logo

ҳуқуқ

“ДУ ҲУҶҶАТ БАРОИ ЯК ҚИТЪАИ ЗАМИН”

Прокуратураи ВМКБ мақолаи сокини шаҳри Хоруғ Саидмир Саидметаров “Ду ҳуҷҷат барои як қитъаи замин” – ро, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” 5 феврали соли 2016 ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ ва санҷиш қарор дод.

Муаллиф навиштааст, ки дар ихтиёри худ қитъаи замин дар масоҳати 11 метри квадратӣ дошта, дар ин хусус дар шаҳодатномаи техникии манзили истиқоматӣ қайд гардидааст. Вале ҳамсояаш Қуботбеков Н., ки корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, аз соли 2006 бо роҳҳои ба ӯ номаълум қитъаи заминро ба тасарруфи худ даровардааст ва муроҷиатҳои ӯ аз ҷониби раиси шаҳри Хоруғ, кумитаи идораи замин  ва прокуратураи шаҳри Хоруғ қонеъ карда нашудаанд.
Муайян гардид, ки сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Айнӣ 30, хонаи 11 Саидмир Саидметаров 15 августи соли 2014 бо ариза ба прокуратураи шаҳри Хоруғ муроҷиат намуда, дар он қайд кардааст, ки дар назди хонааш қитъаи заминро ба масоҳати 11 метри мураббаъ аз соли 1985 истифода мебурд. Соли 2006 ҳамсояаш Наҷмиддин Қуботбеков, ки корманди мақомоти корҳои дохилии вилоят мебошад, дар асоси ҳуҷҷати қалбакӣ ин қитъаи заминро забт намуда, мавриди истифодабарӣ қарор додааст.
Санҷиши ариза собит намуд, ки қитъаи замини зикргардида аз ҷониби С. Саидметаров бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи  ҳуқуқи истифодабарии замин истифода бурда мешуд, баръакс, он бо қарори раиси шаҳри Хоруғ (№ 489 аз 11 августи соли 2006) барои истифодабарӣ ба Н. Қуботбеков ҷудо гардида, ба ӯ сертификати ҳуқуқи  истифодаи замин  (№ 0144399 аз 7 ноябри соли 2006) дода шудааст.
Аз натиҷаи санҷиши ариза 28 августи соли 2014 ба аризадиҳанда ҷавоб ирсол гардидааст.
Ҳамин тариқ, муайян карда шуд, ки ба як қитъаи замин ду ҳуҷҷат дода нашудааст ва Саидметаров С. барои истифодабарии ин қитъаи замин асос надорад.

Д. А. АСОЗОДА,
прокурори ВМКБ, мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2016    №: 76    Мутолиа карданд: 552

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед