logo

иҷтимоиёт

САИДРИЗО АЛИЗОДА. ТАҚДИР

Самарқанд дар аввали асри 20. Гузари Чорроҳа. Солиёни дароз дар яке аз ҳавлиҳои он намояндагони миллатҳои гуногун рафтуомад доштанд. Онҳоро донишу фазл, меҳмондорию забондонии соҳиби хона Мирмаъсум Ализода мафтун карда буд. Мирмаъсум аз ҳар сафараш ба онҳо хабарҳои тоза дастовез меовард.  Рӯзномаҳои «Ҳавалулматин», «Тарҷумон», «Чеҳранома»  дар нишастҳои онҳо мавриди қироату баҳс қарор мегирифт.

Мирмаъсум Косиб забонҳои арабӣ, туркӣ ва ҳиндиро медонист ва писараш Саидризо Ализодаро аз забони арабиву улуми динӣ бархӯрдор намуда, баъдан ба мактаби Абулқосими тараққипарвар медиҳад.
Пас аз соҳибмаълумот гардидан, Саидризои ҷавон дар гузари худ мактаби ҷадидия мекушояд. Чанде пас бо амри ҳукуматдорон ин мактабро (соли 1912) мебанданд. Саидризо Ализода то Инқилоби Бухоро маҷбур мешавад  дар корхонаи падараш ба бофандагӣ машғул шавад.
Исмоил Ҷаъфарзода нақл кардааст, ки боре Мирмаъсум писараш Саидризоро ба Озарбойҷон ба хонаи хеши давлатманду бомаърифаташон, яке аз роҳбарони ширкати калони нафти Боку Зайналобиддин Тағӣ бурдааст.
Саидризо бо ҳидояти Зайналобиддин Тағӣ ба омӯзиши забони фаронсавӣ машғул мешавад. Баъд аз он номи яке аз писарашро ҳамчун эҳтиром Тағӣ  ҳам мемонад.
Хонаи С. Ализода ба маҳфилгоҳи илму адаб дар Самарқанд шуҳрат пайдо карда буд ва Садриддин Айнӣ, Туғрал, Чулпон, Абдурауф Фитрат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Хоҷа Абдулазиз, Абдулқосим Лоҳутӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ ба он ҷо рафтуомад доштанд.
Баъд аз Инқилоби Октябр Саидризо Ализода муаллифи аввалин адабиёти таълимӣ ба забони тоҷикӣ мебошад  «Дабистони тоҷик» (1920), «Сарфу наҳви тоҷикӣ», «Саодатнома» (1926) аз ҷумлаи онҳоянд.
Ҳамчунин, дар соли 1926 асари Е. А. Бертелс «Мовароуннаҳр» -ро ба забонҳои тоҷикӣ, урду, фаронсавӣ, ҳиндӣ, арабӣ, туркӣ тарҷума намуда, дар шаҳри Лоҳур ба чоп мерасонад. Бо хоҳиши писараш Исмоил Қуръони Каримро ба забони фаронсавӣ тарҷума ва нашр мекунад. Ҳоло ин Қуръон дар осорхонаи Париж маҳфуз аст.
Бори охир Саидризо Ализода соли 1936 ба ҷурми забондониаш (гӯё гумоштаи империализми ҷаҳонӣ будан) гирифтори таъқиб ва шиканҷаи НКВД – и Шӯравӣ мегардад, ки дар натиҷаи он соли 1945 (дар ҳуҷҷатҳояш соли 1938 нишон дода шудааст), баъд аз маҳрумияти 8 - сола дар зиндонҳои Самарқанду Тошканду Таболск риштаи умраш дар зиндони шаҳри Владимири Русия канда мешавад.
Дар давоми 8 соли зиндонияш 400 нома ба роҳбарони давлат менависад, ки ҳамааш бе ҷавоб мондааст. Ҳамон сол писараш Исмоил Тағиро бо домодаш ҳабс карда буданд. Домодаш яке аз нависанда ва тарҷумонҳои шинохтаи замонаш Ҳасан Ирфон буд.
Баъди 32 соли марги ӯ набераҳояш дар ҷустуҷӯи қабри бобояшон то маҳбаси Владимир мерасанд. Он ҷо сардори маҳбас Ривинскийро меёбанд ва ин шахс нақл кардааст, ки дар муқоваи парвандаи Саидризо Ализода аломати хитоб гузошта буданд, ки он маънои маҳбуси хело хатарнокро нишон медод. Бо вуҷуди ин, байни Ривинский ва Саидризо алоқаи дӯстӣ барқарор мегардад.
Саидризо Ализода ба Ривинский забони яҳудиро меомӯзонад. Одатан маҳбусҳоро баъд аз ҳукми қатл дар хандақҳо якҷоя хокпӯш мекарданд. Вале Ривинский ҷасади Ализодаро алоҳида мегӯронад ва дар болои қабраш тахтасанге бо навиштаҷот мегузорад.
Ӯ то вохӯрӣ бо наберагони марҳум нигоҳубини қабрро ба зимаи худ гирифта буд.
Соли 1975 набераҳояш ҷасади бобояшон Саидризо Ализодаро ба Самарқанд оварда, ба хок месупоранд.
Ҳамон сол дар Самарқанд як кӯча ва як мактабро ба номи Саид-ризо Ализода мегузоранд.

Ҷумҳур ҶАЪФАРЗОДАИ САМАРҚАНДӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2016    №: 75    Мутолиа карданд: 721

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед