logo

иқтисод

ҶАББОР РАСУЛОВ: БУНЁДИ 25 ИНШООТИ НАВ БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

Натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар семоҳаи аввали соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта бобарор ва умедбахшанд. Нақшаҳои андози маҳалливу иҷтимоӣ пурра ва барзиёд иҷро гардида, ба ҷои  9 миллиону 141 ҳазор сомонӣ ба буҷети ноҳия 9 миллиону 501 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд.
Пардохти нафақа ва музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ сари вақт амалӣ гашт. Ҳамзамон, аз ҳисоби барзиёд таъмин шудани нақшаи андоз шароит фароҳам омад, ки  ҷиҳати ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ ва корҳои ободонии диёр тадбирҳо андешида шаванд.
- Дар ноҳия солҳои охир ба шарофати фазову муҳити мусоиди созандагӣ ва рушди соҳибкорӣ коргоҳҳои зиёди хурду миёни истеҳсолӣ, коркард ва хизматрасонӣ бунёд гардида, корҳои ободонӣ вусъат гирифтааст. Биноҳои замонавии аз лиҳози тарҳу ороиш зебо қомат бардошта, ба маркази шаҳраки Пролетар ҳусн мебахшанд. Бахусус дар ин рӯзҳои баҳорӣ аз дидани ниҳолҳои зиёди сояафкану гулҳои ороишии канори роҳу пайраҳаҳо дилҳо ба фараҳ меоянд, - мегӯяд Комилҷон Салимзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия.
Бино ба иттилои мавсуф ҷиҳати истиқболи арзандаи Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон то 9 сентябр дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия 25 иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз қабили  корхонаҳои хурди коркарду истеҳсолии қаннодиву равғанбарорӣ ва истеҳсоли хишт, мактаб, кӯдакистон, маркази саломатӣ,  бунгоҳи тиббиву нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ ва биноҳои истиқоматӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, кӯчаю гулгаштҳо сарсабзу гулкорӣ хоҳанд шуд.
Имсол соҳибкорони маҳаллӣ иқдом намуданд, ки 10 километр роҳҳои дохили шаҳракро тибқи меъёрҳои замони муосир пурра мумфарш созанд. Ба ин хотир, аллакай аз Русия зиёда аз 500 тонна мазут хариданд. Ҳоло марҳилаи аввали таъмири роҳҳо шурӯъ шудааст.
- Тасмим гирифтаем, ки то рӯзи ҷашн ҳамаи хатҳои обгузари маркази ноҳияро бо лӯлаҳои замонавӣ иваз карда, мушкилии сокинони  маҳаллаҳоро осон намоем,- мегӯяд Шаҳноза Расулзода, раиси Ҷамоати шаҳраки Пролетар. - То имрӯз дар канори кӯчаҳои марказӣ зиёда аз 7 ҳазор бех ниҳоли арчаву сӯзанбарги ҳамешабз шинонидем ва акнун навбати кӯчати гулҳои мавсимӣ фаро расид. 
Ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Бозорбой Ғолибов қобили таҳсин аст. Ӯ ният дорад,  ки Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатиро бо  сохта ба истифода додани коргоҳҳои дӯзандагӣ,  синфхонаҳои таълимии ронандагӣ,  нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ ва маркази ташхисию солимгардонӣ истиқбол гирад. Барои бунёди иншооти мазкур зиёда аз 1 миллиону 80 ҳазор сомонӣ маблағ сарф хоҳад шуд. Бунёди ин иншооти имкон медиҳад, ки даҳҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шаванд.
Дар ободонию рушди ноҳия саҳми бонувони соҳибкор низ кам нест.  Умеда Ахмедова - аз Ҷамоати деҳоти Деҳмой, Гулойим Одинаева - аз Ҷамоати деҳоти Сомониён, Манзура Юсуфова – аз Ҷамоати шаҳраки Пролетар бо бунёди  марказҳои тиҷоратӣ, боғчаи бачагона, мактаб-гимназия, маркази ташхисию табобатӣ, коргоҳи истеҳсоли хишт ва сохтмони хобгоҳи оилавӣ мехоҳанд дар таҷлили сазовори ҷашни миллӣ саҳми муносиб гузоранд.

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2016    №: 76    Мутолиа карданд: 506

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед