logo

иҷтимоиёт

БОХТАР. НИЁЗ БА КАДРҲОИ ТИББӢ МЕАФЗОЯД

Андешидани чораҳо ҷиҳати бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои соҳаи тандурустии мамлакат яке аз нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ мебошад.

Аз ҷумла дар Паёми имсола омадааст: «Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан дар вилояти Хатлон, нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолиаш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад».
Бохтар яке аз калонтарин ноҳияҳои  вилояти Хатлон буда, аҳолиаш ба 220 ҳазору 930 нафар мерасад.
Бино ба иттилои Маҳмадқул Туманов, сардухтури беморхонаи марказӣ, айни ҳол 66 муассисаи тиббӣ, дар хизмати беморон қарор доранд. Дар бемористонҳо 80 нафар табиби дорои маълумоти олӣ, 640 корманди миёнаи тиббӣ ва 249 нафар корманди дигар ба беморон хизмат мерасонанд. Вале норасоии кадрҳои тахассусӣ низ дар ноҳия мушоҳида мешавад.
 - Дар маҷмӯъ 50 кадри соҳиби маълумоти олӣ, аз ҷумла духтурони силшинос, қалбшинос, чашм, гӯшу гулӯ, бинӣ, сироятшинос, табиби кӯдакони навзод, рӯҳшинос ва амсоли инҳо намерасанд, - гуфт М. Туманов.
Ба андешаи мавсуф, бо зиёд шудани аҳолӣ бояд дар соҳаи тандурустӣ низ воҳидҳои иловагии корӣ таъсис дода шаванд.
Маҳз бо назардошти чунин вазъ, Роҳбари давлат ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм ва дигар сохтору мақомоти марбута супориш дод, ки барои таъсиси боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон ва то оғози соли нави таҳсил ба фаъолият шурӯъ кардани он чораҷӯӣ намоянд. Илова бар ин, ҷиҳати ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла истифодабарандагони таҷҳизоти электронии тиббӣ, чораҳои иловагӣ андешанд.
Баъди дастуру супоришҳои Сарвари давлат, дар муддати кӯтоҳ Донишгоҳи тиббии Хатлон бо 3 факултет - кори муолиҷавӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ таъсис ёфта, қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро  аз 1 апрел оғоз кард. Дар назар аст, ки имсол 350 нафар донишҷӯ дар ин муассиса ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Қабули ҳуҷҷатҳо то 1 май идома ёфта, имтиҳонҳо аз 10 то 22 май баргузор мешаванд. Ҳамчунин, барои ҷалби донишҷӯён то се сол имтиёзҳои муайян дар назар дошта шудааст.
Аз рӯйи иттилои Раҳмоналӣ Абдуллоев, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия, феълан 5 нафар донишҷӯ аз ноҳия тибқи квотаи президентӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсил доранд. Имсол, теъдоди довталабони ноҳия ба муассисаҳои олии кишвар дар маҷмӯъ 1745 нафар, аз ҷумла 638 нафар духтарро ташкил медиҳад.
Минбаъд низ мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо шуъбаи маориф ҷиҳати фароҳам овардани шароит ва ҷалби кадрҳои тиббӣ, бахусус хонондани кадрҳои маҳаллӣ, дар донишгоҳҳои тиббӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2016    №: 75    Мутолиа карданд: 925

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед