logo

сиёсат

ҲАР ЧӢ Ӯ КАРД, НАВОВАРӢ БУД

Истиқболи гарми ҷомеа аз мақолаи Сироҷиддин Аслов
Матлаби Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори мактаби нави сиёсати хориҷӣ» дар шумораи № 71-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шуд, аз сӯи хонандагони сершумор мавриди истиқболи гарм қарор ёфт. Бо назардошти зарфияти арзишманд мақолаи мазкур дар меҳвари таваҷҷуҳи доираҳои гуногун қарор гирифта, як қатор хабаргузориҳо фишурдаи онро бо нишондоди манбаъ манзури алоқамандон намуданд. Ин матлаб дар сомонаҳои интернетӣ низ бознашр шуд ва билфосила дар шабакаҳои фаъоли иҷтимоӣ мавриди назари корбарон қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мақола Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии мамлакат, дар бораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва гузаштаву имрӯзи он андешаронӣ намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилалӣ унвон кардааст. Муаллиф дар робита ба фаъолиятҳои сиёсии Сарвари давлат таъкид кардааст: «Замоне  ки ӯ масъулияти кишвари ҷангзада ва дар ҳоли фурӯпоширо бар уҳда гирифт, ҳеҷ поя ва заминае барои пешбурди сиёсати хориҷӣ вуҷуд надошт. Ҳама медонем, ки агар Тоҷикистони мо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар идоракунии бахши иқтисодию иҷтимоӣ замина ва таҷрибае дошт, дар бахши равобити байналмилалӣ чунин таҷриба ё вуҷуд надошт ва ё хеле маҳдуд буд. Дар даврони истиқлол низ ҳанӯз фурсати ин кор ба даст наомада буд. Зеро аз замони эълони Истиқлоли давлатӣ (сентябри соли 1991) то шурӯи даргириҳои дохилӣ (майи соли 1992) на замони кофӣ дар ихтиёр доштему на давлати бокифоят бар сари кор, то равобити хориҷиро пай бирезаду мустаҳкам намояд ва мақому манзалати давлати нави тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ муайян созад... Пас, ҳар чӣ ӯ кард, аз сифр оғоз карду навоварӣ буд».
Дар идомаи матлаб зикр мешавад, ки кишварҳои олам ҳангоми тарҳрезии сиёсатҳои дарозмуддат ва интихоби мамлакате ҳамчун шарики стратегӣ, пеш аз ҳама, ба оромиши кунунии он ва заминаҳои субот дар оянда менигаранд, ки Тоҷикистон ба баракати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи шарикони хориҷии мо кишваре шинохта мешавад, ки ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад.
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2015    №: 73    Мутолиа карданд: 472

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед