logo

иҷтимоиёт

МУШКИЛИ № 1. БОЗ ДАР БОРАИ НОРАСОИИ МУТАХАССИСОН

Пешвои миллат - Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баробари ҳалли масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайёр кардани мутахассисонеро, ки таҷҳизоту технологияҳои муосири тиббиро самаранок истифода бурда тавонанд, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти роҳбарону масъулини соҳа арзёбӣ намуд.

Маркази байниноҳиявии бемориҳои рӯҳӣ дар минтақаи Рашт соли 2009 таъсис ёфтааст. Он солҳои аввали даврони истиқлолият ҳамчун шуъбаи беруназшаҳрии маркази бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият дошт. Марказ аз шуъбаҳои занона ва мардона иборат буда, дорои 60 кат ва дармонгоҳи машваратӣ мебошад. Тибқи иттилои мутахассисон марказ ба аҳолии  навоҳии водӣ, ки дар маҷмӯъ 399000 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ёрии равонпизишкӣ мерасонад.
Саймаҳмад Саидов, директори Маркази байниноҳиявии бемориҳои рӯҳӣ дар минтақаи Рашт, ҳангоми суҳбат бо хабарнигори рӯзнома дар хусуси фаъолияти кунунии марказ чунин ибрози андеша намуд:
- Барои бемороне, ки табобат мегиранд, ҳамаи ҳолатҳои беҳдоштӣ, сару либос, пойафзол, сарпӯш, рахти хоб муҳайё гардидааст. Инчунин, барои барқарор кардани қобилияти меҳнатии беморон дар дохили шуъбаҳо шароити хуб фароҳам оварда шуда, беморони шуъбаҳои занона ба дӯхтани сару либос машғул мешаванд. Онҳо сари вақт муоина, ташхис ва табобати соҳавиро мегиранд. Беморон барои дурустии ташхис, таъйини табобат ва муайян намудани ҳолати рӯҳиашон мунтаззам аз муоинаи комиссионӣ мегузаранд. Ҳамаи бемороне, ки дар шуъбаҳо дохил мешаванд, се вақт бо хӯроки гарм, анҷомҳои хоб, инчунин доруворӣ ба таври ройгон таъмин мегарданд.
Дар баробари ин, албатта, баъзе камбудиҳои ҷойдошта барои самаранокии фаъолият монеа эҷод мекунанд.
Масъалаи ҳалталаби асосӣ нарасидани утоқҳои кории дармонгоҳҳои машваратӣ, бахусус поликлиника ва нарасидани мутахассисони соҳаи равонпизишкӣ мебошад. Ҳамчунин, барои амалӣ гаштани фаъолияти марказ барои сари вақт расондани ёрии тиббӣ ба беморони равонӣ нақлиёт ҳатмист. Моҳи майи соли 2011 ба беморхона як автомошинаи УАЗ - 452 ҷудо шуд. Ҳоло бо сабаби корношоям буданаш барои иҷрои фаъолияти марказ мушкилӣ меорад.
Кормандони Маркази байниноҳиявии бемориҳои рӯҳӣ дар минтақаи Рашт умед доранд, ки бо бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта хизматрасонӣ дар ин минтақаи сернуфуз боз ҳам беҳтар мегардад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2015    №: 73    Мутолиа карданд: 448

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед