logo

фарҳанг

МАРДЕ, КИ БОРИ ЯК МАТБААРО МЕКАШАД

Бисёр дидаву  шунидаем, ки нафарони зиёде аз ҳисоби даромади хеш даст ба корҳои хайр мезананд. Аммо кам дидаем шахсеро, ки  тамоми ҳастӣ ва вуҷуди худро ба кори дӯстдошта  бахшидаву умре дар иҷрои рисолаташ  бошад.

Оқилҷон  Зиёдалиён аз ҷумлаи чунин нафарон ҳаст, ки умри пурбаракати хешро дар роҳи хизмат ба мардуми ниёзманд сарф намудааст. 
Дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ба аёдаташ рафтем. Утоқи кориаш  на он қадар калон, вале равшану озода буд. Рӯйи миз  китобҳои муқовасурхи  ҳаҷми ниҳоят калон бо тартиб чида шудаанд. Наздиктар рафтам. “ Аҷабо, ин китобҳоро чӣ гуна  чоп мекарда бошанд?” – чашм аз китобҳои бо ҳуруфи брайлии барои нобиноён чопшуда наканда андешидам. Хусусан, компютерҳои утоқ хеле аҷиб буданд. Онҳо аз компютерҳои муқаррарӣ фарқи калон  доштанд. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо пай бурдам, ки ин кори бисёр мушкил ва меҳнатталабро  Оқилҷон Зиёдалиён бар уҳда доштааст. Оқилҷон  муҳаррири  матбааи навтаъсиси назди филиали Иттиҳодияи  миллии нобиноёни Ҷумҳурии   Тоҷикистон мебошад.
Ӯ марде, ки солиёни дароз ба чопи китоб машғул аст ва дар рушди маънавии толибилмони нобино саҳми беандоза мегузорад. Ин матбаа соли 2010 таъсис ёфта, ягона мутахассиси он Оқилҷон Зиёдалиён мебошад. Яъне, ӯ худ ба танҳоӣ бори як нашрияро мекашад.
“Китобчопкунӣ бо ҳуруфи брайлӣ ниҳоят заҳматталаб ва гаронарзиш аст. Ҳар кас наметавонад бори вазнини онро бар дӯш бигирад, аммо ман то зинда ҳастам, аз  дастам кори меомадагиро барои бомаърифат намудани нобиноён мекунам, зеро онҳо низ бисёр донистан мехоҳанд ва мекӯшанд, то аз маънавиёт дур набошанд” - мегӯяд вай. Воқеан ҳам, ӯ як инсони заҳматкаш аст.  Чанд моҳ боз аз ҳисоби харобии буҷаи иттиҳодия маош нагирифта бошад ҳам, ба  кор дилмондагиро эҳсос наменамояд. Маоши худро низ дар кор истифода мебарад.
Баҳор ҳам омад. Баҳори пурфайз  ва деринтизор, ки пайки хушиву хурсандии зиёд меоварад. Ҳар кас  ҳар хел орзу мекунад ва ба ҳар тарз ҷашн мегирад. Аммо Оқилҷон  дар орзуи он аст, ки дар ин иди пурбаракат дастгири чунин нафарон зиёда гардад. “Ман шукургузорам аз он ки  нонамро ёфта метавонам, бо вуҷуди ин ки чашмонам заиф  аст ва қудрату  тавоноии зиёд надорам. Шукургузорам, ки дар як фазои осуда, ки ҷаҳониён орзуяш мекунанд, зиндагӣ дорам”, - мегӯяд Оқилҷон Зиёдалиён.
Лола РИЗОЕВА,
Нигина УСМОНОВА,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2015    №: 73    Мутолиа карданд: 419

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед