logo

иқтисод

«ФАЙЗОБОД, ОБ, ОБ, ОБ…»

Дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Файзобод. Об, об, об…», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 16 феврали соли 2016, № 32 (22 854) нашр гардидааст, баррасӣ гардид.
Тайи солҳои 2014 – 2015 бо мақсади беҳтар бо об таъмин намудани заминҳои кишоварзии ноҳияи Файзобод аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосии агентӣ барои таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ва канали бо номи «50 – солагии Тоҷикистон» 580 ҳазор  сомонӣ ҷудо гардида, он тоза карда шуд.
Соли ҷорӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2015, № 261 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015 – 2016» аз ҷониби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Файзобод тибқи нақша корҳои тоза намудани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо, таъмири иншооти гидротехникӣ, дастгоҳҳои обкашӣ, чоҳҳои амудӣ, трансформаторҳо иҷро карда шуданд.
Имконияти обрасонӣ тариқи пойгоҳҳои обкашӣ мавҷуд бошад ҳам, дар моҳҳои июл – август бинобар паст шудани сатҳи оби дарёи Кофарниҳон дар сарбанди обгирии Даштибед, тақсимоти нодурусти об дар шабакаҳои обёрӣ дар қисмати охири канали ба номи «50 – солагии Тоҷикистон» имконияти обрасониро мушкил мегардонад.
Новобаста ба ин, муассисаи давлатии «Таъмир ва нигоҳдории пойгоҳҳои обкашӣ» вазифадор карда шуд, ки то мавсими обёрӣ дар пойгоҳҳои обкашӣ 4 адад пойгоҳҳои обкаширо ба кор омода намуда, тибқи дархост  хоҷагиҳои кишоварзиро бо оби обёрӣ таъмин намояд.
Ҳамзамон, раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Душанбе вазифадор гардид, ки то паст шудани сатҳи оби дарёи Кофарниҳон вобаста ба танзими  маҷрои дарё ва корҳои соҳилбандӣ чораҷӯӣ намояд.

Холмурод РАҲМОН,
директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Файзобод мақолаи хабарнигор Ташрифулло Саъдуллоев «Файзобод. Об,об,об…» - ро, ки 16 феврали соли 2016 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» №32 (22 854) нашр гардид, мавриди баррасӣ қарор дод.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи рӯзнома ба инъикоси масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия афзудааст. Ин ба ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти бахшҳои гуногун мусоидат менамояд. Дар мақолаи зикршуда низ аз мушкилоти обёрӣ тариқи канали «50 – солагии Тоҷикистон» дар мавсими обёрӣ сухан меравад. Вале беҳтар мебуд, ки хабарнигор пеш аз иншои матлаб бевосита аз канали номбурда дидан менамуд. Шабакаи обёрии мазкур 29 километр дарозӣ дорад, ки то соли 2014  13 километри он ва охири соли 2015 пурра барқарор карда шуд. Канал аз дарёи Кофарниҳон сарчашма гирифта, барои обёрии 1200 гектар замини кишт нигаронда шудааст. Аз он 210 гектар ба шаҳри Ваҳдат ва 990 гектар ба ноҳия Файзобод рост меояд. Бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соли гузашта баҳри таъмири шабакаи обёрӣ техникаю сӯзишворӣ сари вақт дастрас гардид. Дар пойгоҳҳои обкашии «50 – солагии Тоҷикистон -1»  як агрегат ва пойгоҳи «50 – солагии Тоҷикистон -2» ду агрегат таъмир гардида, омодаи коранд.  Рӯзҳои наздик дар пойгоҳи обкашии «50 – солагии Тоҷикистон – 1» низ агрегати дуюм насб мешавад ва шабакаи обёрӣ пурра бо об таъмин мегардад.
Айни замон, сари вақт пардохт накардани ҳаққи истифодаи об аз ҷониби истифодабарандагон мушкилоти ягонаи соҳа дар ноҳия мебошад. Барои пардохти музди меҳнат ва дар ин замина ҷоннок сохтани кори масъулон ҳалли масъала хеле зарур мебошад.

Нусратулло САИДМУРОДОВ,
сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Файзобод
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2016    №: 74    Мутолиа карданд: 750

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед