logo

ҳуқуқ

МАРЗБОНӢ. ҲАМГИРОӢ ДАР ҲИФЗИ ОРОМИИ МИНТАҚА

Дар зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳашт маротиба даргирии мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» Муҳаммад Улуғхоҷаев, масъули Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар дод. Бино ба гуфтаи ӯ, дар марз бо Афғонистон шаш маротиба убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ, 10 нафар қочоқчӣ дастгир ва 5 нафар сарҳадшикан нобуд карда шуд. Дар ин давра хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ тақрибан 300 килограмм маводи нашъаоварро мусодира ва дар маҷмӯъ 54 ҳодисаи вайрон кардани сарҳади давлатиро пешгирӣ намуданд. Инчунин, марзбонони кишвар дар ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 17 амалиёти вижа гузаронда, 12 адад силоҳи оташфишон ва лавозимоти зиёди ҷангиро мусодира карданд.
Ин дар ҳолест, ки ба масоили таҳкими сарҳадот, бахусус марзи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили минтақаи Осиёи Марказӣ бо назардошти хатарҳои эҳтимолӣ аз қаламрави Афғонистон, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Аз ҷумла, ин мавзӯъ дар ҷаласаи 73 - юми Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайатҳои 10 хадамоти сарҳадӣ доир гардида буд, баррасӣ шуд. Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ  дар ҳамоиш перомуни таҳкими ҳифзи сарҳадот ва ҳамоҳангии бештари кишварҳои узв дар мубориза бо гурӯҳҳои марзшикан гуфтугӯҳои судманд анҷом дода, дар робита ба ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон, тавсеаи гурӯҳҳои ифротию ҷангҷӯ дар минтақа, итминон доданд, ки алайҳи хатарҳои эҳтимолӣ иқдом намуда, субот дар минтақаро ҳифз хоҳанд кард.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ворид шудани гурӯҳҳои тундрави мусаллаҳ ба бархе аз минтақаҳои Афғонистон, ки бо кишвари мо ҳаммарзанд, изҳори нигаронӣ карда буд. Зимнан, Александр Манилов, муовини сардори Шӯрои марзбонии кишварҳои ИДМ таъкид намуд, ки ҳоло марзбонони Тоҷикистон аз зарфиятҳои хуби сарҳадбонӣ бархӯрдоранд, вале ба таҷҳизоти фаннӣ ва бунёди дидбонгоҳҳои наву муосир ниёз доранд, ки оид ба ин масъала тадбирҳои судманд ба роҳ монда шудааст.
Гузашта аз ин, дар ҳоле ки матбуоти Русия тавонмандии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҷилавгирӣ аз бурузи нооромиҳо, бахусус қудрати ҳифозат аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро зери суол мебаранд, Николай Бордюжа, котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), оид ба ин масъала назари дигар дорад. Ӯ дар як нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони рус марзи Тоҷикистонро устувор арзёбӣ карда, дар гузашта низ гуфта буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи марз бо Афғонистон дорои иқтидори кофӣ аст. Ба таъкиди Николай Бордюжа низ марзбонони тоҷик танҳо ба таҷҳизоти техникии низомӣ ниёз доранд, ки интизор меравад бар асоси тааҳҳудоти ҳосилшуда миёни кишварҳои узви ин созмон дар ин самт ба неруҳои сарҳадии Тоҷикистон ёрӣ расонда шавад. Зеро оид ба расондани ёриҳои техникии низомӣ ба марзбонони тоҷик қаблан қарори вижаи Шӯрои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ қабул шуда буд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2016    №: 76    Мутолиа карданд: 488

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед