иқтисод
МУЪМИНОБОД: ОБУ ОБОДӢ
Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Сокинони Муъминобод дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро вобаста ба ин соҳаи муҳими хоҷагии халқ сармашқи кори худ намуда, барои рушди боғу токпарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, рустанипарварӣ ва дигар соҳаҳо ҷидду ҷаҳд доранд.
Майдони умумии замин дар ноҳия 118217, аз ҷумла боғу токзор 5485, замини кишт 11399, ҷангалу бешазор 8425 гектарро ташкил медиҳад. Аксари деҳаҳо бо оби кишоварзӣ таъмин шуда истодаанд. Масалан, соли гузашта майдони кишти картошка ба 625 гектар расонда, ҳамаи заминҳо бо оби кишоварзӣ таъмин карда шуданд.
Дар деҳаи Ғофилобод 24 сол боз барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ об набуд. Бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар масофаи 4000 метр ҷӯйи васеи обгузар канданд ва мардум бо об таъмин гардид.
Кишоварзони ноҳия муваффақиятҳои солҳои гузаштаро ба назар гирифта, бо мақсади тараққӣ додани боғу токпарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, рустанипарварӣ ва дигар соҳаҳо барои зиёд намудани майдони кишти замин ва то соли 2020 – ум аз ҳисоби заминҳои бекорхобида аз худ намудани 520 гектар замини бекорхобида кӯшишу ғайрат намуда истодаанд. Онҳо ният доранд, то истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд ва содироти онро таъмин намоянд.
Қисми зиёди аҳолии ноҳия дар деҳот зиндагӣ дорад. Аз рӯйи ҳисобу китобҳо, нисфи онҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ машғули меҳнатанд. Баҳри беҳбудии зиндагию маишати аҳолӣ зарурати ба бозорҳои истеъмолӣ ворид намудани маҳсулоти шириро ба назар гирифта, бо тавсияи мутахассисон, чорводорону деҳқонони пуртаҷриба ва дастгирии роҳбарият, идораи кишоварзӣ, ҷамоатҳои деҳот ва дигар муассисаҳои ноҳия, ҳоло ташкил намудани фермаҳои хусусӣ дар заминаи хоҷагиҳои деҳқонӣ роҳандозӣ шуда истодааст. Дар хоҷагиҳои шахсӣ парвариш намудани чорвои хушзот, хусусан говҳои сершир, аз 5 – 10 сар модагов сар карда, то фермаҳои калон, ба манфиати ҳам хоҷагидорон ва ҳам истеъмолкунандагон аст.
А. МУСЛИМОВ,
иқтисодчии собиқадор, нафақагир
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.04.2016 №: 74 Мутолиа карданд: 570