logo

иҷтимоиёт

АВВАЛ ИНСОН БОШЕМ...

Бархе аз миллатҳое, ки аҳамияти андешаи миллиро дарк карда натавонистанд ё нисбат ба ташаккули шуури миллӣ беэътиноӣ зоҳир карданд, на фақат давлати аҷдодиро аз даст доданд, балки ҳамчун миллат аз байн рафтанд. Бинобар ин, имрӯз зарурати воқеии ташаккули андешаи миллӣ ҳамчун асоси пояи давлатдорӣ ба миён омадааст.

Андешаи миллиро бояд дар ҳамбастагии арзишҳои миллӣ ва таърихӣ ташаккул дод. Зеро ҳар як падидаи нав дар заминаи чизи куҳна пайдо ва рушд меёбад, вале то чи андоза ба манфиати мардум будани онро раванди иҷтимоӣ - сиёсии ҷомеа муайян мекунад. Давлати миллӣ низ дар раванди рушди иқтисодӣ - сиёсӣ самтҳоеро пеш мегирад, ки ба манфиати миллат бошанд.
Миллати тоҷик бо пазируфтани ислом дар тамаддуни фарҳанги исломӣ нақши бисёр муҳим бозид. Вале, баъзан, баҳсҳое дар мавриди таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ ба амал меоянд, ки паёмадҳои нохуб ба дунбол доранд. «Исломро аз фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост», - омадааст дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Конститутсия озодии эътиқодро кафолат дода, интихоби дин, пайравӣ кардан ё накардан ба онро кори шахсии ҳар шаҳрванд муқаррар намудааст. Вале фаъолияти фардӣ дар шакли иттиҳодия ё ҷамъияти динӣ дар чорчӯбаи қонун танзим мешавад. Мутаассифона, фосилаи миёни манфиатҳои фардӣ ё гурӯҳӣ баъзан аз манфиатҳои давлат ва худи дин болотар мемонанд ва набояд ин манфиатҳоро ба ҳам омезиш дод.
Мусаллам аст, ки имрӯзҳо ҷаҳони муосир дар гирдоби зуҳуроти номатлубе, аз қабили ваҳшонияту хунрезиҳои бераҳмона қарор дорад, ки берун аз тасаввури ақли инсонӣ мебошанд. Бавижа, дар кишварҳое, мисли Сурия, Либия, Яман, Ироқ, Украина бар асари зиддиятҳои мазҳабӣ ва инқилобхоҳии муғризона мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, ҳазорҳо нафар тарки ватан карданд, ки фазои нисбатан ороми ҷомеаи башариро халалдор ва рӯҳияи соири мардуми сайёраи Заминро шикаставу осебпазир намудааст.
Аз дидани манзараҳои мудҳиши қатлу ғорати инқилобгароёнаи афроди ба ном мусалмон кас ба доми андеша фурӯ меравад ва ба пурсиши «чаро?» посухе дарёфт карда наметавонад. Оё дар ягон кутуби динӣ ва ё оини инсонгароӣ сабт шудааст, ки бародар ба сари бародар танҳо ба хотири тафовуте бар мазҳабу дин теғ кашида бошад? Ин амали разилона ва бешармонаи чунин инсонҳо, ки дар зоҳир худро мусалмони комил вонамуд сохта, зери ниқоби Ислом алайҳи он фаъолият мебаранд, дар доираи ақли солим намеғунҷад. Чи хеле ки Паёмбари Худо Муҳаммад (с) фармудаанд: «Муъмин бародари муъмин аст». Аммо, ин гуфтаҳоро баъзеҳо, ки худро муъмину мусалмон меҳисобанд, дастури амал қарор надода, шаъну шарафи «инсон» буданро аз даст медиҳанд. Инсони баҳуш аз тамошои амалҳои ҷоҳилонаи чунин афрод, ки имрӯзҳо тавассути барномаҳои телевизионӣ, шабакаи интернет ва васоити ахбори омма пахш мешаванд, бетараф буда наметавонад.
Барои мо, мардуми тоҷик, саодати бузург аст, ки дар фазои озоду кишвари обод умр ба сар мебарем. Ин ҳама ба шарофати саъю талошҳои пайваставу сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гаштааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва шароити мусоиди кору зиндагӣ ҷомеаро аз сирояти чунин вирусҳои марговар ҳифз намоем.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2016    №: 75    Мутолиа карданд: 401

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед