logo

иҷтимоиёт

АЗ ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ НАҚДӢ КӢ НАФЪ МЕБИНАД?

Аз пагоҳии барвақт дар садҳо ошхонаю қаҳвахона ва тарабхонаҳои шаҳр ҷунбу ҷӯш оғоз меёбад. Ошпазҳо ба таги дегҳо оташро баланд монда, бӯйи равғану пиёз, гӯшту сабзӣ ва мурчу қаланфурро мебароранд ва иштиҳои роҳгузаронро карнай месозанд. Дар гӯшае пешхизматҳо нишаста, баробари нақли сериалҳои шабона дидаашон коғазу сачоқҳои дастпоксозиро ба тартиб оварда, аҳён-аҳён мизоҷони доимиро бо лафзи хушу чеҳраи кушода истиқбол мегиранд.

Расидем ба ошхонаи миллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шоҳмансур» - и ноҳияи Шоҳмансур. Аз масъулон самбӯсапазро ёфтем ва мусоҳиб шудан хостем, ки серкориашро баҳона карда, ба суолҳо посухи дуруст надод. Ба ҳар ҳол фаҳмидем, ки ӯ барои як рӯзи кориаш 50 сомонӣ мегирифтааст, аммо фикр мекунам, ки ин маблағ барои чунин устоди моҳир кам аст. Дар ошхона 20 нафар фаъолият мекардааст. Аммо ягон нафари онҳо дар даст шартномаи меҳнатӣ надошт ва ҳатто чӣ будани ин ҳуҷҷати муҳимро дарк намекард. Имрӯз ошпазҳо, пешхизматҳо ва косаю табақшӯён аз фаъолияташон ва маблағи каму беши мегирифтаашон қаноатманданду парвои фардо ва муҳимтар аз ин сабти расмии собиқаи кориашонро надоранд.
«Ҳуҷҷатҳо дар сейфи шеф мебошад» гуфта, кормандон моро хотирҷамъ намудан хостанд. Зеро намехостанд, ки «барои сирри корхонаро ба берун баровардан» аз ҷойи кори дилхоҳ бенасиб монанд. Аммо ин сирнигоҳдорӣ, албатта, ба нафъи онҳо набуд. Баъдтар чун бо сарвари ҶДММ «Шоҳмансур» Маҳмад Каримов дар тамос шудем. Ӯ гуфт, ки дар ошхона қабули коркунон дар асоси Кодекси меҳнат ба роҳ монда шудаасту тибқи он кормандон ба кор таъйин ва аз кор ҷавоб дода мешаванд.
Дар назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ошхонаи миллие фаъолият дорад, ки ба он «Омӯзгор» ном ниҳодаанд. Толори ошхона тозаю озода ва хӯроки пагоҳирӯзӣ – ширбиринҷ аллакай омода гашта бошад ҳам, аз мизоҷон дарак набуд. Сарошпаз Темур Ғуломов иброз дошт, ки ошхона баъди бефаъолиятӣ аз нав кушода шудаасту ҳанӯз мизоҷи ангуштшумор дорад. Хӯрокҳо дар ин ҷо нисбат ба ошхонаҳои назди бозор 1-2 сомонӣ арзон мебошад. Баъди пурсуҷӯ маълум шуд, ки дар ин ҷо ҳам кормандон аз рӯйи шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул карда намешаванд, ки дар дасташон нусхаи он мавҷуд набуд. Ба ошпазу пешхизмат, фаррош ва косаю табақшӯй баъди ҳисоб кардани даромади рӯзона ҳақ медиҳанд, ки баъзе рӯз маблағи мегирифтаи онҳо нисбат ба дигар ошхонаҳо камтар аст.
Ошхонаи миллии «Солор» (сардораш Бобо Назаров) дар назди бозори «Шоҳмансур» воқеъ мебошаду рафтуомади одамон бисёр. Чун аз кормандон дар бораи шароити меҳнат, вақти ба кор омадан ва аз кор рафтанро пурсон шудам, арз карданд, ин тартибҳоро намедонистаанд. Ба мисли ошхонаҳои дигар бо кормандон шартномаи меҳнатӣ набаста, музди корро бе сабт кардан дар ягон ҳуҷҷат ба дасташон медодаанд. Ин амалро дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар дағалона вайрон кардани Кодекси меҳнат меҳисобанду барои пешгирии қонуншиканӣ чорае намебинанд. Чаро? Вазъ дар ошхонаҳои миллии кӯчаи Лоҳутӣ, ки дар тарафи дигари бозор воқеъ аст, беҳтар нест. Қонун қонун аст. Он бояд мавриди эҳтироми ҳама роҳбарон ва таъмини иҷрояш ҳатмӣ бошад! Умуман аз ҳама ошхонаҳое, ки дидан кардем ҳуҷҷатгузорӣ тибқи қонуни меҳнат роҳандозӣ нашудааст. Гӯё дар муассисаҳои хӯроки умумии шаҳр Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор надошта бошад?
Кас ҳайрон мешавад, ки наход аз фаъ-ол шудани аксари ошхонаҳо 15 – 20 сол сипарӣ гаштаасту ҳанӯз ҳам мақомоти ноҳиявию шаҳрии Кумитаи андоз, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз амалҳои ғайриқонунии онҳо воқиф набошанд?
Вайрон кардани қонуни меҳнат аз тарафи роҳбарони ҶДММ-ҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва дигарҳо ба дараҷае расидааст, ки коркунони доимӣ ва мавсимӣ чӣ тавр ҳимоя кардани ҳуқуқҳои худро намедонанд. Ин масъаларо Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон ва кумитаҳои ҷумҳуриявию шаҳрию ноҳиявии он низ аз мадди назар дур кардаанд. Ҳол он ки ҳифзи ҳуқуқи меҳнати кормандон вазифаи ҷонии иттифоқҳои касаба мебошад.
(Давом дорад)

Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2016    №: 74    Мутолиа карданд: 498

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед