logo

иҷтимоиёт

ДИҚҚАТ, ТАБИБИ ХУД БОШЕМ!

Шиддатёбии бемории саратони ғадуди шир ва бачадон баъди синни 26 - солагии занон масъалаи доғи рӯз аст. Ин беморӣ вобаста ба синну сол ва тағийр ёфтани организм шакл мегирад. Саратони  ғадуди шир ва бачадонро мутахассисон баъди бемории дил ба саломатии инсон хавфнок мехонанд.
Дилором Мирзоева, мудири шуъбаи момодоягӣ ва ҷарроҳии реконструктивии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мегӯяд, ки соли гузашта 325 бемор дар шуъба табобат гирифтанд, ки аксари онҳо модарон мебошанд. «Соли равон 40 адад бемории мастектамияи радикалӣ зиёд ба қайд гирифта шуд. Солҳои охир саратони ғадуди шир дар занони то синни 27 - сола ҳам ба қайд гирифта мешавад. Дар ҳоле ки солҳои қаблӣ бемории мазкур аз синни 35 боло мушоҳида мегашт» - иброз дошт ҳамсуҳбатам.
Сабабҳои пайдо шудани беморӣ дар занон баъди синни аз 30 боло, дер таваллуд кардан ва риоя накардани маводи ғизоии парҳезӣ мебошад. Масалан, занон бояд, ки бо тавсияи табиб баъди синни 40 - солагӣ камтар қаҳва ва чойи сиёҳ нӯшанд. Аз истеъмоли тезӣ, шӯрӣ, хӯришҳои очоронидашуда ё турш, нӯшокиҳои навъи  “Кока - кола”  ҳам парҳез намоянд.
Баъди ҳар ду ё як сол ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаранд, ки дар бадани онҳо ягон омос пайдо нашавад.  Ба варзиш машғул шудан ҳам яке аз воситаҳои пешгирӣ аз бемории мазкур аст. 
«Мутаассифона аксари занони мо фурсати табобати бемориҳоро мегузаронанд, ҳатто ба марҳалаи вазнин расонда, баъд ба табиб муроҷиат мекунанд. Дар ҳоле ки дар нахустин марҳалаи пайдо шудани нишонаҳои беморӣ табобати он зарур аст», - мегӯяд аз таҷрибаи корӣ  Дилором  Мирзоева.
Ба андешаи мутахассисон солҳои охир шароит барои гузарондани ин намуд ҷарроҳӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад.
Ҳамчунин, роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба тарзи ҳаёти солим, дастрасӣ ба таҷҳизоти замонавӣ ва ошкор кардани бемориҳо мусоидат намуда истодааст. Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ иттилоъ медиҳад, ки таъсиси марказҳо дар 72 шаҳру навоҳӣ ба ташхиси беморон имконият фароҳам овард. Беморӣ дар марҳилаи аввалинаш ошкор гардида, маризон ба марказ фиристода мешаванд.

Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2015    №: 73    Мутолиа карданд: 544

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед