logo

иқтисод

1036 САР ҚУТОС КУҶО ШУД?

Қутос  ҳайвони пурқувват ва  ба шароити  сарди  кӯҳистон тобовар аст.  Қариб  тамоми фасли сол метавон онро дар ҳавои кушод нигоҳубин намуд. Бар зимни ин парвариши  қутос  хеле манфиатовару  камхарҷ буда,  чандон заҳматталаб нест. Вазни  қутос  то  400  килограммро ташкил дода,  баҳри афзоиши маҳсулоти гӯшту шир ниҳоят судманд мебошад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти муҳимияти соҳа «Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2015» - ро роҳандозӣ намуд.  Дар  раванди иҷрои барнома ба хоҷагиҳои чорвопарварии  навоҳии мамлакат, аз ҷумла ба ноҳияи Лахш,  ҷиҳати афзоиши саршумори қутос чанд маротиба қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардид.  Иқлими  минтақаи Лахш  баҳри нигоҳубин ва  парвариши кутос хеле мусоид буда,  аз даврони пеш   сокинон ба ин кор машғул буданд. Дар давраи амалишавии барнома барои овардани қутос аз ноҳияи Мурғоб ба хоҷагиҳои чорвопарварии ноҳия 220 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. Ҳамчунин, бо ташаббуси роҳбарияти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо иштироки олимону мутахассисон семинар – машваратҳо доир гаштанд. Мутахассисони соҳа ба хоҷагидорон оид ба роҳу усулҳои самараноки парвариш, зиёд намудани наслҳои хушзот, тарзи нигоҳубин ва захираи хӯроки чорво маслиҳатҳои судманд доданд. Бо дастгирии Роҳбари давлат ва заҳмати хоҷагидорон саршумори қутос солҳои 2008 – 2012 аз 330 то ба 1652 сар расид. Вале дар солҳои минбаъда саршумори қутос дар ноҳия  ба миқдори зиёд коҳиш ёфт.  Шурӯъ аз соли 2012 дар хоҷагиҳои дахлдор талафи қутос бештар сурат гирифтааст. Тибқи маълумоти бахши агентии омори ноҳия, айни ҳол дар 4 хоҷагӣ  ҳамагӣ 616 сар қутос боқӣ мондааст, ки назар ба соли 2012   1 ҳазору 36 сар кам мебошад. Аз он  138 сар   наслдиҳанда аст.
Дар  ихтиёри ягона хоҷагии давлатии  «Зотпарварии қутоспарварӣ»  айни ҳол 309 қутос мавҷуд буда, аз он ҳамагӣ  32 сар наслдеҳ мебошанд. Аммо Салоҳиддин  Маҳмадрасулов, сардори хоҷагӣ, изҳор дошт, ки,  метавонем дар оянда саршумори қутосро аз ҳисоби наслгирӣ зиёд намоем.
Дар қиёс ба хоҷагиҳои давлатӣ фаъолияти ду фермаи хурди чорводории «Миршодӣ» ва «Баракатулло»  беҳтар  буда, талафи чорво кам ба назар мерасад. Вале бо кори ду хоҷагӣ наметавон сатҳи парвариши қутосро дар ноҳия ҳадди ақал қаноатбахш ҳисобид. Далелҳо бозгӯйи онанд, ки масъулон дар пешбурди  соҳа камтар  аҳамият зоҳир намуда,  ба  ҷойи зиёд  намудани  саршумори  чорвои барои хоҷагии халқ  ниҳоят  фоидабахшонро ба маротиб коҳиш додаанд. Ҳолати  қутоспарварӣ дар ноҳияи Лахш аз масъулони мақомоти маҳаллӣ,  Вазорати кишоварзӣ ва дигар идораҳои дахлдор тақозо менамояд, ки баҳри афзоиши саршумори он  дар ин минтақаи кӯҳистон чораҳои таъхирнопазир андешанд. Зеро тайи чор сол 1036 сар кам шудани қутос дар хоҷагиҳо хеле нигаронкунанда мебошад.
 Додарҷони МИРЗОЗОДА,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2015    №: 73    Мутолиа карданд: 637

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед