logo

иқтисод

РОНАНДАҲО БО МУШКИЛОТ РӮБАРӮЯНД. ЧӢ БОЯД КАРД?

Мардуми шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯшишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри вусъати созандагӣ ва ободонии кишвар қадрдонӣ карда, аз он ки вилоят аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, ба масири калонтарини тиҷоратӣ пайвасту роҳҳои мошингарди он акнун тамоми фаслҳои сол кушодаанд, басо сипосгузоранд. Иртиботи нақлиётии мудаввом бо шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ва пайвастан ба шоҳроҳи тиҷоратӣ орзуи деринаи мардуми вилоят буд. Ин орзу танҳо дар солҳои истиқлолият дар натиҷаи сиёсати пайгиронаи Сарвари давлат ҷомаи амал пӯшид.

Аммо дар ин самт вақтҳои охир мушкилоте низ арзи вуҷуд намудааст, ки ҳалли он таваҷҷуҳ мехоҳад. Зиёда аз 2 сол мешавад, ки бештар аз 1000 нафар ронандаву таъмиргар ва хизматчиёни соҳа, ки дар ҷодаи боркашонӣ фаъолият менамуданд, қариб ки бекору аз даромадашон бенасиб мондаанд.
Сабаби асосии бекор мондани ронандаҳо он аст, ки ҳамаи намудҳои хизматрасониро дар масири тиҷоратӣ ронандаҳои нақлиёти боркашонии хориҷӣ бо ронандагони ду – се ширкати дохилии кишвар, ки нақлиёти борбари калонҳаҷм доранду аз меъёр зиёд маҳсулоти воридшударо интиқол медиҳанд, ба даст овардаанд. Онҳо молу маҳсулоти воридшударо то маркази ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе мерасонанд ва дар бозгашт моли мавриди ниёзи мардумро бор карда, ба вилоят меоранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014, рақами 535 «Ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазн ва андозаашон аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд тавассути роҳҳои истифодаи умуми Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст». Тибқи қарори мазкур истисно фақат барои таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонии аҳамияти стратегидошта (бори тақсимнашаванда) пешбинӣ шудааст. Барои тамоми намудҳои дигари нақлиёти боркашоние, ки аз меъёр зиёду бо ҳаҷми калон бор мекашонанд, интиқоли бор дар роҳи нақлиёти умумӣ манъ мебошад.
Ҳамчунин, мутобиқи Созишномаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, нақлиёти боркашонии ин кишвар маҳсулоти воридотиро бояд то терминали деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон кашонад. Аз он ҷо ба шаҳри Хоруғ ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ бор бояд тавассути нақлиёти боркаши ватанӣ интиқол дода шавад. Лекин тоҷирон баръакси ин муқаррарот нақлиёти боркаши давлати Чинро, ки аз меъёр ва стандарти давлатӣ зиёд маҳсулот мебардорад, истифода мебаранду нақлиёти боркашеро, ки ба стандарт мутобиқ шуда, сандуқи ҳаҷман хурди боркашӣ дорад, зараровар ҳисобида, қабул намекунанд. Ҳар рӯз дар шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма ба қатори нақлиёти боркаши калонҳаҷм дучор шудани ҳар яки мо ва дидани манзараи ҳузнангези аз харобкории мошинҳои калонҳаҷм дар ҳолати садамавӣ қарор доштани пулу роҳҳои мошингард далели ин гуфтаҳо мебошад. Бар замми миллионҳо сомонӣ зарари иқтисодӣ, интиқоли бори аз меъёр зиёд ва ғайристандартӣ, ҳамчунин, ба зиндагии теъдоди зиёди ронандагони ватанӣ, ки мехоҳанд дар доираи талаботи муқаррарнамудаи қонун кор кунанд, таъсири манфии худро расонда истодааст.
Солҳои пеш дар вилоят шаш муассисаи нақлиёти автомобилӣ фаъолият дошт. Муассисаҳои давлатии нақлиёти автомобилии рақами 15 ба кашондани маҳсулоти кишоварзӣ, рақами 9 ба масолеҳи сохтмонӣ, се муассисаи дигари давлатии автомобилӣ ба кашондани молу маҳсулоти мардуми Бадахшон машғул буданд. Қариб 4 ҳазор нафар сокини вилоят дар ин корхонаҳо кор ва фаъолият мекарданд. Андози давлат бошад, аз ҳисоби корхонаҳо пардохт мешуд.
Бо кушода шудани шоҳроҳи тиҷоратӣ теъдоди ронандагони нақлиёти боркашонии вилоят мебоист дучанд зиёд шуда, шароити  зиндагии мардум беҳтар мегардид. Вале ин қонунвайронкуниҳо боис шуданд, ки фаъолияти ширкатҳои хурди ватанӣ маҳдуд гардида, беш аз 50 дарсади ронандаҳои нақлиёти боркашонии вилоят ба “Тангем”- ҳо рӯ оранд.
Банда чун мутахассиси соҳа роҳи ҳалли мушкилотро дар иҷрои ҳатмии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинам. Аз ин рӯ, мехоҳам арзи моро рӯзномаи бонуфузи мамлакат - “Ҷумҳурият” ба масъулон расонад. 
Қурбонбек ШЕРАЛИЕВ,
вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2016    №: 75    Мутолиа карданд: 756

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед