logo

ҳуқуқ

ФАРЗАНДОН ДАР НИГОҲУБИНИ ВОЛИДОН МАСЪУЛАНД

22 майи соли равон дар мамлакат барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудаанд,  раъйпурсии умумихалқӣ доир мегардад. Барои дар сатҳи баланд гузарондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шудаанд.

Мо, кормандони Суди ноҳияи Шаҳритуз, тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшавандаро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ба мардум фаҳмондани мазмун, муҳтаво ва аҳамияти онҳо дар рушди устувори кишвар корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намудем.
Бояд гуфт, ки ҳамаи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда саривақтӣ буда, ҳадафи мушаххас доранд. Аз ҷумла, қисми дуюми моддаи 34 - и Конститутсия дар таҳрири зерин ифода шудааст: “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд”.   Ин пешниҳод масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон ва масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар тақвият медиҳад. Яъне, фарзанди болиғу қобили меҳнат уҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд. Дар ҳолати иҷро накардани  ин уҳдадориҳо нисбат ба фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Тағйиру иловаҳои дигаре, ки мардум аз онҳо истиқболи гарм карданд, барои интихоб ё таъйин шудан ба вазифаҳои муҳими давлатӣ танҳо доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад.  Масалан, мувофиқи тағйироти нави ба қисми дуюми моддаи 65 иловашуда,  шахсе, ки ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ мешавад, бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад (шаҳрванди дигар давлат набошад). Ин талабот аз муҳим будани мансаби Президент барои ҷомеа ва давлат, инчунин ба амнияти кишвар вобаста аст. Дар тағйиру иловаҳо, инчунин ба мисли дигар вазифаҳои муҳими давлатӣ, назири узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумат судя низ бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Зеро судя ифодакунандаи  шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, аз номи давлат фаъолият мекунад.
Ҳамин тариқ, бо боварӣ метавон гуфт, ки тағйиру иловаҳои пешбинишуда имкон медиҳанд, то меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд.
Холмурод ЗУҲУРИЁН,
раиси Суди ноҳияи Шаҳритуз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2016    №: 75    Мутолиа карданд: 395

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед