. Мо шуъбаи бачагонаи № 3 – и китобхонаи Абулқосим Лоҳутӣ дар ҳамкорӣ бо мактаби № 88  ин чорабиниро доир кардем, то саҳми худро дар тарбияи насли наврас дошта бошем. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як китобдор ин аст, ки самимона дар хизмати мардум бошад. Адабиёти заруриро дастрас намуда, пешкаши хонандагону дӯстдорони сухан намояд ва дар замири онҳо меҳри китобро бедор намояд.
  Дилафрӯз ҚУРБОНӢ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2015    №: 73    Мутолиа карданд: 547

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед