logo

иқтисод

КООПЕРАТИВҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР РУШДИ МАМЛАКАТ НАҚШИ МУҲИМ МЕБОЗАНД

Бо мақсади тақвияти пойгоҳи моддию техникии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи кооперативҳо» қабул гардид, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои ихтиёран муттаҳидшавии хоҷагиҳои хурд ба кооперативҳо ва рушди онҳо мебошад.

Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» иброз дошт, ки тибқи маълумоти оморӣ теъдоди кооперативҳои истеҳсолӣ  тамоюли камшавӣ дорад. Зеро уҳдадории андозии хоҷагиҳои деҳқонӣ аз кооперативҳо то 8,5 маротиба  кам аст. Аз ин рӯ, аксари истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ  шакли ҳуқуқии «Кооперативҳои истеҳсолӣ» – ро қатъ ва шакли ҳуқуқии «Хоҷагии деҳқонӣ» - ро интихоб  менамоянд. Ба мақсади ба вуҷуд овардани имконияти рушди молиявию техникӣ ва ҳавасманд  намудани хоҷагиҳо барои муттаҳидшавӣ зарур аст, ки андозбандии коопертивҳои истеҳсолӣ ба андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ баробар карда шавад. Таҷрибаи пешқадами давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки кооперативи дар натиҷаи муттаҳидшавии хоҷагиҳои хурди  деҳқонӣ таъсисёфта  дорои корхонаҳо буда, таъмини хоҷагиҳоро бо воситаҳои истеҳсолӣ ба уҳда дорад. Вазири кишоварзӣ гуфт, ки дар раванди татбиқи барнома дар соли 2015 аз ҷониби вазорат барномаҳои рушди чарогоҳҳо, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, рушди боғу токпарварӣ, инчунин оид ба муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба идоракунӣ ва истифодаи чарогоҳҳо тарҳрезӣ гардида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Дар се моҳи соли ҷорӣ лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барномаҳои рушди соҳаҳои моҳипарварӣ, парандапарварӣ, қутоспарварӣ, тухмипарварӣ, муҳофизати интегратсионии зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор аз зараррасону касалиҳо ва дар бораи Низомномаи мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва саломатии аҳолӣ омода гардида, айни замон дар мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.
Назар ба гуфтаи Рустам Латифзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, барои татбиқи барномаи рушди кишоварзӣ ҷиҳати таъмини бехатарии озуқаворӣ дар солҳои 2012-2015 аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ 73,8 миллион сомонӣ равона ва барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва ислоҳоти кишоварзӣ тибқи Буҷети давлатӣ дар соли 2016 - ум 18,7 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Соли 2015 ҳаҷми қарзҳои тибқи низоми нав ба соҳаи кишоварзӣ додашуда 29,6 дарсад коҳиш ёфта, ҳамагӣ 8,2 дарсад аз ҳаҷми умумии қарзҳои  ба иқтисодиёти мамлакат аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҷудошударо ташкил намуд. Ҳол он ки талабот ба қарз 1,8 миллиард сомонист. Фоизи баланди қарзҳо аз 22 то 36 дарсад ва хусусияти кӯтоҳмуҳлат будани онҳо ба ҳавасмандии хоҷагиҳои деҳқонӣ  мусоидат намекунад. Беш аз 94 дарсади маблағгузорӣ дар соҳа аз ҳисоби худи хоҷагиҳои кишоварзист. Мавсуф тазаккур дод, ки механизми молиявию иқтисодии ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои тухмипарварию зотпарварӣ, ба мақсади баланд бардоштани мавқеи онҳо дар таъминоти соҳаи кишоварзии мамлакат бо тухмиҳои серҳосил ва зотҳои сермаҳсули чорвою паранда, ҷорӣ намудани низоми муосири омӯзиш барои роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисоси кишоварзӣ барои мутахассисони соҳа, беҳтар намудани дастрасӣ ба хӯроки чорво ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои захираи меваю сабзавот зарур аст.
Чуноне ки таҷрибаи пешқадами давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, муттаҳидшавии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ,  таъсиси кооперативҳо ва ширкатҳои саҳомӣ  ба рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунанд.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2016    №: 76    Мутолиа карданд: 450

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед