logo

ҳуқуқ

“ВОСЕЪ. ЧАРО АМРИ ПРОКУРОР ДАР КОҒАЗ МОНД?”

Прокуратураи ноҳияи Восеъ мақолаи рӯзноманигор Ёқуби Содиқ “Восеъ. Чаро амри прокурор дар коғаз монд?”- ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», № 37,  23 феврали  соли 2016 ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян карда шуд, ки Исмоилов Эмомалӣ Тешаевич дар шаҳраки Восеъ, кӯчаи И. Сомонӣ, дар масоҳати 0,037 гектар қитъаи заминро ғайриқонунӣ бе сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ишғол карда, бар хилофи қоидаҳои фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ дар 48 метри мурабаъ анҷомхона ва ҳаммом сохтааст. Инчунин, мағозаи хусусиашро, ки дар кӯчаи И. Сомонӣ воқеъ мебошад, ғайримақсаднок – чун хонаи истиқоматӣ истифода мебарад.
Аз ин рӯ,  баъди санҷиш нисбат ба Исмоилов Эмомалӣ Тешаевич бо моддаи 148 ва 409-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, дар таърихи 2 ноябри соли 2015 дар бораи ба ҳолати аввала баргардондани майдони 0,037 гектар замини худсарона ишғолнамудаи шаҳрванд Э. Т. Исмоилов ва мувофиқи мақсад истифода бурдани мағозаи молҳои варзишӣ амр дода шуда буд. Нусхаи амр оид ба баргардондани қитъаи замини ғайриқонунӣ ишғолшуда ба раиси комиссияи ноҳиявӣ ирсол гашта бошад ҳам, раиси комиссияи ноҳиявӣ Н. С. Муъминов иҷрои воқеии амрро таъмин накардааст.
26 феврали соли 2016 нисбат ба Н. С. Муъминов бо моддаи 663-и  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ирсол гашта, ба ӯ ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шудааст.
Ҳамзамон, ба маълумоти идораи рӯзномаи  “Ҷумҳурият” расонда мешавад, ки дар асоси санади комиссияи ноҳиявӣ оид ба баргардондани қитъаи замини худсарона ва ғайриқонунӣ ишғолкарда аз 6 апрели соли 2016 он қитъа ба ҳолати аввала баргардонда шуд.

Пӯлодӣ Умед ТЕМУР,
прокурори ноҳияи Восеъ, мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2016    №: 76    Мутолиа карданд: 421

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед