logo

фарҳанг

ТАҚЛИД МОРО ТО КУҶО МЕБАРАД?

Мусиқӣ ва шеър чун ширу шакар ҳамеша ҳампайванд буда, ба қалбҳо шодиву сурур ва рӯҳро неруву қувваи бузург мебахшанд. Дар замони пеш оҳангсозону овозхонон беҳтарин шеърҳоро интихоб намуда, оҳанг мебастанд, то ки шеъри пурмазмун муассиртар ба дили шунаванда ҷой гирад. Зеро худи он бузургмардони истеъдод фармудаанд “аз ширу шакар асал бояд рехт”. Ба мо маълум аст, ки ҳар як оҳангсоз ва овозхони давр, ки миёни омма ҳамчун санъаткор шинохта мешавад, бояд дар шинохти мазмуни шеър ва оҳанг масъулияти бузургро ҳис кунад, зеро ба воситаи суруду мусиқӣ низ метавон инсонро тарбия кард.

Аммо чаро имрӯз мазмуну оҳанг чун ширу шакар бо ҳам намепечаду инсонро мутаассир намекунад? Чаро имрӯз овозхон ва оҳангсозони соҳибистеъдод рӯйи саҳнаи ҳунар хеле каманд?
Қурбоналӣ Абдулло, оҳангсоз ва сарояндаи шинохтаи кишвар, ки тӯли солҳо дар ин риштаи ҳунар фаъолияти касбӣ дорад, чунин мегӯяд: «Албатта, ин як доғи рӯз ба ҳисоб меравад, зеро мардум чандон ба шеъру оҳанги касбӣ эътибор намедиҳад. Имрӯз дида мешавад, ки дар ҳар як нуқтаи фурӯши фитаҳои мусиқӣ, садои овозхонҳои ҳаваскор баланд аст. Ҳатто тариқи радио низ бисёр вақт шунавонида мешавад. Боз мардум ба чунин овозхонҳо зиёд таваҷҷуҳ доранд. Ҳамчунин санъаткорони ҷавони мо бисёртар ба мусиқии Ғарб тақлид мекунанд. Ин, албатта, ба санъати мо хатар низ дорад, зеро фарҳанг ва мусиқии мардуми ҳар як кишвар, ин шаҳодатномаи ҳамон миллат дар миқёси ҷаҳон ба шумор меравад».
Оё ин тақлидҳо замоне асли мусиқӣ ва шеърии моро аз байн намебарад? Гулназар Келдӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, бар он аст, ки тақлиди зиёд ба мусиқии Ғарб, имрӯз асли шеъру оҳанги хуби худамонро қариб аз байн бурдааст. «Воқеан ҳам завқи мардум коста шудааст. Мушоҳида мешавад, ки ба санъати сабук бисёртар рӯй меоранд. Матни суруду мусиқии имрӯза бе рӯҳ шудааст. Замони шӯравӣ тамоми бастакорон ва овозхонон асарҳои худро аз шӯрои бадеӣ гузаронида, баъд ба рӯйи саҳна мебаромаданд. Ҳоло чӣ? Ҳар касе, ки пул дорад, истеъдоди овозхонӣ ва ё бастакорӣ надошта бошад ҳам, метавонад дар як муддати кӯтоҳ “ситора”- и санъат шавад. Имрӯз сарояндагони ҷавони мо, ки аксари онҳо истеъдоди сайқалёфта надоранд, аз пеши худ оҳанг месозанд ё шеър менависанду суруд мехонанд. Ба мисле, ки “шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям”. Шоир аз он нигаронӣ мекунад, ки овозхонҳо бо шоирону оҳангсозони касбӣ чандон ҳамкорӣ намекунанд, аз ин хотир суруди омоданамудаи онҳо хуб намебарояд. Ӯ меафзояд: «Бояд овозхонҳои ҷавон бо шоирони касбӣ ҳамкорӣ кунанд. Дар ин раванд, Вазорати фарҳанг низ бояд фаъол бошад, мунтазам озмунҳое ташкил кунад, ки дар он истеъдодҳои воқеан арзишманд ба майдони санъат роҳ ёбанд. Дар пайи омода кардани як суруд чандин вақт бояд заҳмат кашид, то ки матн ва оҳанги хубе ба миён ояд. Чуноне ки дар даврони шӯравӣ Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Дӯстмурод Алиев, Кароматуллои Қурбон, Муқаддас Набиева, Нигина Рауфова ва даҳҳо санъаткорони дигар бо эҷодиёти худ ҷовидонӣ гаштаанд».
Аксари муҳаққиқони соҳа бар онанд, ки “шеъру оҳанг бояд мутаассир ва зебо бошанд, ки аз шунидани он рӯҳи кас ҳаловат барад”. Дар воқеъ, чӣ бояд кард, ки мардум зимни гӯш кардани сурудҳо дар баробари дилчасп будани оҳанги он ба мазмуну моҳияти онҳо низ сарфаҳм раванд.

Фирӯзҷон КОМИЛОВ,
донишҷӯи курси 4 - и
факултети журналистикаи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2016    №: 75    Мутолиа карданд: 461

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед