logo

ҳуқуқ

ТАКМИЛИ КОНСТИТУТСИЯ - КАФОЛАТИ РУШДИ МИНБАЪДА

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони он аст, ки кишвари мо дар роҳи рушди фарогир қарор дошта, сохторҳои давлатӣ низ пайваста такмил меёбанд.
Дар робита ба мавзӯи мавриди назар мехостем андешаҳои хешро аз пешниҳод оид ба хориҷ намудани калимаи «Сарқонун», ки ҳамчун шарҳи вожаи «Конститутсия» дар қавсайн омадааст, оғоз намоем. Маълум аст, ки пайдоиши истилоҳи «Конститутсия» таърихи тӯлонӣ дошта, барои тамоми мардуми дунё фаҳмо мебошад. Вожаи «Сарқонун» ба истилоҳи Конститутсия пурра ҳаммаъно шуда наметавонад. Аз ин рӯ, дар бисёр давлатҳо «Конститутсия»-ро тарҷума намекунанд ва онро дар шакли асл истифода мебаранд.
Дар банди дуюми Конститутсия ворид гардидани ҷумлаи «шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад», воқеият аст. Дар Конститутсияи мо ин нукта ифода нагардидааст, ҳол он ки аз рӯзи қабули он дар мамлакати мо тарзи идоракунии давлат бо ҳамин роҳ амал мекард ва таъкиди он ба воситаи Конститутсия қобили қабул аст. Ҳамагон огоҳӣ доранд, ки шакли давлатдорӣ дар мамолики гуногуни олам бо шаклҳои президентӣ, парламентӣ ва ё омехта роҳандозӣ мешавад ва дар қонуни асосии кишварҳо ин масъала ба тарзи возеҳу равшан нишон дода шудааст.
Бо назардошти рушди забони давлатӣ, ба инобат гирифтани қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 апрели соли 2011, таҳти №459 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омадааст, ки дар матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибораву калимаҳо мукаммал гардонда шаванд. Зеро баъд аз тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар матни Конститутсия ба калима ва ибораҳое вохӯрдан мумкин аст, ки ба меъёрҳои забони адабӣ ҷавобгӯ нестанд. Аз ҳамин нуқтаи назар, дар қисми чоруми моддаи ҳафтум пешниҳод шудааст, ки калимаҳои «марзию маъмурӣ» ба калимаҳои «марзию ҳудудӣ» иваз карда шаванд. Маънии вожаи «ҳудудӣ» хеле васеъ аст. Вай ҳамон маъниро дарбар мегирад, ки ба мавқеи дахлдошта мансуб аст. Яъне ҳудудҳои хушкӣ, обӣ ва ҳавоӣ.
Ба моддаи ҳаштум қисми шашум пешниҳод шудааст, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст».
Таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллидошта метавонанд дар мамлакат низоъҳои миллиро ба вуҷуд биёранд. Яъне, қавму миллатҳое, ки дар ҳудуди як давлат зиндагӣ мекунанд, дар доираи фаъолияти ҳизби худ манфиатҳои миллиашонро аз манфиатҳои миллатҳои дигар ва давлат боло гузошта, танҳо барои он мубориза мебаранд, ки бузургӣ ва ҳуқуқҳои миллии худро дифоъ намоянд. Чунин муносибат метавонад дар кишвар нооромӣ ба вуҷуд орад.
Дар мавриди таъсиси ҳизбҳои хусусияти динидошта бояд гуфт, ки дин, хоса дини мубини Ислом ба ягон ҳизбу ҳаракат ниёз надорад. Ин маънӣ дар китоби муқаддаси «Қуръон» хеле равшан ифода гардидааст.  «Аз онон, ки дини худро пароканда сохтанд; ҳар гурӯҳ ба он чи назди ӯст, хурсанд аст!»(сураи Рум, ояти 32). Яъне, дини мубини Ислом ваҳдатро асоси таълимоти хеш медонад ва ба гурӯҳҳо тақсим шудани пайравонашро намепазирад.
Дин метавонад дар тарбияи инсон барои ҷомеа ва давлат хизмати арзанда намояд, аммо касе ҳуқуқ надорад, ки онро ба хотири манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ истифода барад. Маълум аст, ки мақсади таъсиси ҳизб ба даст овардани ҳокимият мебошад ва ба касе ҳуқуқ дода намешавад, ки сарвати умумимиллиро барои ҳадафҳои ғаразноки худ истифода барад.
Таҷрибаи талх дар кишвари мо нишон дод, ки ҳизбҳои характери динидошта наметавонанд бо роҳи осоишта барои ба даст овардани қудрат мубориза баранд ва ё дар бунёди давлату таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон саҳм гузоранд. Инро метавон дар мисоли фаъолияти ҳизби мамнӯъгардидаи наҳзати исломии Тоҷикистон мушоҳида кард. Давлат барои ин ҳизб дар қатори дигар ҳизбҳое, ки дар мамлакатамон фаъолият доштанд, шароит фароҳам овард, аммо сарварони ҳизб онро нодида гирифта, ба пайроҳаи гумроҳӣ қадам гузоштанд. Ҳамин таҷриба кифоя аст, ки мо аз таъсиси ҳар гуна ҳизбҳои характери динидошта пешгирӣ намоем.
Дар маҷмӯъ, ин ва дигар тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, таҳкими минбаъдаи равандҳои демократикунонӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамоянд.

Аброр СИДДИҚОВ,
прокурори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ,
мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2016    №: 74    Мутолиа карданд: 507

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед