logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА МАСОИЛИ ОБ

ДАР РАДИФИ ПЕШОҲАНГӢ ҚОНУНГУЗОРИИ СОҲА НИЗ БОЯД ТАКМИЛ ЁБАД
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари дигар масоили муҳими сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми худ аз роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо хост, ки дар баробари вусъат бахшидани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, ҷамоатҳову деҳаҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин ба масъалаи бо оби тоза таъмин намудани аҳолӣ эътибори доимӣ диҳанд. Дар ин робита, зикр шуд, ки «Ҳоло бо мақсади беҳтар кардани таъминоти аҳолии чандин шаҳру ноҳияи мамлакат бо оби тозаи нӯшиданӣ 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст».
Айни замон, бо мақсади таъмини муътадили аҳолӣ бо оби тоза ва иштироки аҳолӣ дар муносибатҳои обистифодабарӣ, ҳамчунин истифодаи самараноки ин сарвати бебаҳо зарурати такмили қонунгузории соҳа ба миён омадааст. Зеро, новобаста аз он ки дар танзими муносибатҳои обистифодабарӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби  тоза  қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ мавҷуд мебошанд, мавриди бозбинӣ қарор додани онҳо тақозои замон аст. Аз ин рӯ, ворид намудани бархе меъёрҳои хусусӣ-ҳуқуқиро дар сатҳи санадҳои соҳавӣ зарур мешуморем. Аз ҷумла, салоҳи кор хоҳад буд, агар дар сатҳи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри мушаххаси хусусӣ-ҳуқуқӣ ворид шавад. Зеро меъёрҳои санади мазкур куллан хислати оммавӣ-ҳуқуқиро дар худ инъикос намуда, ворид намудани меъёр дар намуди танзими шартномавии обистифодабарӣ дар боби алоҳидаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон амри саривақтӣ мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки беҳтар намудани вазъи соҳа  аз тавсеаи ҳамкории шартномавӣ байни таъминкунандагон ва истеъмолкунандагони оби нӯшиданӣ вобаста мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 дар Конфронси байналмилалии намояндагони воломақоми мамлакатҳои ҷаҳон бахшида ба таҳлили миёнамуҳлати ҷараёни иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015, бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъала ҷалб намуда, изҳор дошт, ки дар шароити имрӯза қариб як миллиард сокини сайёра аз нарасидани оби тоза танқисӣ мекашад ва 2,6 миллиард дар шароити ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунад. Дар ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки дар беш аз 80 мамлакат барои таъмини аҳолӣ об намерасад, ҳар ҳафта дар миқёси ҷаҳон дар натиҷаи бемориҳои вобаста ба сифати бади об ва шароити ғайрисанитарӣ 42 ҳазор нафар вафот мекунад.
Тоҷикистон дер боз дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар ҷаҳон пешоҳанг ва нақши калидӣ дорад. Зеро Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об - барои ҳаёт", пеш аз ҳама, аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод ва бо аксари овозҳо қабул гардидааст. Аз ин рӯ, кишвари мо ҳамчун ташаббускори қабул шудани Қатънома дар масоили марбут ба об сиёсати пайгиронаро амалӣ намуда, ҳамзамон, бо назардошти аҳамияти ҷалби ҳама ҷонибҳои манфиатдор ба ин раванд  таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудааст.
Аз муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ дар ин самт бармеояд, ки ҳадаф аз талошҳои пайвастаи Тоҷикистон дар ин самт талқини истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тоза, андешидани чораҳои зарурӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об мебошад, ки ин амр дар рушди устувори кишварҳои минтақа ва ояндаи неки мардумон мусоидат хоҳад кард.

Нурулло ҚУРБОНАЛИЗОДА,
Ҳусниддин  САИДОВ,
устодони кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи
миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2016    №: 74    Мутолиа карданд: 502

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед