logo

сиёсат

ИТТИЛОИЯИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи талаботи моддаи 55 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаи ниҳоии интихоботи миёнадаврии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба ҷои вакилони хориҷшударо дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии «Фирдавсӣ № 1» ва «Ҷаббор Расулов № 16» эълон менамояд:
10 апрели соли 2016 дар интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии «Фирдавсӣ №1» 77072 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, дар раъйдиҳӣ 63576 нафар иштирок карданд, ки  82,5 дарсадро ташкил медиҳад. Дар интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии  «Ҷаббор Расулов № 16» 103037 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, дар раъйдиҳӣ 92321 нафар иштирок карданд, ки 89,6 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар натиҷа, дар ҳавзаи якмандатии интихоботии «Фирдавсӣ № 1» номзад ба вакилӣ Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин бо гирифтани 83,4 дарсади овозҳо ва дар ҳавзаи якмандатии интихоботии «Ҷаббор Расулов № 16» номзад ба вакилӣ Акрамзода Баҳодур Исмоил бо гирифтани 58,5 дарсади овозҳо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ интихоб гардиданд.
Бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, аз 11 апрели соли 2016, Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ва Акрамзода Баҳодур Исмоил ҳамчун вакилони интихобгаштаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба қайд гирифта шуда, ваколатҳои онҳо тасдиқ гардид.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2016    №: 74    Мутолиа карданд: 486

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед