logo

сиёсат

КӢ ЧИРО ИНТИЗОР АСТ?

22 майи соли равон дар ҷумҳурӣ бо мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ баргузор мегардад. Оҳистамоҳи Вафобек, хабарнигори «Ҷумҳурият», аз андешаҳои шаҳрвандон доир ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ огоҳ шуд.

Ҷунайдулло Каримов,
сармутахассиси бахши ҷавонон,
варзиш ва сайёҳии ноҳияи Файзобод
- Албатта, ҳар як фарди баномуси Ватан барои пешрафт ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз иштирок дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ бетараф буда наметавонад. Дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, ки баъзе аз муносибатҳои ҷамъиятӣ тағйир ёфтаанд, зарурати сохтори идоракунии давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба миён омадааст, ворид намудани қисме аз тағйиру иловаҳо низ ба хотири таъмини амнияти давлат ва зиндагии орому осудаи мардуми кишвар мебошад. Масалан, тағйиру иловаҳои қисми шашуми моддаи 8, қисми якум ва сеюми моддаи 15, қисми якуми моддаи 28, қисми ҳафтуми моддаи 49 ва амсоли инҳо дар заминаи ин талаботҳо тарҳрезӣ шудаанд. Дар баробари ин, тағйироти воридшуда барои ташаккул ва ҳимояи ҳуқуқҳои мардум мусоидат мекунад, аз ҳама муҳим ҷавононро беш аз пеш ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ ҷалб месозад.

Султонбек Ҳомидов,
сокини шаҳри Душанбе
- Ҳар рӯз аз тариқи воситаҳои ахбори омма хабарҳои нохуши нооромӣ ва тазодҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷаҳонро мешунавем ва шукрона аз он мекунем, ки дар Ватани азизамон сулҳу оромӣ побарҷост. Фикр мекунам, танҳо бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ метавонем ба ҳадафҳои худ дар ҳамаи самтҳо ва баробар бо ин, дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, дастовардҳои истиқлолият ва аз ҳама муҳим устувор гардондани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани сулҳу оромӣ дар ҷомеа муваффақ шавем. Тағйироти дар қисми панҷуми моддаи 65 воридшуда бори дигар собит месозад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, хотимабахши ҷанги шаҳрвандӣ ва эҳёкунандаи таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик хизмати беназир кардааст. Умедворам, ки бо риояи талаботи қонунгузорӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус насли ҷавон, ба қадри оромӣ ва сулҳу субот дар кишвар мерасанд.

Аноргул Бахшова,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии № 51 – и шаҳри Душанбе
- Пас аз қабули Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар ин ҷода ба қоидаҳои имлои нав мутобиқ гардондани матни китоби дарсӣ аст. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар китобҳои дарсӣ баъзе иштибоҳот, номувофиқатӣ бо қоидаҳои имло ба мушоҳида мерасад. Боварӣ дорам, ки бо ворид намудани тағйирот дар қисми якуми моддаи 1, қисми чоруми моддаҳои 7, 14 ва дигар қисмҳои моддаҳои 15, 16, 18 ва амсоли инҳо бо назардошти меъёрҳои қоидаҳои забони тоҷикӣ, имло ва мавриди истифодаи калимаву ибораҳо масъулият нисбат ба бехато ва мутобиқи қоидаҳои имло нашр кардани китобҳои дарсӣ боз ҳам бештар мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2016    №: 75    Мутолиа карданд: 383

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед