logo

иқтисод

Д. Гулмаҳмадзода: «БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД АЗ ЗАРФИЯТҲОИ ВИЛОЯТ ИСТИФОДАИ ПУРСАМАР МЕБОЯД»

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, дар ҷаласаи ҷамъбастӣ натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии  семоҳаи якуми соли 2016 иброз дошт, ки даромади буҷет нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,2 миллион сомонӣ афзуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз як миллиарду 59 миллион сомониро ташкил дода бошад ҳам, барои рушди бештари иқтисоди минтақа аз зарфиятҳои дигари вилоят бояд пурсамар истифода кард.
Дар ҷаласа, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гашт, Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилоят оид ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, гуфт, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии вилоят 6,6 дарсад ё ба андозаи 283 миллион сомонӣ афзуда, ба ҳар сари аҳолӣ 639 сомонӣ рост меояд.
- Бақияпулии андоз дар вилоят ба 1 марти соли равон 150 миллион сомониро ташкил дода, назар ба аввали сол 0,8 миллион сомонӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, ин нишондиҳанда ҳанӯз моро қонеъ намекунад, - зикр кард ӯ.
Муовини раиси вилоят ҳамчунин иброз дошт, ки гардиши савдои хориҷии вилоят дар семоҳаи аввали сол беш аз 20 дарсад зиёд гашта, қариб 70 миллион доллари ИМА - ро ташкил дод.
Моҳҳои январ-март дар вилоят зиёда аз 16 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Дар шаҳру навоҳии Хатлон 63 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ барпо гардида, 1325 нафар соҳиби кори доимӣ шуд. Раҷабалӣ Раҷабов хабар дод, ки музди миёнаи ҳармоҳаи кор дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба 653 сомонӣ расид.
Дар ҷаласа яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ истифодаи оқилонаи неруи барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи он буд. Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ишора ба беҳ шудани вазъи таъминоти мардум бо барқ, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки танҳо 60 дарсади маблағи ҳаққи истифодаи барқ ҷамъоварӣ шудаасту халос. Роҳбари вилоят ба масъулони тамоми шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки бо мардум иртиботи зич дошта, аҳамияти ҷамъоварии ҳаққи истифодаи барқро шарҳ диҳанд, зеро беҳсозии таъминоти аҳолӣ бо барқ ба пардохти саривақтии маблағи истифодаи он марбут аст. Гуфта шуд, ки аҳолӣ барои истифодаи барқ ба маблағи 180 миллион сомонӣ қарздор аст.
Зикр гашт, ки тайи се моҳ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ 81,1 км роҳ сангфарш ва 3 пул таъмиру бозсозӣ гардид. Нақшаи даъвати ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳри Сарбанд ва ноҳияҳои Носири Хусраву Балҷувон пеш аз муҳлат иҷро шуда, шаҳри Қӯрғонтеппа дар ояндаи наздик аз иҷрои нақша хабар хоҳад дод.
Раиси вилоят гуфт, ки имсол бояд дар майдони 120 ҳазор гектар пунбадона кишт шавад, аммо то имрӯз ҳамагӣ дар 90 ҳазор гектар кишт шудааст ва зарурати иҷрои босифати ин дурнаморо таъкид кард.  Ҳамчунин, зикр кард, ки имсол бунёди 83 корхонаи истеҳсолӣ дар назар аст. Вале дар баъзе ноҳияҳо вазъи иҷрои ин нақша ғайриқаноатбахш буда, то имрӯз ҳамагӣ 7 корхона бо фароҳамории 34 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар анҷоми ҷаласа аз масъулон даъват кард, ки дар корҳои ободонию созандагӣ ибтикори бештар нишон дода, ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи шоиста аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Н. МАЪМУРЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2016    №: 76    Мутолиа карданд: 500

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед