logo

иҷтимоиёт

СИЛ. ПИНҲОН ДОШТАНИ БЕМОРӢ ХУД ДАРДЕСТ, КИ ДАВО МЕХОҲАД

Аксарият бар онанд, ки бемории сил ирсӣ буда, аз насл ба насл мегузарад, вале инро худи силшиносон комилан нодуруст шуморида, чунин бардоштро ба сатҳи пасти маълумотнокӣ оид ба ин беморӣ рабт медиҳанд ва таъкид мекунанд, ки бояд бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ назари мардумро дар ин бора тағйир дод.
Қурбонгул Зокирова, мутахассиси силшинос, зимни суҳбат дар ин бора зикр намуд, ки соли 2000-ум 18 дарсад ва соли 2012 бошад, дар натиҷаи фаҳмондадиҳӣ ва ба роҳ мондани робита миёни мардуму кормандони тиб аллакай 68 дарсади аҳолӣ аз бемории сил ва пешгирии он огоҳӣ пайдо карданд. Алҳол сатҳи гирифторшавӣ ба бемории сил як андоза коҳиш ёфтааст, вале бо вуҷуди ин то ҳол масъалаи бо табобат фаро гирифтани нафарони сироятёфта беҳбудӣ мехоҳад. Ӯ ба норасоии мутахассисони соҳа дахл намуда, афзуд, ки соли 2000 ҳамагӣ 92 мутахассиси бемории сил мавҷуд буд ва айни ҳол ин шумора ба 360 расидааст. Ин барои ҷумҳурӣ нокифоя аст ва ба хотири рафъи ин мушкилӣ дар кишвар бояд зиёда аз 600 мутахассис фаъолият намояд.
Ба гуфтаи Қадриддин Пиров, сардори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, ҳарчанд бемории сил гузаранда бошад ҳам, он ирсӣ нест. Шахси солим метавонад бо ду роҳ сироят ёбад: бо роҳи нафасӣ (сулфа ва атса задани бемор, муошират, истифода аз зарфҳои шахси бемор) ва балғампартоии нафари сироятгашта.  
Тавре мутахассисон иброз медоранд, мушкилии ҷиддие, ки дар ин самт ҷой дорад, ин пинҳон доштани беморӣ аз ҷониби маризон мебошад. Аксарият ҳангоми зоҳир шудани нишонаҳои аввалини он (сулфаи давомнокиаш зиёда аз 2 ҳафта, нафастангӣ, хунпартоӣ, арақкунӣ, кам шудани иштиҳо, лоғаршавӣ, баландшавии тӯлонии ҳарорати бадан), бепарвоӣ зоҳир мекунанд ва бештар ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки ин оқибатҳои ногуворро ба бор меорад.
Равоншиносон бар ин назаранд, ки ҷомеа дар бораи ин гуна бемориҳо фикрҳои нодуруст доранд. Аз инсони мариз ҳазар карда, худро канор мекашанд, ки ин боиси пинҳон доштани беморӣ аз тарафи шахси ба он гирифтор мегардад. Зеро онҳо аз ифшои беморӣ дар ҳарос афтода, намехоҳанд аз наздикон ва ҷамъият дур гарданд. Дар ин ҳолат мардум бештар ба табобати халқӣ даст мезананд, ки ин на ҳамеша ба манфиати кор аст.
Шаҳром ном сокини шаҳри Душанбе, нафаре, ки аз ин беморӣ раҳо ёфтааст, дар суҳбат бо мо гуфт: “Вақте ман дар беморхона табобат мегирифтам, беморон ба умеди ҳарчи зудтар шифо ба табобати мардумӣ рӯй меоварданду бештар гӯшти гӯсфанд истеъмол мекарданд, нисбат ба табобати табибон ва доруҳо беаҳамиятӣ зоҳир менамуданд, аммо ҳамин хел шуд, ки ман аз онҳо пештар шифо ёфтам ва ба зиндагии солим баргаштам”.
Дар ин бора силшинос Қадриддин Пиров афзуд, ки гӯшти гӯсфанд танҳо барои пурқувват намудани масунияти одам хизмат мекунад: “Бинобар ғизонокии баланд доштани гӯшти гӯсфанд ва ба монанди инҳо барои сиҳатёбӣ кумак расонда метавонанд, вале дар якҷоягӣ бо истеъмоли саривақтӣ ва бетаъхири доруҳо, зеро микробактерияҳои силро танҳо доруҳои зиддисилӣ метавонанд аз организм хориҷ намоянд. Инчунин чизи дигарро бояд ба назар гирифт, ки аз истеъмоли гӯшти ҳайвоне, ки шушаш ба сил гирифтор аст, метавонад, инсон низ сироят ёбад, аммо ин ҳолат кам ба мушоҳида расида, дар Тоҷикистон бошад, то ҳол ба қайд гирифта нашудааст.
Бинобар ин, барои раҳоӣ ёфтан аз сил гирифтани табобати саривақтиву ҳамаҷониба, яъне истифодаи доруи зиддисилӣ ва истеъмоли хӯроки серғизо, ки метавонанд дар якҷоягӣ барангезандаҳои бемориро нобуд созанд, ҳатмӣ аст. Табобати сил тӯлонӣ буда, 6 то 8 моҳ ва баъзан ду солро дар бар мегирад, ки дар аксари маврид метавонад беморро хаста намуда, боиси то охир нарасондани табобат гардад, ки оқибатҳои нохушро ба миён меорад. Бо назардошти ин табибон таъкид медоранд, ки бемор бояд ҳатман зери назорати кормандони тиб қарор гирифта, қоидаҳои табобатро пурра риоя намояд.

Нигина УСМОНОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2016    №: 75    Мутолиа карданд: 429

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед