logo

иҷтимоиёт

ШУКР ГӮӢ…

Бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаи кунунӣ ҳар саҳар ба кор мебароям ва ин нуктаро пайваста ба шогирдон талқин мекунам, ки шукргузор бошанд. Шукр аз истиқлолияту озодӣ, осудагию амонӣ, сулҳу салоҳ, серию пурӣ, ободии кишвар, хандаҳои беғаши кӯдакон, гулзору боғзорҳо, роҳҳои чун каф ҳамвор, бунёди биноҳои истиқоматию мактабу боғчаҳо ва ғайра.

Барои мо бояд саҳифаҳои таърихи солҳои навадуми садаи бистум чун оинаи ибрат бошанд. Мо бояд ба дирӯз нигаҳ карда, фардои худро бисозем. Ба қавли Мирзо Бедил:
Сайқалгари оинаи таҷдид қадим аст,
Натвон ба навӣ ғофил аз он сози куҳан рафт.

Гӯё дирӯз буд, ки қаҳтиву гуруснагӣ ва мотаму мусибат ҳама ҷоро фаро гирифта,  умед ба ояндаи равшан дигар намонда буд ва Ашӯр Сафар (рӯҳаш шод бод!) ба алам мегуфт:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

Акнун ҳама рӯзҳои бад паси сар шуданд. Ҳар рӯз ҳазорҳо базму тараб доир мешавад. Барои ҳамаи ин мо бояд шукр гӯем. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳамаи қишри ҷомеа: олим, омӯзгор, шоир, нависанда, рӯҳонӣ атрофи сиёсати солим гирд оем, мардумро ба роҳи рост ҳидоят намоем, ба ояндаи неку равшан умед бандем.
Ҳанӯз падарсолори шеъри мо устод Рӯдакӣ самимию барҷаста ҳидоят карда, одамонро таскин медод, ки:
Дар беш зи худе назар макун ғусса махӯр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ!

Агар нек назар андозем, тайи солҳои охир одамон дар маҷмӯъ як навъ сабқат доранд барои зиндагии боҳашамат. Барои доштани хонаи беҳтарин, мошини беҳтарин, баргузор кардани маъракаи беҳтарин ва ғайра. Ин падида гувоҳӣ аз шароити хуби иҷтимоии мардум медиҳад. Бадии кор ин аст, ки мардуми дороияш миёна ва нодор ҳам дар ин сабқат иштирок карданӣ мешаванд. Хуб шуд, ки қонуни танзим баромаду пеши роҳи ин падидаро то як андоза гирифт. Варна ҳар кӣ доирнамоии маросимҳои моро бинад, намегӯяд, ки ин мардум камбизоату камбағал аст.
Имрӯз моро лозим аст, ки аз талқингари шукргузорӣ аз амнияту фазои солими сиёсӣ бошем, тарғибгари умед ба ояндаи нек бошем. Зеро ғояти адабиёт хушояндиву созандагӣ аст, на талқин ба ноумедиву оҷизӣ ва бадбинӣ.
Боймурод ШАРИФЗОДА,
декани факултаи филологияи тоҷики
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2015    №: 73    Мутолиа карданд: 559

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед