сиёсат
ИҚДОМИ НАВ
Яке аз масъалаҳои муҳими раванди омодагиҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ ин сари вақт ва тибқи талаботи қонун талқин намудани аҳамияти ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба он дар байни шаҳрвандон мебошад.
- Дар натиҷаи ҳамкории судманди Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» бори аввал навори кӯтоҳмуддати «Участкаи намунавӣ» (аз 3 то 5 дақиқа) сабт шуд ва шурӯъ аз 18 апрел то 20-уми май ҳамарӯза пахш мегардад. Ин навор имкон медиҳад, ки нафарони бори аввал дар раъйпурсӣ иштироккунанда тарзу усули раъйдиҳиро омӯзанд ва пешакӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ омода шаванд, - изҳор дошт раиси Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии умумихалқии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, - Комил Шарифов.
Дар семинарҳои омӯзишӣ, ки аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ иштирок мекунанд, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои барӯйхатгирии раъйдиҳандагон, сари вақт ба онҳо расондани хабарнома дар бораи рӯз, вақт ва ҷойи раъйдиҳӣ, таъмини комиссияҳои раъйпурсӣ бо бюллетенҳо, ташкили дуруст ва бонизоми раъйдиҳӣ, ҷамъбасти он, риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ дар рӯзи раъйпурсӣ диққати асосӣ дода мешавад. Масъалаи баланд бардоштани малакаи касбӣ ва дониши ҳуқуқии аъзои комиссияҳои поёнии раъйпурсӣ зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Комиссияи ҳавзавии интихобот ва раъйпурсӣ қарор дорад.
Бояд мунтазам тавассути воситаҳои ахбори омма, барномаҳои телевизион, радио ва семинарҳои омӯзишӣ ба самъи шаҳрвандон расонем, ки ба дуруст пур кардани бюллетен аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Агар раъйдиҳанда тарафдори тағйиру иловаҳо бошад, калимаи «не»-ро хат мезанад. Дар ин ҳолат калимаи «ҳа» хат зада намешавад ва ин маънои онро дорад, ки шаҳрванд ба тарафдории масъалаи дар раъйпурсӣ гузошташуда овоз додааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.04.2016 №: 76 Мутолиа карданд: 497