logo

фарҳанг

ШАМСИДДИНИ ШОҲИН

НОМИ НЕК ШАРОФАТ ДОРАД
Дар муддати 25 соли Истиқлолияти Тоҷикистон як қатор номҳои ҷуғрофии мавзеъҳои гуногуни ҷумҳурӣ тағйир пазируфтанд ва дар ибтидои ин соли муборак (соли 2016) ноҳияи Шӯрообод низ тағйири ном кард. Шояд, баъзеҳо дар ин андешаанд, ки Шамсиддини Шоҳин ба ин минтақаи мамлакат чӣ муносибат дорад? Аввалан, Шамсиддини Шоҳин чун намояндаи барҷастаи адабиёти нимаи дувуми асри ХХ тоҷик дар қатори Аҳмади Дониш, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Абулқодирхоҷаи Савдо, Назруллоҳи Лутфӣ, Муҳаммад Зарири Ҷӯйборӣ ва дигарон анъанаи адабиёти классикии тоҷикро дар сатҳи баланд идома дода, дар айни ҳол вобаста ба талаботи давр дар пешбурди ғояҳои маърифатпарварии ин адабиёт саҳми муносиб гузоштааст ва чи хуш аст, ки як ноҳияи ҷумҳурии мо номи ӯро дошта бошад.

Ғайр аз ин, Шамсиддини Шоҳин ҳарчанд, ки худ зодаи шаҳри Бухоро мебошад, вале падару бобоҳои шоир зода ва парвардаи минтақаи Кӯлоб будаанд ва ҳоло, ки дар макони фавти шоир ҳатто ҷойи мазораш маълум нест, як ноҳияро ба номи ӯ мондану ба ин восита рӯҳашро шод кардани ҳамдиёрон айни муддаост. Кӣ медонад, шояд, рӯзе мерасад, ки аз қабристони Поччо Халили шаҳри Қаршӣ (агар ҷойи ин қабристон тамоман аз байн нарафта бошад) мушти хоке меорему дар диёри Шоҳин мазори рамзии ӯро барпо мекунем. Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Табрез, аз мазори Камоли Хуҷандӣ, мушти хок оварданд ва ба ин васила дар Хуҷанд мақбараи рамзии шоир бунёд гардид, ки он ҳоло ба макони зиёрати хосу оми наздику дур табдил ёфтааст.
Оре, Шамсиддини Шоҳин бо вуҷуди умри кӯтоҳ дидан (дар синни 35-36-солагӣ вафот кардааст) аз худ мероси бою арзанда боқӣ гузошта,  ҳанӯз айёми дар қайди ҳаёт буданаш чун шоири ҳунарманд ва навовару нотакрор шуҳратёр гардидааст. Афзалмахдуми Пирмастӣ дар «Афзал-ут-тазкор» ба Шоҳин чунин баҳо медиҳад: «Манбаъ-ул-аҷоиби бадеъгуфторӣ, мазҳар-ул-ғароиби балоғатшиорӣ Мулло Муҳаммад Шамсиддинмахдум бухорист, ки фазлу камолро ба ниҳоят расонида ва сити (овозаи) шуҳрати худро дар ақтор (канораҳо) чун нақш дар хотам нишонида».
Ё худ адабиётшиносу тазкиранавис Шарифҷонмахдуми Садри Зиё Шамсиддини Шоҳинро дар қатори Фирдавсиву Анвариву Саъдӣ чорумин пайғамбари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ  номидааст:
Назираш набошад ба рӯи замин,
Зи пайғамбари шоирон чорумин.
Нақибхони Туғрали Аҳрорӣ устод ва мавлои хеш - Шамсиддини Шоҳинро чунин васф менамояд:
Он к-ӯ ба камол шамси дин аст,
Бо хотами илм ӯ нигин аст.
Ганҷури дури ҳадиси рангин,
Дар авҷи ғазалсароӣ Шоҳин.
Як зарра зи илми ӯ битобад,
Олам ҳама з-ӯ фурӯғ ёбад.
Баҳрест дилаш, ки илм обаш,
Нуҳ тӯи фалак яке ҳубобаш.
Устоди ману муаллими даҳр,
Мақбули ҷаҳону шуҳрати шаҳр.

Шамсиддини Шоҳин соли 1859 дар шаҳри Бухоро дар хонадони  Мулло Амони кӯлобӣ ба дунё омадааст. Мулло Амон дар замони ҳукмронии Амир Ҳайдар (1800-1826) барои таҳсили илм аввал ба Самарқанд меравад, он ҷо ду сол таҳсил мекунад ва баъд ба Бухоро рафта, муқимӣ мешавад. Шоир дар «Туҳфаи дӯстон» аз номи падар меорад:
Дар он дам, ки бастам ба харлоша зин,
Ба азми Бухоро зи Хатлонзамин.
Нахустин Самарқанд шуд манзилам,
В - аз он манзили тоза хуш шуд дилам…

Мулло Амон истеъдоди фавқулодаи писарашро эҳсос карда, баробари таҳсил дар мактаб ба таълиму тарбияи ӯ худ низ ҷиддан машғул мешавад ва айёми бачагӣ нури чашмашро ба зодгоҳи худ – кӯҳистони Кӯлоб мебарад, то ба хешовандон ва табиати нотакрори он диёр ошно шавад. Мутаассифона, ҳанӯз ҳангоми мактабхонии фарзанд падари пир дар синни 87 - солагӣ аз олам мегузарад ва Шамсиддини ноком баъди оворагардиҳои зиёд, ба тарбияи шоир ва олими равшанзамир Муҳаммадтоҳирхоҷаи Зарири Ҷӯйборӣ медарояд. Шамсиддин ба сарпарастӣ ва дастгирии моддиву маънавии ин марди нобинои шарифу фақирпарвар донишу маърифати хешро такмил дода, ба мадраса дохил мешавад ва дар муддати муайян илмҳои маълум ва машҳури замонашро аз худ карда, ҳатто ҳангоми мадрасахонӣ боз ба шогирдон дарс ҳам мегӯяд.
Шамсиддини Шоҳин баъди хатми мадраса аллакай бо истеъдоди фитрӣ, ҳунари волои шоирӣ ва илму фазилати беҳамтои худ дар  байни хосу оми Бухоро шуҳратёр гардида буд. Ба гуфтаи адабиётшинос Абдуҷаббор Раҳмонзода: «Шоҳин дарвоқеъ аз илмҳои фиқҳ, мантиқ, ҳикмат, тасаввуф, каломи бадеъ, илми маонӣ, сарфу наҳв ва ғайраҳо воқиф буд… Ба ғайр аз ин, шоир илми хаттотиро низ азбар карда ва ҳусни хати хубе ҳам доштааст». 
Шуҳрати оламгири Шоҳин буд, ки тахминан соли 1889, ба хизмати надимии амир Абдулаҳадхон даъват мешавад. Вале шароити нобоби зиндагӣ дар дарбор, ҳамроҳӣ дар сафарҳои пай дар пай ва дуру дарози амир ва махсусан дасисабозии ҳасудону нотавонбинони дарборӣ боиси ҷисману рӯҳан харобу хаста шудани шоир мегардад ва ӯ оқибат ба бемории сил гирифтор мешавад. Амир бошад,  қасдан шоири беморро  дар ҳар сафар бо худ гирифта, ӯро зиёда ранҷу заҳмат медиҳад.  Шамсиддини Шоҳин соли 1894  дар яке аз сафарҳои амир дар Шаҳрисабз аз по меафтад ва дар ҳамин ҳолати вазнин маҷбур мешавад, ки бо амир ба Қаршӣ сафар кунад ва дар Қаршӣ аз олам мегузарад.
Марги Шамсиддини Шоҳин барои аҳли фарҳангу мухлисонаш ва умуман адабиёти асри ХIХ тоҷик талафоти бузург буд, ки ин ҳолатро алалхусус аз марсияҳои зиёди ба сӯгвории марҳум бахшида мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла, бунёдгузори адабиёти маорифпарварии тоҷик Аҳмадмахдуми Дониш ба ин муносибат марсияи пурсӯзе сурудааст, ки чанд байташ ин аст:
Базми имконро, ки нақшест бар рӯи сароб,
Нест қоим талхию ширинии нуқлу маяш.
Дӣ яке аз аҳли маънӣ чашм пӯшид аз ҷаҳон,
Раст аз фақру ғинову садди «шай - ул - лошайаш».
Хост баъд аз вай намонад расми шеър андар ҷаҳон,
Шамсиддинмахдум бирафту шеър афтод аз паяш.

Шамсиддини Шоҳин аз худ мероси адабии бою арзишманд боқӣ гузоштааст ва ғайр аз ғазал, қасида, мухаммас, мусаддас, рубоӣ, тарҷеъбанд, фард, достони «Лайлию Маҷнун» ва маснавии «Туҳфаи дӯстон», ки миқдори байтҳои онҳо ба 6250 мерасад, боз асари насрие бо номи «Бадоеъ-ус-саноеъ» таълиф кардааст.
 Шоҳин дар адабиёти тоҷик, пеш аз ҳама, чун шоири ғазалсаро ба назар мерасад ва ба гуфтаи яке аз тазкиранависони давр Мирсиддиқи Ҳашмат, Шоҳин «дар ғазал ду навъи такаллум: навъе ба табъи бедилӣ ва навъе ба равияи мухтареи худ , ки ин ҷо аввал татаббӯи бедилӣ… марқум мегардад, сониян ихтирои ғазалиёташ сабт мешавад». Шоҳин аввал дар пайравии суханварони бузурги пешин чун Саъдӣ, Амир Хусрав, Ҳофизи Шерозӣ ва Мирзо Бедил эҷод карда, минбаъд сабку услуби хосаи худро пайдо мекунад.
Андешаҳои танқидӣ ва маърифатпарварии Шоҳин махсусан дар асари насрии адиб – «Бадоеъ - ус - саноеъ» инкишоф меёбад. Ин асар ҳам аз лиҳози мундариҷа ва ҳам аз ҷиҳати шаклу услуб навоварона буда, масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва фалсафиро дар бар гирифтааст. Ҳаҷми асар ҳамагӣ 1, 2 ҷузъи чопӣ мебошад ва афкори адиб аксаран тавассути рамзу киноя баён гардидааст. Аксари ҷумла ва таркибҳо дорои мазмунҳои зоҳириву ботинӣ буда, хонандаи маънирасро ба андеша водор мекунанд.
Шамсиддин ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ номи парандаи соҳибчанголи шикорӣ – шоҳинро ба худ тахаллус интихоб мекунад ва дар маснавии «Туҳфаи дӯстон» сабаби интихобашро ба хоббинӣ алоқаманд менамояд. Гӯё дар бачагӣ, вақте ки сарро дар зонуи модар гузошта хоб меравад, худро дар боғе мебинад, ки зери як дарахт мардум ҷамъ омадаанд, болои дарахт парандае нишастааст, ҳама ба тарафи паранда даст дароз мекунанд, вале мурғ аз ҷой намеҷунбад. Чун Шамсиддин ба сӯйи мурғ даст дароз мекунад, мурғ сайди ӯ мегардад.  Дигарон: «Муборак бод! Ту Шоҳин ҳастӣ ва мурғи табъи Саъдӣ ба ту сайд шуд», -- гуфта Шамсиддинро табрик мекунанд. Мо низ сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро ба ин номи муборак табрик мегӯем ва бовар дорем, ки як гӯшаи зебоманзари диёри азизамон бо шарофати ин исми шариф боз ҳам ободу зеботар мегардад.
Аламхон КӮЧАРОВ,
профессори ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2016    №: 76    Мутолиа карданд: 663

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед