logo

сиёсат

РАЪЙПУРСӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ҲУҚУҚИВУ СИЁСӢ

Тавре маълум аст, 22 майи соли ҷорӣ дар мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори «Ҷумҳурият» бо роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Абдуманон Додозода ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдаи он манзури хонанда мегардад:

- Муҳтарам Абдуманон Додозода, омодагиҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» чӣ гуна ҷараён доранд?
- Чорабиниҳои вобаста ба тайёрӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ шудааст, дар ҳамаи комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамаҷониба амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, то имрӯз 6 маротиба бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷаласаҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баргузор шуд, ки дар онҳо зиёда аз 35 масъалаи гуногуни раванди омодагиҳо ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Дар қаламрави ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи раъйпурсӣ ташкил ёфта, комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рафти корҳои омодагиро дар онҳо ҳаматарафа назорат намуда истодааст. Бо ин мақсад, дар нимаи аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар ҳамаи 68 шаҳру навоҳии кишвар бо аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ, участкавии раъйпурсӣ ва масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронда шуданд. Дар назар аст, ки ҳамин гуна семинарҳо охири моҳи апрели соли ҷорӣ такроран дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор шаванд.

- Яке аз сохторҳои асосии баргузоркунандаи раъйпурсӣ ин комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ мебошанд. Дар дохил ва хориҷи кишвар чӣ қадар участкаҳои раъйпурсӣ ташкил шудааст?
- Баъд аз ташкил шудани комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ, бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, бо қарорҳои дахлдори комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ дар ҷумҳурӣ 3239 участкаи раъйпурсӣ ташкил ёфт. Инчунин, дар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар хориҷи кишвар дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар 29 кишвари хориҷӣ 36 участкаи раъйпурсӣ ташкил карда шуд.

- Баррасии саривақтии арзу шикоятҳои шаҳрвандон яке аз масъалаҳои муҳими раъйпурсӣ мебошад. Арзу шикоятҳое, ки ба комиссияҳои раъйпурсӣ ворид мегарданд, дар чанд рӯз бояд ҳаллу фасл шаванд?
- Дар ҳақиқат яке аз масъалаҳои муҳими раванди омодагиҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ ин сари вақт ва тибқи талаботи қонун аз ҷониби комиссияҳои раъйпурсӣ ҳаллу фасл намудани арзу шикояти шаҳрвандон ва дигар субъектҳое, ки ҳуқуқи шикоят кардан доранд, мебошад. Тибқи талаботи қонун, муҳлати баррасии арзу шикоятҳо 3 рӯз муайян шудааст ва агар то рӯзи раъйпурсӣ 6 рӯз боқӣ монда бошад, арзу шикоят бояд дар рӯзи ба қайд гирифта шуданаш, фавран баррасӣ шавад. Аз натиҷаи баррасии арзу шикоятҳо комиссияҳои раъйпурсӣ қарори асоснок қабул намуда, нусхаи тасдиқшудаи онро ба аризадиҳанда месупоранд. Агар аризадиҳанда аз натиҷаи баррасии ариза ё шикояти худ норозӣ бошад, ҳуқуқ дорад дар муддати 10 рӯз ба комиссияи болоии раъйпурсӣ ё ба суд муроҷиат кунад.
Ин масъала ҳангоми баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таваҷҷуҳи аъзои комиссияҳои раъйпурсӣ расонда шуд. Инчунин, оид ба тартиби баррасии арзу шикоятҳо Дастурамали алоҳида таҳия ва тасдиқ гардид, ки ба ҳамаи комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ дастрас аст.
- Масъалаи хеле муҳими ин чорабинии сиёсӣ дуруст ва тибқи талаботи қонунгузории раъйпурсӣ пур кардани бюллетени раъйдиҳӣ мебошад. Дар бюллетен танҳо саволи мазкур: оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунед? ва ду нишони шартии ҷавоб - «ҳа» ва «не» сабт мешавад.
Мо бояд мунтазам тавассути воситаҳои ахбори омма ва семинарҳои омӯзишӣ ба маълумоти шаҳрвандон расонем, ки ба масъалаи дуруст пур кардани бюллетен таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Агар раъйдиҳанда тарафдори тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бошад, калимаи «не»-ро хат мезанад. Дар ин ҳолат калимаи «ҳа» хат зада намешавад ва ин маънои онро дорад, ки шаҳрванд ба тарафдории масъалаи дар раъйпурсӣ гузошташуда мебошад. Агар муқобили тағйиру иловаҳо бошад, калимаи «ҳа»-ро хат мезанад. Барои фаҳмондани тартиби раъйдиҳӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ плакату буклетҳо, брошюра ва маводи зиёди фаҳмондадиҳию таблиғотӣ омода шуда, рӯзҳои наздик паҳн карда мешаванд.

- Бюллетени раъйдиҳиро бо пешниҳоди кадом ҳуҷҷат дастрас кардан мумкин аст ва умуман тартиби пур кардани он дар кадом шакл сурат мегирад?
Ин маъракаи муҳими сиёсӣ 22 май аз соати 6:00 вақти маҳаллӣ оғоз ёфта, соати 20:00 ба анҷом мерасад. Ҳар як шаҳрванд бояд худаш раъй диҳад. Ба ҷои шахси дигар раъй додан манъ аст. Бюллетени раъйдиҳӣ аз ҷониби аъзои комиссияи участкавии раъйпурсӣ бо пешниҳоди шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дода мешавад.
Тибқи Дастурамале, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ шудааст, ба номгӯи ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи шахсият, ки барои гирифтани бюллетен ҳуқуқ медиҳад, инҳо дохил мешаванд: корти идентификатсионӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, билети донишҷӯӣ ва дафтарчаи имтиҳонотии донишҷӯ. Шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи саломатӣ (беморӣ, маъюбӣ ва имконияти маҳдуди ҷисмонӣ) ба участкаҳои раъйдиҳӣ мустақилона омада наметавонанд, рӯйхаташон як рӯз пеш аз раъйпурсӣ аз ҷониби комиссияҳои участкавӣ тартиб дода мешавад. Дар рӯзи раъйпурсӣ ду нафар аз аъзои комиссияи участкавии раъйпурсӣ бо бюллетен ва қуттии хурди сайёр ба хонаҳои шахсони бемор рафта, иштироки ӯро дар ин маърака таъмин мекунанд. 
 
- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои мазмуну мундариҷаи низоми ҳуқуқии раъйпурсии кишварамонро ба самъи шаҳрвандон расондан боз чӣ тадбир андешидааст?
- Баланд бардоштани маърифати сиёсию дониши ҳуқуқии мардум дар ҳақиқат яке аз масъалаҳои муҳими раванди раъйпурсӣ мебошад. Аз ин рӯ, тақвияти эҳсоси масъулиятшиносӣ ва қарзи шаҳрвандии раъйдиҳандагон дар маркази таваҷҷуҳи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар қарор дорад. Пеш аз ҳама, раъйдиҳандагон бояд ҳамчун иштирокчии фаъоли ин маъракаи сиёсӣ аз мазмуну муҳтавои қонунҳои амалкунанда воқиф бошанд. Раъйдиҳанда бояд ҳуқуқҳои худро донад ва ҳамчун субъекти муҳими раванди раъйпурсӣ будани худро эҳсос намояд.
Дар арафаи раъйпурсӣ бояд сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба низом ва ҳуқуқи раъйпурсӣ бештар такмил дода шавад. Дар самти амалисозии ин раванд усулҳои гуногун мавриди истифода қарор мегиранд, ки маъмултарини онҳо воситаҳои ахбори омма мебошад. Зеро воситаҳои ахбори омма, ки таъминкунандагони асосии фазои иттилоотӣ ҳастанд, ҳамчунин, аз судмандтарин василаҳои тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардум арзёбӣ мегарданд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои шарҳу тавзеҳи қонунгузории раъйпурсӣ ва масоили марбут ба он азм дорад, ки аз имконоти телевизион, радио, рӯзномаҳо ва шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода бурда, мазмуну мундариҷаи низоми ҳуқуқии раъйпурсии кишварамонро ба самъи шаҳрвандон расонад.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2015    №: 73    Мутолиа карданд: 590

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед