logo

сиёсат

ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ ДАР СУДҲОИ КИШВАР

18 апрел бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Садирзода Нусратулло Абдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси суди шаҳри Душанбе озод карда шуд. Гиёзода Исмон Қурбон раиси суди шаҳри Душанбе таъйин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод гашт.

Саидзода Гулбону Исуф раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъйин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Душанбе озод карда шуд.
Ваколати раиси суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саидраим Абдураҳим бинобар вафоташ қатъ гашт.
Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод карда шуд.
Дар робита ба тағйироти кадрӣ дар мақомоти судӣ оид ба бозхонд ва интихоб ба вазифаҳои муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зикриё ва Давлатзода Садриддин Хол муовинони раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гаштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2016    №: 76    Мутолиа карданд: 436

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед